Баъзе мушкилоти омодагии касбии журналистон дар шароити муосир
Чоп шуд: 26/07/2017Яке аз роҳҳои ба талаботи ҷомеа ва дархости журналистикаи амалӣ мувофиқ кардани ҷараёни таълим интихоби дурусти фанҳои интихобӣ ва курсу семинарҳои махсус аст. Дар нақшаҳои таълимии феълӣ барои чунин фанҳо 40 % ҷудо шудааст. Кафедраҳои тахассусӣ ҳуқуқ ва имкон доранд, ки мувофиқи талаби ҷомеа ин ё он мавзўъро барои дарси интихобӣ пешниҳод намоянд. Аммо, мутаассифона, ҳолатҳое мушоҳида мешавад, ки ин талабот ба назар гирифта намешавад ва тадриси мавзўъҳои кўҳнашуда солҳои сол