Баррасии рамзҳои наврўзи тоҷикон
Чоп шуд: 17/03/2017Орзуву омоли мардум на танҳо ба тарзи шифоҳӣ бо хондани суруду таронаҳо ва рубоиҳо, балки тавассути иҷрои амалҳои суннатӣ, расму ойинҳо ва инчунин дар сурати ашё, ҷонварон, меваю ғизоҳо, рангҳо, аносири табиат ва амсоли инҳо дар шакли рамз ё намодҳо низ баён мегарданд. Ҳар як ҷашну маросими тоҷикон моломоли рамзу маъниҳои нуҳуфта, розҳои таърихӣ, унсурҳои асотири бостонӣ ва мазмунҳои печидаи ҳаётӣ мебошанд.
Рамз як навъ баёни иҷтимоӣ маҳсуб аст, ки дар шаклҳои лафзӣ, хаттӣ, тасвирӣ, иҷроӣ