фарҳангшиносӣ

Мақоми Ҳамадонӣ дар густариши илму фарҳанги Хатлонзамин

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз бузургтарин орифони асри XIV Машриқзамин буда, осори ў дар ҳаёти маънавии халқҳои Осиё ва Шарқи Наздик, бавижа Ҳинду Покистон дар мураввиҷи ислом ва иршоди фарҳанг то имрўз мақоми арзандае дорад. Мир Сайид Алии Ҳамадониро чун орифи тавоно, шоири баркамол, инсонпарвари беҳамто, чун олим ва файласуфи дақиқназару хирадманди беназир на танҳо дар мамолики Осиё ва Шарқи Наздик шинохтаанд, балки мардуми шарифи Тоҷикистон, бавижа хиттаи Хатлон мавсуфро чун пири раҳнамо эътироф кардаанд.

Арзишҳои фарҳанги миллиро чӣ гуна бояд таблиғ кард?

Роҷеъ ба истилоҳи фарҳанг шарҳу тафсир ва навиштаву асарҳои бешуморе вуҷуд доранд, ки рисолати онро аз равзанаҳои мухталиф шарҳ медиҳанд. Ин истилоҳро дар доираи як ифодаи маҳдуд баён кардан мушкил аст. Дар китоби «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ин истилоҳ чунин шарҳ ёфтааст: «Маҷмӯи дастовардҳои инсоният дар соҳаи муносибатҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ ва ахлоқӣ; маданият…» [2, C.406]. Дар ин пажӯҳиш ин маънӣ муайянкунандаи самти андешаи мо қарор гирифтааст.
Шарҳи мазкур маҷмӯи талошу ҷустуҷӯҳои инсониятро дар партави калимаи фарҳанг

Ба кўҳ овози хуш деҳ, то хуш ояд

Муҳтавои ин китоб ҳамин як мисраъ аст. Яъне, сухан ҳар гоҳ “аз сари андеша ояд” ва ҳарфу ҳиҷо ба муроди дили инсон бошад, посух чунин хоҳад буд.
Аммо сухан гуфтан ин худ санъат аст. Як маъноро метавон ба гунаҳои гуногун ифода кард, ки гоҳ хашин ба гӯш расад ва гоҳи дигар форам. Ин аз маҳорати гӯяндаи он вобаста аст, ки хабарро чӣ гуна мерасонад.

Заҳмате, ки олими суханшинос Қурбон Хоҷаев кашидааст, арзиши воло дорад. Дар як китоб талош кардааст маҳорати сухан гуфтан ва сухан шунидану

Тақвими ҷалолӣ, яъне чӣ?

Наврӯз мерасад, фасли гулбези сол, оғози соли нави шамсӣ, фасли эҳёи табиати афсункор.
Наврӯз мерасад, Наврӯзе, ки соли дароз интизораш будем, Нарӯзе, ки омад-омадашро муштоқона интизорӣ мекашидем. Ва хеле пазмони он лаҳзаҳои вурудем.
Суханро аз Шайх Саъдии Шероз меоғозам, ки дар Дебочаи «Гулистон»-и ҳамешабаҳор меоранд: «...тафарруҷкунон берун рафтем дар фасли рабеъ, ки савлати бард орамида буду айёми давлати вард расида... 

Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ

Мутобиқи  «Барномаи  ҳифзи  мероси  фарҳангии  ғайримоддии  халқи  тоҷик  барои  солҳои  2013-2020»,  ки дар  таърихи  31  майи  соли  2012, №263  аз  ҷониби  Ҳукумати  Тоҷикистон  ба  тасвиб  расидааст,  зарурати тартибу  таҳияи  Феҳристи  миллии  мероси  фарҳангии  ғайримоддӣ  ба  миён  омадааст.  Соли 2003 Конвенсияи  ЮНЕСКО оид ба Ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ қабул шуд ва то ба имрўз кишварҳои зиёде, аз ҷумла Тоҷикистон (с. 2010) шомили он гашта, намунаҳои беҳтарини  фарҳанги ғайримоддии худро дар феҳристҳои ЮНЕСКО сабт кардаанд.  Ҳар як кишвар

Страницы