Activities calendar

13 апреля 2016

Марҳилаҳои асосии ташаккули китоб қабл аз ихтирои дастгоҳи чоп

Пайдоиши китоб дар таърихи инсоният зуҳуроти бисёрҷониба ва мураккаб ба шумор меравад. Албатта, аз замони ихтирои дастгоҳи чоп шурўъ намудани таърихи ташаккули китоб амали ғайримунсифона мебошад, зеро дар ҷараёни тараққиёти ҷомеаи инсонӣ роҳу усулҳои интиқоли маълумот ва шаклҳои сабти дониш дар давоми ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, мукаммал гардидаанд. Қабл аз пайдоиши хат маълумот муддати дароз дар шакли шифоҳӣ аз як ҷой ба ҷойи дигар интиқол дода мешуд: маълумоти хабарӣ ба воситаи ҷорчиёну қосидон, маълумоти бунёдӣ бо ёрии намояндагони элитаи ақлонӣ

барчасп: