Ҳар сол мардуми кишвар 9 сентябрро ҳамчун рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегиранд ва шоҳидем, ки ин рӯз ҳар сол аз соли пеш боҳашомату пурранг таҷлил мешавад. Ҳар қадар ки шумораи ин санаи муҳимми таърихӣ афзун гардад, ҳамон қадар мазмуну моҳияташ амиқтар эҳсос мешавад.
Дар остонаи ин ҷашни мубораку фархунда, ҳар як шаҳрванди сарзамини офтобӣ дастовардҳои халқу ватанро пеши назар овардан мехоҳад. Бо ин мақсад саҳифаҳои китоби таърихи Бисту панҷсолагии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро варақ мезанад.
Китобе, ки ахиран бо ибтикори Шўрои илмӣ-методии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор ёфт, чунин унвон дорад:” Ин ватан зинда дар ҷаҳон мебод” ва муаллиф донишманд ва пажуҳишгари тоҷик Ҳасани Муҳаммадӣ ду сенарияи таҷлили ҷанвораро барои созмонҳо, вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияиҳо пешниҳод кардааст.
Дар бораи муҳтавои он зиёд ҳарф намезанем, балки мутолиаи онро ба худи шумо тавсия медиҳем.
Дарёфти Китоб: Ин ватан зинда дар ҷаҳон мебод