Ислоҳи маориф дар «Бухорои шариф»
Чоп шуд: 14/05/2016Ҳар гоҳ, ки аз мавқеи васоити ахбор дар ҷомеа сухан ронданӣ мешавем, бегумон пеши назарамон матбуоти даврӣ ҷилвагар мешавад. Ин ҳолат танҳо ифодагари он нест, ки матбуот воситаи классикии ахбори оммавӣ буда, дар ташаккули афкори иҷтимоии давру замон саҳмгузор аст, балки ин восита чун пири солдидаву таҷрибаомўхта дар баробари қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии мардум, дар тарбияи ғоявию сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва фарҳангиву эстетики ҷомеа нақши бориз доштаву дорад. Чои шубҳа нест, ки маҳз бо шарофати матбуот мо дарси одаму одамгарӣ, худогоҳиву худшиносӣ,