Арзишҳои фарҳанги миллиро чӣ гуна бояд таблиғ кард?

Роҷеъ ба истилоҳи фарҳанг шарҳу тафсир ва навиштаву асарҳои бешуморе вуҷуд доранд, ки рисолати онро аз равзанаҳои мухталиф шарҳ медиҳанд. Ин истилоҳро дар доираи як ифодаи маҳдуд баён кардан мушкил аст. Дар китоби «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ин истилоҳ чунин шарҳ ёфтааст: «Маҷмӯи дастовардҳои инсоният дар соҳаи муносибатҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ ва ахлоқӣ; маданият…» [2, C.406]. Дар ин пажӯҳиш ин маънӣ муайянкунандаи самти андешаи мо қарор гирифтааст.
Шарҳи мазкур маҷмӯи талошу ҷустуҷӯҳои инсониятро дар партави калимаи фарҳанг нишон додан мехоҳад, ки қобили қабул мебошад. Тамоми ҷодаву самтҳои ҳаёти инсонӣ бо фарҳанги худ вуҷуд доранд, бо фарҳанги худ ранг мегиранд, фарҳанги худро мепарваранд. Ё ба таври дигар, дар олами инсонӣ чизе нест, ки фарҳанг надошта бошад. Масалан, агар танҳо хосияти умумии истилоҳи фарҳангро фаҳмиданӣ шавем, китоби «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ба мо чунгин маъниҳоро пеш меорад: «Фарҳангдӯст, фарҳангдӯстӣ, фарҳангистон, фарҳангистонӣ, фарҳангӣ, фарҳангнавис, фарҳангнависӣ, фарҳангнигор, фарҳангнигорӣ, фарҳангнома, фарҳангофарин, фарҳангофаринӣ, фарҳангпазир, фарҳангпазирӣ, фарҳангпарвар, фарҳангпарварӣ, фарҳангсаро, фарҳангсоз, фарҳангсозӣ, фарҳангҷӯӣ, фарҳанҷ, фарҳанҷидан». Гумон мекунем, ки ин мафоҳим фарогирандаи тамоми кӯшишу заҳмати инсоният дар роҳи бунёди рукнҳои ҷомеаи фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.

Саволе ба миён меояд, ки дар шароити феълӣ, дар ҷаҳони муосири тобеи иттилоот ва асри бархӯрди тамадунҳо кадом омил барои рушду тавсиаи тамоми шохаҳои фарҳанг мусоидат карда метавонад? Дарёфти посух ба ин пурсиш мушкил нест ва бояд гуфт, ки ин рисолатро беш аз васоити ахбори омма соҳаи дигаре ба дӯш гирифта наметавонад. Албатта васоити ахбори омма маҷмӯи воситаҳоеро дарбар мегирад, ки дар баробари ҳадафи умумии иттилоотонӣ ҳар кадоме вазифаимуайянеро соҳиб аст. Аз ҷумла, матбуот аз воситаи классикии ВАО мебошад, ки бештар ба андеша сару кор дорад ва дар олами андешаҳо саҳифаҳои нав кушодан мехоҳад. Дар мавриди шарҳи вазифаву аҳдофи матбуот зиёд истодан намехоҳемва танҳо пеш овардани як ишораро аз суханронии Сарвари давлат дар Ҷашни садсолагии матубуоти тоҷик вобаста ба фаъолияти корманди соҳаи матбуот зарур медонем: «…ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати софдилона ва содиқона ба манфиати халқу ватан мебошад».

Тарғибу ташвиқи фарҳанги аҷдодӣ, эҳёи фарҳангҳои миллии фаромӯшгашта ва монеа ба вуҷуд овардан барои таҳоҷуми фарҳангҳои бегона аз ҷумлаи ин хизматҳои софдилонаи кормандони матбуот мебошад. Имрӯз матбуот ба ин масъала аз зовияҳои мухталиф назар андохтан мехоҳад. Асри равон чунин ҳолатеро ба вуҷуд овардааст, ки фарҳангҳои бузург фарҳангҳои кӯчакро фурӯ бурда истодаанд. Ин падидаи ниҳоят хатарнок аст. Мо гоҳе дониста ва гоҳе бехабар ба тарғиби фарҳангҳои бегона мусоидат низ менамоем. Боиси ситоиш ҳам ҳаст, ки қаламкашони алоҳидаи мо ҳамчун зиёии фаъол ва фарҳангдӯсти асил дар ҷодаи зинда нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ саҳм мегузоранд. Барои тақвияти гуфтаҳо ба таври интихобӣ чанде аз матолибро дида мебароем. Дар мақолаи «Вожаи нав: «Таджичит» дар Русия» (Нигоҳ, 2013.- 3декабр) муаллиф аз рӯи ду мавқеъ сухан гуфтан мехоҳад. Ӯ масъалаи номгузории тоҷиконаро ҳам ҷонибдорӣ мекунад ва ҳам инкор. Аз мазмуни мақолаи ӯ дарёфтан мумкин аст, ки дар ҳудуди Русия тариқи шеваи русӣ будани ному насаб ба шаҳрвандони мо осониҳоро ба вуҷуд меорад. Гӯё ин авзоъ-тамоюли дар қолаби бегона сохтани ному насаб барои ҳаммиллатони мо як амру фазои ногузир аст. Муаллиф қасдан ё бехабар ба фарҳангу тамоюли бегона майл доштани ниҳодҳои алоҳидаи давлатиро дар ҳудуди Тоҷикистон зикр менамояд: «Бубинед, ки дар САҲШ ба кӯдаки навзод намехоҳанд, мисли Эмомалӣ Раҳмон, бо расми ниёгон ному насаб нависанд, шаҳодатнома диҳанд» (Нигоҳ, 2013.- 3декабр).

Дар ҷумлаи боло ба анъанаи номгузории тоҷикӣ ишора карда мешавад, ки ба қавле ин иқдом аз ҷониби Сарвари давлат роҳандозӣ гашт ва бояд тамоми шаҳрвандони мо ба ин чиз пайравӣ карда ному насаби худро аз рӯи анъанаи классикӣ ҳуҷчатӣ менамуданд. Дар оғози ин раванд чанд сол қабл матбуоти ҳукумативу хусусӣ хеле зиёд матолибро ба нашр расониданд. Мансабдорони воломақом худро намуна нишон дода, ному насаби худро тоҷикӣ карданд. Баъзе аз онҳо тавассути матбуот бо оҳанги танзомез танқид ҳам гардиданд. Чун анъана ин тасмимот низ монанди «қазияи фурузонак» ба фаромушӣ дода шуд.

Дар қисмати дигар муаллиф таъкид менамояд, ки аз ҷониби масъулону ниҳодҳои ҳукуматӣ дар роҳи зинда гаштани ин фарҳанги аҷдодӣ ба таври ошкоро монеа сохта мешавад ва онҳо шарм ҳам надошта ба волидайн сабаб пеш меоранд:

«Ба падару модари ин кудак мегӯянд:

-Марвориди Нӯъмон намешавад, Нӯъмонова Марворид нависед..!

Агар гӯед чаро? Мегӯянд, ки ӯ калон шуда чӣ тавр ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад. Аз марзи гумрукӣ мегардонандаш…» (Нигоҳ, 2013.- 3 декабр).

Аз оҳанги нигорандагии муаллифи мақола маълум мешавад, ки ӯро вазъи ногувори иҷтимоӣ ба ташвиш овардааст. Андешаи асос ҳам дорад. Имрӯз вазъи то ҳадде нобасомон шаҳрвандони моро вогузор менамояд, ки ному насаби худро дар пояи манфиаҳои фарҳанги бегона табдил намоянд. Муаллиф Шерзоди Амрихудо дурнамои ногувореро эҳсос кардааст. Дар ҳақиқат агар ин раванд шиддат ёфта ҷараёнҳои тозаеро касб намояд, ба он оварда мерасонад, ки мо ба рӯи тамоми арзишҳои миллии худ хати батлон мекашем. Шояд номгузорӣ ва тартиби ҳуҷҷатии он як чизи саҳлу сода бошад. Вале ҳар халқу миллат дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза бо нигаҳдошти фарҳангу тамоюли аҷдодии худ ва рушду густариши он тавонистааст, ки дар муқобили мавҷҳои ҳалокатбор истодагарӣ намояд, зеро фарҳангҳои бегона бо таҳоҷуми худ ба сарзаминҳои мухталиф ҳеҷ гоҳе оқибати хайрро надоранд. Баҳона ва монеасозиҳо набояд боиси таназзули фарҳангу номгузории миллӣ бошад. Дар даврони сиёсати пуршиддати замони шуравӣ фарзандони шинохтаи миллати тоҷик (Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ ва дигарон) тавонистанд, ки ному насаби тоҷиконаи худро нигоҳ доранд. Дар солҳои 1940-1950 бо баҳонаи барҳам задани анъанаҳои феодалӣ комиссияҳои номгузории русӣ (ов, ев,) таъсис ёфтанд ва бо шакли саросарӣ ному насабҳоро бо тобиши русӣ сабт мекарданд. Аммо дар он шароити тирае, ки фардро гумному қурбон месохтанд, фарзандони асили миллат аз чизе ҳарос накарданд. Имрӯз барои кадом як гузаргоҳи гумрукӣ ному насабҳоро русӣ сохтан, тасмими солим буда наметавонад. Давом ёфтани ин раванду ҳолат бо гузашти фосилаи муайяни вақт мушкилоти ҷиддиеро ба миён хоҳад овард. Муҳаққиқи фарҳангшинос Н. Шаҳовуддинов дар такя ба омӯзиши ин равандҳо чунин қайд менамояд: «Дар оғози сохтори шӯравӣ чун аз мо мепурсиданд, ки «Миллататон чист?» ҷавоби мо он буд, ки «аввалан мусалмон, баъдан самарқандӣ, ё хуҷандӣ, ё кӯлобӣ, ё…» Миллати тоҷик дар минбаъда ба тариқи механикӣ шакл гирифт ва он ҳеҷ гоҳе ҷои ҳолати ҷанинӣ ва ё таҳтушуури мазҳаби-маҳаллии моро нагирифт…»(Самак, 2014.- 17 декабр).

Муаллифи сатрҳои боло чиро дар мадди назар қарор додааст, нисбатан барои мо маълум аст. Замони шӯравӣ дар ҳақиқат бо сиёсати нодурусти худ тавонист, ки аксар фарҳангу анъанаҳои миллии халқҳои нотавонро ба коми оташ андозад. Ба шакли оммавӣ ҷой надоштани фарҳанги диниву эътиқодӣ дар замони фурупошии сохти шӯравӣ ба он оварда расонид, ки мо ҳувияти миллироба ҳувияти маҳал табдил додем. Оқибати ногувори он ҷангҳову мухолифатҳои шадид гаштанд, ки заминаҳои нестии як миллатро фароҳам оварданд. Фарҳангимиллӣ дар ҳама замонҳо рисолати ваҳдатофариниро ба душ дорад. Дар шароити соҳтибистиқлолӣ мо бояд дар навбати аввал арҷгузорӣ ба фарҳанги миллиро қадр намоем. Андешапардозиҳои умумие, ки дар бобати масоили фарҳанги миллӣ вуҷуд дорад, дастоварди судманд нахоҳад буд. Дар ин роҳ нодида гирифтани ҷузъити хурдтарин ҳам боиси маломатҳои бузурги оянда мешавад. Дар ин маврид боз ҳам андешаҳои муҳаққиқ Н. Шаҳовуддинов қобили таъкид аст: «То замоне, ки арзишгузорӣ вуҷуд надошта бошад, ҳукм баровардан дар мавриди фарҳанг ва мероси фарҳангӣ аз аҳамият холӣ мебошад» (Самак, 2014.- 17декабр).

Вобаста ба мавзӯи ному насаби тоҷикӣ, ки дар дохилу хориҷ аввалин нишондиҳанаи фарҳангии мост, матолиби мухталифе дар нашрияҳо ба табъ расидаанд. Масалан дар рубрикаи «Чор чеҳраи ҳафта» (Нигоҳ, 2013, 23.- октябр)дар бораи миллионери тоҷике «ситоишномае» ба назар мерасад, ки ӯ барои худ дар зери таъсири фарҳангу ойини ғарбӣ лақаб пайдо кардаааст. Мазмуни ин навишта дар қиёс бо мақолаи дигари нашрияи «Нигоҳ» мавқеи мухолифро соҳиб аст. Яъне дар он як навъ тарғиби пӯшидаи фарҳанги бегона ба назар мерасад: «Миллионери тоҷик Саттор Саидов, маъруф ба «Стас».., гуфтааст, ки аз муҳаббати зиёдаш ба ватан мехоҳад, ки дар Испания як «Тоҷикистони хурд» бунёд намояд» (Нигоҳ,2013, 23 октябр). Мазмуни шарҳи рубрикаи боло он аст, ки Саттор Саидов як навтоҷик мехостааст, ки дар Испания бо харидории як қисмати замин як деҳаи тоҷикона бунёд намояд. Барои хонанда ғашовару гӯшхарош аст, ки тоҷике аз фарҳангу ватан пуштибонӣ кардан мехоҳад, лақаби як қаҳрамони филмҳои ғарбиро дорад, ки дар олами ҷиноӣ бо номи Стас машҳур аст. Хонанда, албатта ба худ савол хоҳад дод, ки як нафаре, ки бо ному лақаби бегона шуҳрат пайдо кардааст, чи гуна метавонад, дар шинохти фарҳанги тоҷикон нақш гузорад. Хонандаи закӣ дарк менамояд, ки ин «тоҷики асил» фарҳангро ба тиҷорат табдил додан мехоҳад, зеро ӯ мехостааст, ки «…бо бунёди як деҳаи тоҷикӣ дар Аврупо диққати сайёҳонро ҷалб намояд» (Нигоҳ, 2013.- 23 октябр). Дар ин маврид ба назар мерасад, ки рӯзнома майли ғарбгароӣ дорад, зеро ҳарфе дар мавриди натиҷаи манфӣ доштани тамоюли лақабпарастии ғарбиёна гуфта нашудааст. Аз мазмуни шарҳи кутоҳ фаҳмидан мумкин аст, ки ин матлаб аз саҳифаҳои нашрияи «Элита» таҳия шудааст. Маълум, ки ин матлаб дар «Элита» фаррохтар тарғиб гаштааст.

Табиист, ки ин нашрия ба реклама чеҳраҳои сармоядор бештар алоқамандӣ дорад. Аммо, мутаассифона, гоҳо чунин маводи рекламавӣ боиси нодида гирифтани ҳувияти фарҳанги миллӣ мегардад. Бадии кор он аст, ки чунинматолиб ба воридшавии фарҳангҳои бегона мусоидат мекунад. Масалан, ин тобиш дар лавҳаи Рустам Маҷидов ва Хуршед Умаров - «Духтари сагбоз»

(«Элита», 2014, №3) бараъло мушоҳида мешавад. Чунончи дар муқаддимаи он мехонем: «Қиссаҳои шаҳрӣ дар бораи сагбозони номдору даҳҳо ҳазор доллар бурду бохташон дар сагҷангҳои мамнуъ вирди забонҳост. Яке аз сагҳои вазири хуҷандӣ ҳикоят мекунаду дигаре аз генерале, ки дар сагҷанг пули зиёдро бохтааст. Аммо қиссаи мо аз як бонӯи нозанини тоҷик ҳикоят мекунад, ки бо сагбозияш мардонро дар тааҷҷуб гузоштааст». Дар навбати аввал ҳаминро мегӯем, ки сагбозиву сагҷанг барои фарҳанги тоҷикӣ ва умуман шарқӣ бегона аст. Тавлиди ин навъи нави бозии соҳибмансабон ба филмҳои голивудӣ марбут аст, ки дар оғози солҳои бозсозӣ ба фазои ҷамоҳири собиқӣ шӯравӣ пайдо шуда, дар тафаккури омма хатҳову тарҳҳои нав ба миён оварданд. Дар тамоюли исломӣ низ ин навъи бозӣ мамнӯъ аст. Инҷо мо дар мавриди дуруст ё нодуруст будани сагҷанг баҳс карда наметавонем, зеро шояд баъзеҳо идао кунанд, ки «дунё пеш рафтааст»….

Аммо он ки Маҳина Зоироваи тоҷикдухтар ба сагбозӣ майл дорад, ҳеҷ гоҳ қобили қабул нест. Дар Аврупо ҷоиз аст, ки бонувони нимбараҳнаву бефарҳанг бо доштани саги пахмоқаки худ ифтихормекунанд. Бо саги худ оғуш гирифта мехобанд. Дар баъзе филмҳои фаҳш ҳолатҳои берун аз ахлоқи инсонӣ ҳам дида мешаванд. Албатта Худо нигаҳ дорад, аз ин гуна падидаи даҳшатнок ва шукр ҳам мегӯем, ки олами Шарқ ба ин гуна разолату ҳамоқат олудагӣ надорад. Аммо хеле аҷибу печида аст, ки Маҳина Зоирова сагро бародар меҳисобад: «Ман зӯроварӣ ба ҳайвонотро дӯст намедорам. Муҳаббати ман бештар аз он аст, ки барои ғалаба дар кадом як набарде ҷароҳатдор шудани «бародарони хурд»-ро тамошо кунам».

Дар лавҳаи мазкур акси Маҳина бо сагҳо дар нуҳ лаҳзаҳои гуногун нишон дода шудааст. Ғашовару номатлуб он аст, ки духтари зебои тоҷик сагро оғуш менамояд. Дар ҷои дигар сагро мебӯсад. Дар акси дигар ду саги бадвоҳимаро ба оғуш мегирад. Вақте ӯ ду сагчаи навзоидашудаи урёнро дар назди рухсораҳову даҳони худ нигоҳ медорад, симои зебои духтари тоҷик нафратовар мешавад. Ин навиштаро тарғиби фарҳанги бегона метавон арзёбӣ намуд. Хоси зани тоҷик ва, умуман шарқ он нест, ки ӯ дар хонаву кӯча ба тарбияи сагҳо машғул бошад.

Маҳина корманди сирк нест, ки бо сагҳо сару кор гирад. Муаллифони лавҳа низ сагпарастии бонӯи тоҷикро инкор менамоянд: «Шавқе, ки аслан дар ҷомеаи суннатии мо барои занҳо бегона аст». Пас навиштаи болоро дар партави кадом ҳадаф иншо кардаанд, нисбатан барои хонанда пӯшида боқӣ мемонад.

Дар чанд соли охир дар саҳифаҳои васоити ахбори омма, алахусус матбуот, ибораҳои «таҳоҷуми фарҳангӣ» ва «таҳоҷуми иттилоотӣ» зиёд баррасӣ мегарданд. Агар таҳоҷуми иттилоотӣ ба самти илмҳои сиёсашиносиву публитсистика майл пайдо намояд, аммо таҳоҷуми фарҳангӣ ин як тамоюли содаи фаҳмоест, ки дардарки он ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад. Мақолаи Фариддуни Раҳнавард масъалаитаҳоҷуми иттилотиву фарҳангиро бо хам хеле хуб омезиш додааст. Аслан аз як ҷониб ҳар ду вожа ҳам ба таври маҷмӯи масоили фарҳангиро дарбар мегиранд.

Таҳоҷуми иттилотӣ рахна ворид сохтан ба олами афкори муайян бо ақида ва андешаи ғайр аст. Табиист ки ин рахнасозӣ бидуни фарҳанги бегона низ сурат намегирад. Забон, адабиёт, мусиқӣ, дин, оин, анъана ва даҳҳо масоили маданиятсоз дар кулбори ин васоит метавонанд, ки дар марзҳои афкори як халқи дигар мақом пайдо намоянд. Муаллифи мақола аз мушоҳидаи як шаҳрванди наздисарҳадии мо чунин андешаро пеш меорад: «Инҷо ҳама шабакаҳои ӯзбекистонро тамошо мекунанд, чунки ба мо наздиктар аст. Фарҳангаш ба мо наздик аст, урфу одати моро доранд» (Нигоҳ, 2013, 2 январ). Аз ин андеша хонанда хулоса мебарорад, ки гӯё онро як нафар шаҳрванди ӯзбекистонӣ баён карда бошад. Ин худ як мисоли возеҳест, ки фарҳанги бегона тавассути равзанаҳои мухталиф дар кӯтоҳтарин фурсат дар манзили бегона ҷои худро меёбад. Ҳарчанд байни ӯзбекону тоҷикон дар гузашта умумиятҳои фарҳангие вуҷуд дошта бошад ҳам, аммо ин маънои онро надорад, ки феълан суруду мусиқии ӯзбекӣ барои тафаккури фарҳангии миллати тоҷик салтанат дошта бошад. Дар ҷои дигар мақола омадааст: «Гоҳ-гоҳ аз Самарқанду Бухоро гап мезананд… То кай клипу кинои хориҷӣ тамошо мекунӣ…» (Нигоҳ, 2013, 2 январ).

Шикваи асосии муаллифи мақола дар он аст, ки имрӯз дар қисмате аз музофоти кишвар мавҷҳои телевизиони тоҷик дастрас нестанд. Аз ин холигииафкор (вакуум) истифода бурда, телевизионҳои ғайр сиёсату фарҳанги худрохеле осон тарғиб намуда истодаанд, ки оқибатҳои ногувор он дар мақола низзикр гаштаанд. Муаллиф талош менамояд, ки масъулони муайянро вобаста ба ин масъала ҳамчун гунаҳкор ном барад. Яъне ӯ тавонистааст, муайян намояд, ки ҳам таҳоҷуми иттилоотӣ ва ҳам таҳоҷуми фарҳангӣ қариб ки як рисолат доранд. Агар дар мақолаи боло дар мавриди таҳоҷуми факрҳангии як кишвари ҳамсоя сухан равад, пас дар навиштаи дигар дар бораи монеа ба ғарбгароии имрӯза ба таври ноайён ишора мешавад. Хеле хуб аст, ки матбуот масъалаи воридшавии фарҳанги бегонаро мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳад. Дар матлабе бо номи «Шаҳрдорӣ забони овезаҳои таблиғотиро тоҷикӣ менамояд» (Нигоҳ, 2013.- 14 ноябр) дар он хусус нақл карда мешавад, ки акнун дар Душанбе матни тамоми овезаҳои рекламавӣ танҳо бо забони тоҷикӣ сурат мегиранд. Маълум аст, ки раванди мазкур то чанд сол қабл хеле ташвишовар буд. Пойтахт ҳамеша маркази фарҳангу тамаддуни миллат ба шумор меравад ва он бояд барои манотиқу музофот намуна бошад. Дар инҷо масъалаи фарҳанги забони тоҷикӣ, хоса аз меъёр зиёд шудани рекламаҳои русиву анлисӣ ва таъсири онҳо ба фарҳанги миллии мо матраҳ шудааст. Фарҳанги шаҳрдорӣ низ аз ҳамин зинаҳо оғоз меёбад. Тасмими фарҳандӯстона ва мусбати маъулини шаҳрдорӣ мебошад, ки акнун ин монеаҳо барҳам дода мешаванд: «Дирӯз дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ М.Убайдуллоев ҷонишини худ Санавбар Раҳимзодаро вазифадор кард, ки минбаъд тамоми овезаҳои тарғиботиву рекламавӣ ба забони тоҷикӣ сурат гиранд» (Нигоҳ, 2013.- 14 ноябр)

Дар ҳақиқат вақте дар кӯчаҳои шаҳр овезаҳоеро бо акси кадом як киноактёри ғарбӣ бо забони ғайр дучор меоем, савол аз дурнамои фарҳанги миллӣ пайдо мешавад. Барои суръат бахшидан ба ин раванд матбуоти гуногунтаъинотро лозим аст, ки дар такя бо факту далелҳои зиёд пайваста матолибро ба нашр расонанд. Мутаассифона, дар ин самт навиштаҳо хеле кам ба назар мерасанд.

Баръакс, дар тарғиби фарҳангу маданияти бегона бемаърифативу бехабарии қаламкашон низ нақш дорад. Нафаре ки дар матбуот фаъолият дорад, бояд ҳар сатри худро дар заминаи донишу ҷаҳонбиниҳои фаррох иншо намояд. Латифае дар нашрияи «Нигоҳ» чунин мазмун дорад:

-Ҷонакам, китоби «Чӣ гуна сад сол зиндагӣ кардан мумкин» -ро надидаӣ, - мепурсад зан аз шавҳараш.

-Ман онро сӯзондам.

-Барои чӣ?

-Модарат онро мутолиа карданӣ буд (Нигоҳ, 2013.- 3 декабр).

Ҳар нафари воқиф медонад, ки хушдоманро ҳаҷву масхара намудан хоси миллатҳои шарқ нест. Барои англису франсузу рус ин гуна муносибат амали муқаррарист. Онҳо марги хушдоманро орзӯ менамоянд. Ӯро як сарбории зиндагиву ҳаёт мешуморанд. Тасаввур намоем, агар дар ҷомеаи мо низ ин тамоюл реша давонад, чӣ оқибате бо худ хоҳад дошт. Ба назари мо ин амал ба дараҷаи манқуртӣ мерасонад. Дар ин сурат ба фармудаҳои дини мубини Ислом ва ҳазорон гуфтаи бузургони олами адабу ҳикмат иснод меорем. Дар чанд соли охир дар саҳифаҳои матбуот ба нашр расидани латифаҳову ҳаҷвияҳо дар ин мавзӯъ зиёд ба назар мерасанд. Чи хостани нигорандагони ин матлабро аз ин раванд муайян намудан душвор аст. Набудани мавзӯъ, навишта натавонистан ва дараҷаи аз меъёр зиёди маводи таҳияшуда ба он оварда расонидааст, ки матбуоти мо ба як ҷойгоҳи васеи тарғиби фарҳангҳои ғайр табдил ёбад. Мо дар ин таҳқиқи маҳдуд ҳамагӣ ба чанд маводи интихобӣ такя намудем, ки ба мавзӯи тарғибу ташвиқи фарҳанги бегона тааллуқ доранд. Дар саҳифаҳои матбуот садҳо матолибе ба назар мерасад, ки таҳқиқу баррасии онҳо як пажӯҳиши васеъро тақозо менамояд. Бояд гуфт, ки дар матбуот тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ – анъанавӣ дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Дар ин самт дар қиёс бо телевизион як дараҷаи муайяни тарғиби фарҳангҳои бегонаро бештар дучор меоем. Телевизион бо баъзе хусусиятҳои оммавии худ дар зинда нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ нақши бештар дорад. Масалан, ҳар сари чанд вақт дар барномаи «Бозтоби андеша»-и шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон дар бораи раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳоҷуми фарҳангиҳои бегона суҳбатҳо ҷараён мегиранд. «Бозтоби андеша» ҳамчун шоу-барнома либоси аврупоии ноқулайро барои бонувони тоҷик мавриди танқид қарор медиҳад. Тақлидҳои дигар ба ҷомеаи аврупоиро низ иштирокдорони барнома қабул намедоранд ва хеле хушнудкунанда мебошад, ки журналистони телевизион бо ҷуръати хос ба ин гуна мавзӯот даст мезананд. Харчанд барои телевизион низ ҳолатҳои алоҳида истисно нестанд. Рекламаҳои тамоюли ғарбиёнадошта, намоиши филмҳои туркӣ ва пахши филмҳои тасвирии хориҷӣ аз ҷумлаи ин раванди номатлуб дониста мешавад. Умуман, намояндагони васоити ахбори омма бояд бо назардошти манфиатҳои  миллӣ фаъолияти худро ба роҳ монанд. Ҷои шубҳаву инкор нест, ки «халқи тоҷик яке аз аввалин халқҳои соҳибкитоб, соҳибсухан ва соҳибназари рӯи замин аст» [1,C-356] Гумон мекунем, ки фарҳанги тоҷик ба мафкураи бегона ҳеҷ ниёзе надорад. Тақлидҳои кӯр-кӯронаи ба ин ё он падидаи аз ғарб таҳмилгашта дарягон замон натиҷаи нек нахоҳад дод. Шоир ва мутафаккири бузург – Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ҳанӯз дар асрҳои гузашта таҳоҷуми фарҳангӣ ва тақлидҳоисохта ба фарҳанги мағрибиро дарк намуда гуфта буд:

Халқро тақлидашон барбод дод,

Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод.

Пас, моро мебояд арзиши баланди фарҳанги милли худро қоил ва пуштибон бошем, зеро он кафолати пояндагиву боқӣ мондани халқу миллат барои наслҳои  оянда аст.

АДАБИЁТ:

1. Дарси хештаншиносӣ. Дафтари дуюм.-Душанбе, 1991.

2. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ, Қ.2.-Душанбе, 2010.

3. Ҷашни фархундаи матбуоти тоҷик.-Душанбе, 2012.

 4. Шаҳовуддинов Н. Ҳақиқатхои нашинохтаи ҳуввияти миллии мо// Самак,

2014, 17-декабр

5. Нигоҳ - 2013-2014.

6. Элита- 2013- 2014.

Муаллиф: Б. Кутбиддинов

Баргирифта аз “Паёмномаи фарҳанг” соли 2015, №1 (29)