Нашрияҳо

Ҷомаи Сулҳ ба тан омадаӣ...

Китобномаи “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” тозатарин китобест, ки Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар нашриёти “ЭР-граф” бо сифати баланд рӯйи чоп овард. Ва чуноне аз номаш пайдост, дар он номгӯи осори бадеӣ ва публитсистии адибони тоҷик, афкору андешаи олимону рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон бахшида ба корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон феҳристнигорӣ шудааст.

барчасп: 

Жанри симосоз

Жанр қолаби устувору ноҷунбон ва поянда надорад, балки ҳамеша дар таҳаввул аст. Махсусан, дар олами наср дар давраҳои гуногун таҳаввулу та­наззули жанрӣ ба назар мерасад.
Насри мустанад вобаста ба муҳит ва фазои фарогири замонҳо ҳамин хусусиятро дорад.
Очерк дар олами насри мустанад садсолаҳо боз мавқеъталаб аст. Замона ва замонасозиҳо ҳамеша дар рушди ин  таҳрик бахшидаву мебахшанд. Дар тавсифи очерк ҳукму андешаҳои зиёде вуҷуд доранд. Дар баробари се навъи газетавии очерк даҳҳо

барчасп: 

Ислоҳи маориф дар «Бухорои шариф»

Ҳар гоҳ, ки аз мавқеи васоити ахбор дар ҷомеа сухан ронданӣ мешавем, бегумон пеши назарамон матбуоти даврӣ ҷилвагар мешавад. Ин ҳолат танҳо ифодагари он нест, ки матбуот воситаи классикии ахбори оммавӣ буда, дар ташаккули афкори иҷтимоии давру замон саҳмгузор аст, балки ин восита чун пири солдидаву таҷрибаомўхта дар баробари қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии мардум, дар тарбияи ғоявию сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва фарҳангиву эстетики ҷомеа нақши бориз доштаву дорад. Чои шубҳа нест, ки маҳз бо шарофати матбуот мо дарси одаму одамгарӣ, худогоҳиву худшиносӣ,

барчасп: 

Чеҳраофаринӣ дар матбуоти даврии маҳаллӣ (дар мисоли “Нури Нуробод”)

Нақши нашрияҳои музофотӣ дар пешрафти ҳаёти фарҳангиву иҷтимоӣ ва адабиву илмӣ ҳамеша чашмрас боқӣ мемонад. Ин фикри хулосасозро ба сифати муқаддима ба он ваҷҳ иброз медорем, ки ҳанӯз аз оғози солҳои сиюми асри гузашта, ин вазифаву рисолат ба таври мушаххас барои нашрияҳои маҳаллӣ маълум гашта буд. Ҷои пушида нест, ки дар замони шӯравӣ нашрияҳои маҳаллӣ ҳамчун як унсури муҳими таблиғу ташвиқ мақоми баландро соҳиб буданд. Албатта, нашрияҳои миллӣ дар ҳама давру замон аз лиҳози таъинот, иқтидор ва маҳбубият болотар аз соири матбуоти дигари

барчасп: 

Арзишҳои фарҳанги миллиро чӣ гуна бояд таблиғ кард?

Роҷеъ ба истилоҳи фарҳанг шарҳу тафсир ва навиштаву асарҳои бешуморе вуҷуд доранд, ки рисолати онро аз равзанаҳои мухталиф шарҳ медиҳанд. Ин истилоҳро дар доираи як ифодаи маҳдуд баён кардан мушкил аст. Дар китоби «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ин истилоҳ чунин шарҳ ёфтааст: «Маҷмӯи дастовардҳои инсоният дар соҳаи муносибатҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ ва ахлоқӣ; маданият…» [2, C.406]. Дар ин пажӯҳиш ин маънӣ муайянкунандаи самти андешаи мо қарор гирифтааст.
Шарҳи мазкур маҷмӯи талошу ҷустуҷӯҳои инсониятро дар партави калимаи фарҳанг

То нек надонӣ, ки сухан айни савоб аст...

Аввали урдибиҳштмоҳи ҳар сол (баробар ба 20 апрели соли масеҳӣ) Рӯзи бузургдошти паямбари шеъри форсӣ, орифу ҳакиму фарзонаи бузург – Афсаҳу-л-мутакаллимин Шайх Саъдийи Шерозист. Саъдӣ тахаллусаш аст ва ӯ Муслиҳуддин Абумуҳаммад Абдуллоҳ писари Мушаррафуддин Абуабдуллоҳ ибни Муслиҳ ибни Мушаррафи Шерозӣ, аз қабилайи Банӣ Саъд, аз наберагони Саъд ибни Уббодаи Хазраҷийи Ансорӣ, саҳобайи машҳур ба Саъди Ғаюр мебошад.
Пажуҳишгари тоҷик Обид Шакурзода ҳар гуна иртиботи тахаллуси Саъдиро ба Атобак

Ду сенария таҷлил аз 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ

Ҳар сол мардуми кишвар 9 сентябрро ҳамчун рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд ва шоҳидем, ки ин рӯз ҳар сол аз соли пеш боҳашомату пурранг таҷлил мешавад.  Ҳар қадар ки шумораи ин санаи муҳимми таърихӣ афзун гардад, ҳамон қадар мазмуну моҳияташ амиқтар эҳсос мешавад.
Дар остонаи ин ҷашни мубораку фархунда, ҳар як шаҳрванди сарзамини офтобӣ дастовардҳои халқу ватанро пеши назар овардан мехоҳад. Бо ин мақсад саҳифаҳои китоби таърихи Бисту панҷсолагии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро варақ

барчасп: 

Ортиқ Қодир: ҳунарманд, журналист ва ровӣ

Ортиқ Қодир: ҳунарманд, журналист ва ровӣ
Аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки эҳтироми хоса дар ҷомеа дорад. Дар аксар чорабиниҳои фарҳангӣ, шабҳои эҷодӣ ва ҳунарӣ барандагӣ мекунад. Вақте ӯ шеърр мехонад, бисёриҳо тасаввур мекунанд, ки касе чун ӯ намехонад. Зеро шеърро басо бо дарк мехонад, чун худ маънирас аст.

Ортиқи Қодир 14-уми марти соли 1956  дар деҳаи Нилӯи ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Вале мегӯяд дар ҳуҷҷатҳои расмӣ таваллудаш иштибоҳан соли 1957

Страницы