Пайдоиши китоб дар таърихи инсоният зуҳуроти бисёрҷониба ва мураккаб ба шумор меравад. Албатта, аз замони ихтирои дастгоҳи чоп шурўъ намудани таърихи ташаккули китоб амали ғайримунсифона мебошад, зеро дар ҷараёни тараққиёти ҷомеаи инсонӣ роҳу усулҳои интиқоли маълумот ва шаклҳои сабти дониш дар давоми ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, мукаммал гардидаанд. Қабл аз пайдоиши хат маълумот муддати дароз дар шакли шифоҳӣ аз як ҷой ба ҷойи дигар интиқол дода мешуд: маълумоти хабарӣ ба воситаи ҷорчиёну қосидон, маълумоти бунёдӣ бо ёрии намояндагони элитаи ақлонӣ (муаллимон, пешвоёни дин ва ғайра) паҳн мегардид.
Баъдтар тасвирҳои рўйисангӣ ба вуҷуд омаданд, ки ба хати пиктографӣ (қадимтарин хатти тасвирӣ) асос гузоштанд. Хати пиктографӣ маълумотро дар шакли тасвиру суратҳо интиқол медод. Бо пайдоиши аввалин касбҳо аломатҳое низ пайдо шуданд, ки мафҳумҳои ҷудогонаро ифода мекарданд.
Ин аломатҳо бо номи хати идеографӣ (навиштани хат бо идеограммаҳо) ёд мешаванд. Дар байни баъзе халқҳои Шарқ хати мехӣ – тасвири хат дар рўйи гили хом, ки баъд аз навиштан дар кўраҳо пухта шуда, шакли лавҳачаи сафолини дорои навиштаҷотро мегирифт, арзи вуҷуд кард. Чунин лавҳаҳои сафолии дорои навиштаҷот дар қуттиҳои махсус ҷой карда мешуданд, ки ҳар як қуттӣ як китоби алоҳидаро ташкил медод. Ба қуттӣ лавҳачаи сафолие насб карда мешуд, ки дар он номи асар ва номи муаллиф навишта шуда буд, баъзан дар лавҳаи унвонӣ маълумоти дигар – ба монанди маълумоти варақаҳои имрўзаи феҳристи китобҳо (карточкаҳои каталогии имрўза) низ ҷой дода мешуд. Дар бораи мавҷудияти аввалин китобхонаҳо, ки шумораи ниҳоят зиёди чунин қуттиҳои дорои навиштаҷот дар болои лавҳаҳои сафолиро дар бар мегирифтанд ва илова бар он дар бораи лавҳачаҳое, ки дар онҳо номгўйи китобҳо сабт шуда буд (тимсоли каталогҳои ҳозиразамон), дар таърих маълумоти хеле ҷолиб маҳфуз мондааст. Аз он замон то имрўз бештар аз 10 ҳазор сол сипарӣ шудааст… [Он чизе, ки гуфтем, ҳаргиз афсона нест, масалан, дар асри XIX ҳангоми ҳафриёти пойтахти давлати ошўриҳои қадим шаҳри Ниневия китобхонаи шоҳ Ассурбанипала (асри VII пеш аз мелод) пайдо гардид, ки ду ҳазор китоби гилӣ (сафолӣ)-ро дар бар мегирад, дар ҳафриётҳои Миср ва дигар кишварҳо низ китобхонаҳои дигари ба ин монанди дорои китобу феҳристнома (каталог)-ҳои гилӣ пайдо гардидаанд].
Дар замонҳои қадим дар байни халқҳои Шарқ хати иероглифӣ пайдо шуд, ки дар натиҷаи душворию мураккабиаш (ниҳоят зиёд будани аломатҳои дорои шакл ва маъниҳои гуногун) элитарӣ шуд. Якуним ҳазор сол қабл аз мелод офаридани хати ҳуруфӣ дар пешрафту инкишоф ва оммавӣ гардидани хат иқдоми муҳим гардид, баъдан алифбоҳои мухталиф – юнонӣ, лотинӣ, арабӣ ва ғайра офарида шуданд, ки роҳу усули дарку фаҳм ва амалан аз худ кардани хатро осон намуданд.
Муҳимтарин унсури кори китоб заминаи моддие мебошад, ки дар он хат (аломатҳои китобат) навишта мешавад. Қабл аз ихтирои қоғаз муддати тўлонӣ инсоният бо ин мақсад маводи мухталифро истифода мебурд. Тавре дар болотар ҳам зикр намудем, маводи аввалини хатнависӣ гил буд. Баъдан дар Мисри Қадим папирус барои хатнависӣ истифода шуд. Папирусро бо технологияи махсус аз пояи най тайёр мекарданд. Бо сабаби нозуку зудшикан будани папирус аз он баргҳои нафисро бурида, бо ширае, ки аз худи растанӣ ҷудо мешуд, байни ҳам мечаспонданд ва ба тарзи лўлапеч мепечонданд. Баъд аз навиштан папирусҳои лўлапечро дар даруни ҷилд ё ғилоф мегузоштанд ва дар ҳар ҷилд номи асар навишта мешуд. Лўлаҳои папирусӣ дар таърихи башарият шакли навбатии китоб ва илова бар ин, аҷаб нест, ки шакли аз ҳама дарозумри китоб ба ҳисоб мерафтанд. Аввалин китобҳо дар шакли лўлаҳои папирусӣ дар ҳазораи сеюми пеш аз мелод навишта шудаанд. Охирин навиштаҷоти папирусӣ бошад ба ибтидони асри XI мелодӣ тааллуқ доранд.
Маводи дигаре, ки барои китобнависӣ (хатнависӣ) маъмул гардида буд, пергамент мебошад. Пергамент аз пўсти ҳайвонот тайёр карда мешуд. Номи он ба шарафи маконе, ки дар он ҷо ихтироъ карда шудааст, яъне ба шарафидавлати Пергам гузошта шудааст. Бар хилофи папируси нозуку зудшикан пергамент ба варақаҳо тақсим карда шуда, дар ҳар ду тарафи варақаҳо матн навишта мешуд. Варақаҳо дар ҷилд дўхта шуда шакли китобро мегирифтанд. Аввалин китобҳои пергаментӣ ба асри дуюми мелодӣ тааллуқ доранд.
Дар Чини Қадим ҳамчун маводи хатнависӣ (маводи китоб) лавҳаҳои бамбуқи (найи ҳиндӣ) истифода мешуданд, ки бо ҳалқаҳои металлӣ дар шакли парда часпонда мешуданд. Баъдтар ин технология ҳангоми хатнависӣ дар абрешим истифода гардидааст.
Дар кишварҳои Аврупо дар лавҳаҳои чўбин, ки аз пўстлохи дарахти тўс тайёр карда мешуданд, хат менавиштанд. Ин тарзи китобнависӣ дар байни халқҳои славян ва ҳиндуҳо нисбатан маъмул буд. Аввалин китобҳое, ки дар пўстлохи дарахти тўс навишта шудаанд, ба асри IX мелодӣ тааллуқ доранд.
Ҳамин тавр, ҳанўз дар замонҳои қадим инсоният хатро ихтироъ кард, ки ин ба пайдоиш ва ташаккули китобҳои дастнавис боис гардид. Аз ҳама муҳимаш китоб ҳанўз дар замонҳои қадим вазифаи фаро гирифтан ва паҳн намудани иттилоъро иҷро мекард. [Таърихи аввалин китобҳо ва аввалин китобхонаҳо аз кўшишҳои иштиёқмандона ва комили homo sapiens дар роҳи фарҳангу тамаддун гувоҳӣ медиҳад, ки ин бояд дар вуҷуди мо ҳисси эҳтиром ба гузашта ва эҳтиром ба ниёгони худро ба вуҷуд оварда, барои дар рўҳияи фурўтаниву хоксорие, ки ба шахси зиёӣ хос аст, тарбия намудани инсон замина гузорад…].
Ниҳоят дар асри VI пеш аз мелод дар Чин барои тайёр кардани китоб абрешими пардозкардашуда истифода бурда мешуд. Маҳз ҳамин кишвар бори аввал ба ҷаҳониён қоғаз – маводеро пешниҳод намудааст, ки дар таърихи китобнигорӣ ниҳоят муҳим гардид ва дигар маводи қаблии хатнависиро аз байн бурд. Беҳуда нест, ки Чинро «модари тамаддун» меноманд. Дар Чин қоғазро аз абрешим ва аз нахи бамбуқ (найи ҳиндӣ) тайёр мекарданд; дар Аврупо аз канаб ва катон қоғаз тайёр мекарданд. Ватани қоғази латтагӣ Осиёи Миёна мебошад. Ин навъи қоғаз дар асрҳои I – II аз ин ҷо ба Сурия, Миср ва баъдан ба Аврупо паҳн гардидааст. Баъдтар технологияи аз ҳамираи чўб ва селлюлоза тайёр кардани қоғаз ба вуҷуд омад.
Баъди ихтирои қоғаз марҳилаи тўлонии инкишофи китобҳои дастнавис фаро мерасад. Дар қоғаз навиштан қулай ва осон буда, вақти зиёдро талаб намекард. Назар ба дигар маводи хатнависии қаблӣ қоғаз маводи нисбатан муносиб буд, тайёр кардан, нигоҳ доштан, аз як ҷой ба ҷойи дигар бурдан, муқовабандӣ кардани он ва ғайра кори нисбатан осон ба ҳисоб мерафт. Баъди ихтирои қоғаз масъалаи бо чӣ навиштан низ бо осонӣ ҳал гардид ва он ҳамчун асоси хатнависӣ аз маҳалҳое, ки дар он ҷо асарҳо навишта мешуданд, пайдо карда мешуд. Одамон шираи растаниҳоеро, ки дар гирду атрофашон мерўиданд, ба даст оварда онро барои хатнависӣ истифода мебурданд. Ҳар гуна сиёҳиҳо, тушҳо ва амсоли инҳо ба вуҷуд омаданд. Сифати қоғаз ҳамчун дарбаргирандаи маълумот босуръат зиёд гардидани миқдори китобҳои дастнависро таъмин намуд. Шумораи чунин китобҳо ҳамеша дар ҳоли афзудан буд. Касбҳои хаттотию нассохӣ ба вуҷуд омаданд, ки дар ҳарҷо ҳар хел ном бурда мешуданд, вале дар ҳама ҷо касби пуршарафу пурифтихор ба ҳисоб мерафтанд. Табиист, ки дар ин давра аз ҳама бештар китобҳои динӣ – Қуръони Маҷид, Тавроту Инҷил нусхабардорӣ мешуданд. Баъдан «аз ҷиҳати шумора» «китобҳои ҳаётӣ» мақом доштанд, ки қоидаҳои мухталифи ахлоқи зиндагӣ, нишондодҳои ҳаётӣ, панду насиҳатро дар бар мегирифтанд ва онҳо низ заминаи динӣ доштанд. Дар баробари ин китобҳои дорои мазмуну мундариҷаи бадеӣ – зиндагиномаи авлиёҳо, достонҳои қаҳрамонию ҷавонмардӣ ва паҳлавонӣ арзи вуҷуд мекарданд. Қиссаҳои саргузаштии арабии «Синбоди дарёгард» ва «Ҳазору як шаб» низ дар шакли китобҳои дастнавис паҳн гардида буданд. Ин асарҳо дар Аврупо хеле зиёд нусхабардорӣ мешуданд. Ба асарҳои фалсафии муаллифони тоҷику форс, араб ва чинӣ низ дар Аврупо талабот зиёд буд.
Дар замонҳои қадим ва дар асрҳои миёна шавқу завқи одамонро барои ҳифз намудани китобҳо махсус қайд кардан лозим аст. Одамон арзиши интиқолнаёбанда будани китобро аз нуқтаи назари маданияти бунёдӣ, ва ҳамчун сарчашмаи маълумот (дар бораи он замон) барои наслҳои оянда будани китобро хеле барвақт дарк намуда буданд. Таърих мисолҳои зиёдеро дар ёд дорад, ки ҳангоми ҷангҳо ва тахрибкориҳо одамони одӣ, ки худ бесавод буданд, дар баробари фарзандону маҳсулоти ғизоӣ китобҳоро низ аз нобудшавӣ наҷот додаанд. Онҳо, ҳангоме ки аз минтақаҳои набард фирор менамуданд, китобҳоро низ бо худ мебурданд. Дар бораи дарки масъулияти вазифавии хаттотону нассохон низ дар китобҳои дастнависе, ки аз тарафи онҳо нусхабардонӣ шудаанд, маълумотҳо мавҷуданд, зеро хаттотону нассохон баъзан дар ин китобҳо дар бораи худ низ маълумот дарҷ менамуданд.
Китобро на танҳо қироат мекарданд, балки ба таври оммавӣ мешуниданд. Дар баробари касби нассох касби қорӣ (қироаткунандаи китоб) низ мавҷуд буд. Қориҳо, ки дар маҳфилҳои гуногун ба қироати китоб машғул буданд, дар баланд бардоштани завқу салиқа ва маънавиёти ҷомеа саҳми назаррас гузоштаанд.
Адабиёт
1. Акопов, А. И. Общий курс издательского дело. – Воронеж, 2004. – 218 с.
2. Виноградова, Л. А. История книжного дела в России (988–1917): Курс лекций для вузов. – М., 1991.
3. Владимиров, Л. И. Всеобщая история книги. – М., 1988.
4. Глухов, А.Г. Русь книжная. – М., 1979.
5. История книги / Под ред. А. А. Говорова и Т. Г. Куприяновой. – М., 2001.
6. Немировский, Е. Л. Мир книги. С древнейших времен до начала ХХ века. – М., 1986.
7. Немировский, Е. Л. Путешествие к истокам русского книгопечатания. – М., 1991.
8. Проблемы рукописной и печатной книги. – М., 1976.
Манбаъ: “Паёмномаи фарҳанг”
Нашрияи илмию таҳлилӣ 2015, № 4 (32)
ПАЁМНОМАИ ФАРҲАНГ – Нашрияи илмию таҳлилӣ 2015 №32