Ислоҳи маориф дар «Бухорои шариф»

Ҳар гоҳ, ки аз мавқеи васоити ахбор дар ҷомеа сухан ронданӣ мешавем, бегумон пеши назарамон матбуоти даврӣ ҷилвагар мешавад. Ин ҳолат танҳо ифодагари он нест, ки матбуот воситаи классикии ахбори оммавӣ буда, дар ташаккули афкори иҷтимоии давру замон саҳмгузор аст, балки ин восита чун пири солдидаву таҷрибаомўхта дар баробари қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии мардум, дар тарбияи ғоявию сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва фарҳангиву эстетики ҷомеа нақши бориз доштаву дорад. Чои шубҳа нест, ки маҳз бо шарофати матбуот мо дарси одаму одамгарӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ватандўстиву ватанпарварӣ омўхта, бедории фикрӣ ва ҳисси миллии худро вусъат бахшидем. Албатта, дар ин ҷода воситаҳои дигари ахбори омма низ нақш доранд, аммо ҷиҳати барангезии фикр, таҳаммулпазирии андеша, амиқияти гуфтор, истеҳкоми хотир то имрўз матбуот дар сафи пеш қарор доштаву дорад. Хоса дар замони муосир, ки бо шарофати инкишофи технологияи иноватсионӣ дастраси ва таъмини сареъи ҷомеа бо иттилооту навгонӣ, ҳамаҷониба имконпазир гардидааст, рисолати матбуот боз ҳам равшану мушаххас мегардад. Ин рисолат маънидод кардан, фаҳмонидан, пасманзараеро нишон додан, ба ҳалли мушкилот мусоидат намудан аст. Мундариҷаи матбуоти даврии муосирро бештар ташкил додани муносибати субъекту объект худ далелест бар ин нукта. Ин ҳолат як навъ байни нахустнашрияҳои миллӣ ва матбуоти имрўз иртиботе ба вуҷуд меорад, ки онро асосан, дар шакли муносибати маъноӣ метавон арзёбӣ намуд.

Ҳарчанд пайдоиши матбуот дар ҷаҳон умри беш аз 500-сола дорад, аммо барои тоҷикон ин падидаи нави замонӣ дар ибтидои садаи бист насиб гашт. Дар охири садаи Х1Х ва оғози садаи ХХ равшанфикрону маорифпарварони тоҷик дарёфтанд, ки яке аз сабабҳои тараққиву пешравии кишварҳои Аврупо ва қафомонии мамолики Шарқ, аз ҷумла Осиёи Миёна ба илму маориф алоқаманд аст. Дар ин ҷода, алалхусус нақш ва мавқеи асосгузори ҷараёни маорифпарварии Осиёи Миёна Аҳмади Дониш (1826 – 1897) дар арсаи ислоҳот ва аз ҷумла низоми маориф дар Бухоро вижа ва барҷаста аст. Ў дар соли 1876 китоби маъруфи худ – «Наводир-ул-вақоеъ»-ро навишт, ки ба қавли Наҷмиддини Ковиёнӣ “яке аз барҷастатарин осори қарни 19 мелодӣ дар Осиёи Миёна аст, ки дар амри таҳаввули фикрӣ, сиёсӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии таҷаддудхоҳони Осиёи Миёна нақши бузурге” бозид.

Маҳз ҳамин равияи маорифпарварӣ ва андешаи тозаву замонавии Аҳмади До-ниш буд, ки ҳаммаслакону пайравонаш пайи андешаи ислоҳоти ҷомеа шуданд ва талош варзиданд то назарияи иҷтимоигаронаи ўро ба амал пайваст намоянд. Дар оғози садаи ХХ бо ҳиммати ҷавонони навхоҳу бедор-устод Айнӣ, Абдулвоҳиди Мунзим, Хомидхоҷаи Меҳрӣ ва Аҳмадҷони Ҳамдӣ дар Бухоро аввалин мактаби усули нав роҳандозӣ шуд. Бо кўшишу ҳиммати Мирзомуҳиддин ва Мирзосироҷи Ҳаким нахустрўзномаи тоҷикии Осиёи Миёна ”Бухорои шариф” (1912) рўи чоп омад. Ин ҳодисаҳои фарҳанги қадами ибтидоие буд дар роҳи оммавигардонии ташаккули маърифати иҷтимоӣ ва худшиносии тоҷикон.

Чопи «Бухорои шариф» ба осонӣ рух надод, балки дар интишори он он омилҳои зиёде нақши манфиву мусбат гузоштаанд. Ҳарчанд мушкилоту монеаҳое муҳити Бухоро, хусусан аморат садди роҳи таъсиси нахустрўзномаи тоҷикӣ ме-шуд, аммо таҷаддуди ақидаҳои маорифпарварона, ҳамчунин таъсири матбуоти кишварҳои ҳамҷавору ҳамдин, ки бо ҳар роҳ ба Бухоро мерасиданд, назари таҷаддудхоҳонаи ҷавонбухориёнро вусъат бахшида, тавлиди рўзномаро наздик мекард. Ба таъбири устод Айнӣ «бо таъсири ин газетаҳо ва дар натиҷаи инқилоби Русия ва Туркия касоне пайдо шуданд, ки ба аҳволи илмӣ ва иҷтимоии Бухоро ва ба зулму разолатҳои доираҳои давлатӣ бо назари танқидӣ менагиристанд» (1,69). Ин нашрияҳо “Ахтар” (Туркия), «Ҳабл-ул-матин» (Ҳиндустон), «Чеҳранамо», «Парвариш» (Миср), «Тарҷумон», «Вақт» (Оренбург) ва “Мулло Насриддин” (Қавқоз) буданд, ки дар саҳифаҳои худ баробари воқеаҳои минтақа ҳаводиси Бухороро низ мунъакис менамуданд. Маҳз чунин матолиб таваҷҷуҳи тараққихоҳони бухороиро бештар ба худ ҷалб менамуд. Ҳамин тавр, дар зери таъсири матбуоти ҳалқҳои дигар, ҳамчунин кўшиши дастандаркорон 11- марти соли 1912 (4 рабелулохири 1330 – ҳиҷрӣ) дар матбааи хусусии тоҷири яҳудитабор Л. Н. Левин воқеъ дар шаҳраки Когон шумораи аввалини “Бухорои шариф” рўи чоп омад. Ҳарчанд ин нахустрўзномаи тоҷикӣ  танҳо даҳ моҳ- то 2 январи соли 1913 ба табъ расид, аммо дар таъриху фарҳанги тоҷикон, алахусус инкишофи минбаъдаи матбуоти даврӣ нақши муҳим гузошт.

Дар шумораи аввал ҳадаф ва вазифаҳои нашрия чунин маънидод шудааст: “Рўзномаи мо илмӣ, адабӣ, иҷтимоӣ, фаннӣ, иқтисодӣ, ба тараққии бародарони исломӣ хоҳад кўшид. ... Мақсаду маслаки “Бухорои шариф” бетарафӣ буда, эҳтиёҷот ва лавозимоти аҳолии Бухоро ва умуман, исломро шарҳ хоҳад намуд: дар интишори тамаддун ва ҳусни иҷтимоъ соъӣ хоҳад буд”.

Воқеан, мундариҷаи шумораҳои нашрия гувоҳӣ медиҳанд, ки ин мақсад ҳамеша мадди назари ҳайати эҷодии он будааст. Аз ҷумла, огоҳ намудани мардуми Варорўд ва Туркистон аз авзоъву аҳволи минтақаву ҷаҳон, бедории фикрӣ ва босаводии ҷавонон, густариши маориф, беҳбуди умури беҳдоштӣ, кишоварзӣ ва обёрӣ, ташвиқу тарғиби мардум ба корҳои тиҷорати миллӣ,

таваҷҷуҳ ба тавсеаи муносибатҳои бозаргонӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои дигар, истифода аз пешрафтҳои фаннӣ, ҳимоят аз саноеъи маҳаллӣ, мубориза бар зидди ҷаҳл ва хурофотпарастӣ, эътибор ба рушду нумўи забони модарӣ, даъвати мусулмонон ба ваҳдат ва амсоли ин ҳамчун ҷузъҳои таркибии мақсади аслии нашрия ҳамеша дар меҳвари нигоштаҳо қарор доштааст, ки аз иртиботи умумии равшангароёну таҷаддудхоҳони тоҷик бо ҷараёнҳо ва ҷунбишҳои фикриву сиёсӣ, тағйиру таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии Русия, Эрон, Қафқоз, Афғонистон, Ҳиндустон ва давлати усмонӣ дарак медиҳад. Рўзномаи “Бухорои шариф” бо азми қавии муҳаррираш Мирзоҷалоли Юсуфзода ва дастандаркоронаш Мирзо Муҳиддин ва Мирзосироҷи Ҳаким, дар муддати кўтоҳ ба минбари баланди равшангароёну таҷаддудхоҳон табдил ёфт.

Доманаи мавзўоти рўзнома нисбатан васеъ буд ва масъалаҳо дар шакли гуногун инъикос у баррасӣ мешуданд. Аз ҷиҳати мундариҷа мавзўъҳои нашрияро ба сиёсиву иҷтимоӣ, хоса мактабу мориф, кишоварзӣ, илму дин ва аз рўи тарзи инъикос ба хабариву таҳлилӣ, публитсистиву бадеӣ ва аз ҷиҳати хусусият ба асливу тарҷума метавон ҷудо намуд. Ҳамчунин наздик ба 20% маводи нашрияро ахбори хориҷӣ ташкил медод.

Маводи ахборӣ, асосан, муҳимтарин рўйдоду воқеаҳои аморати Бухоро, кишвари Туркистон, мамолики ҳамсояи Эрону Афғонистон ва Русияву Қафқозро фаро мегирифт, ки дар огоҳии иттилоотии хонандагони замон аз аҳамият холӣ набуд. Матолиби таҳлилӣ дар нашрия ҷойгоҳи хоса дорад. Ағлаби матолиби он фарогири проблемаи муҳим буда, масъалаҳои тарғиби илму ҳунар, ислоҳи вазъи таълим, зарурати омўзишу пажўҳиши замонавӣ, пайравӣ ба усули ҷадиди

таълими дунявӣ, омўзиши забонҳои хориҷӣ, пешбурди тиҷорат, кишоварзӣ ва амсоли инро фаро гирифтаанд. Аммо, дар ин миён масъалаи ислоҳи маориф аз мавзўъҳои нисбатан мубрами нашрия маҳсуб меёбад. Зеро, чунончи ишора шуд, яке аз мақсадҳои асосӣ ва барҷастаи гўрўҳҳои равшанфикр ва ислоҳталабиминтақа, аз ҷумла ҷавонони Бухоро дар он давра таҷдиди усули таълим, таъмими илмҳо, ташкили мактабу мадориси замонавӣ ва инкишофи маориф буд.

Рўзномаи “Бухорои шариф” бовуҷуди фаро гирифтани мавзўоти муҳими айём, ба ин масъала диққати бештар додааст. Зимнан, мадрасаҳои Бухоро дар он замон вазъи нобасомоне доштанд ва “теъдоди босаводон ва шогирдони мадорис андак ва амри фарогири улум маҳдуд буд”. Усули таълим аз замона қафо ва ба ҷаҳлу хурофот мубтало гардида буд. Нашрия ҳанўз дар шумораҳои аввал вазъи нобасомони мактабу мадрасаҳои замони амириро баррасӣ намуда, роҳи беҳбуди онро дар «таҳрис (ташвиқ)-и мардум ба талаби улум ва ислоҳи вазъи таълим»маънидод намуда, қарор медиҳад, ки пайваста онро пайгирӣ менамояд. 

Нашрия қарори худро пайгирӣ намуда, масъалаи мазкурро ба мавзўоти муҳим табдил медиҳад, ки он аз мақола то ба мақолаи дигар пайваста мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта, мубоҳисон (нигорандагон) майл ба илму таълим, густариши маориф ва кушоиши мадорисро як амри «динӣ ва миллӣ» арзёбӣ карда, нақши онҳоро дар бедории мардум ва мубориза бар зидди ҷаҳлу хурофот ва инкишофи ҷомеа муҳим ва зарур донистанд.“Бухорои шариф” дар шинохти илм ва доираи фаҳмиши манфиати он назари тозаи дунявиро талқин менамояд. Дар нигоштаҳои сардабири рўзнома назари маҳдуд ва якҷонибаи баъзе уламо (муллоён), ки ба иршодоти пайғамбари ислом “талаби илм бар марду зан фариза аст, паноҳ металабем аз илме, ки нафъ намебахшад” такя намуда, ба истиснои улуми фиқҳи илмҳои дигарро муътабар намедонанд, ҳамчун амали бемаърифатӣ маънидод мегардад. Дар нашрия бо тафсил аҳамият ва суди илмҳои гуногун тафсил шуда, аз зарурати фарогирии тамоми илмҳо дар ҳаёти инсонӣ пойфишорӣ мешавад. Рўзнома натанҳо хонандагонашро ба омўхтани улуми фалсафа, таърих, ҷуғроофиё, тиҷорат, кишоварзӣ наботот ва ба ин васила густариши маориф ва

ислоҳи он ташвиқ мекард, балки ба умеди аз ҷониби амири Бухоро, дастгоҳи идораи он ва гурўҳҳои рўшанфикри аморат дастгирӣ ёфтан ба ҳалли қазияҳо пешниҳодҳои мушаххасро низ ироа месохт. Ба ин мазмун Мирзо Ҷалолюсуфзода навиштааст: “агар мо бихоҳем, миллати худро масъуд бибинем ва онҳоро бедор намоем, ҷамъияти нашри маорифро лозим дорем». Доир ба мақоми илм ва нақши он дар инкишофи ҷомеа муҳаррири рўзнома таъкидан менависад, ки: «Агар касе аз аввал то охири Қуръони шарифро мулоҳиза намояд, возеҳ ва ошкор мебинад, ки таклифе болотар аз илм барои инсон нафармуда... талаби илмро ба ҳар муслим ва муслима фарз фармуда...». “Бо нақд он чи ошкор мебинем,он аст, ки муҳтоҷ ба илм ҳастем. Илмҳое, ки бо ҷиҳати дунё ва охирати мо лозим аст, гўё надорем”.

Як хусусияти хоси мақолоти ин нашрия он аст, ки муаллифон новобаста ба чигунагии мавзўи баррасишаванда ҳалли онро ба пешрафти илму дониш марбут медонанд. Дар нигоҳи нашрия «калиди ин ҳама балоҳо мактаб, мактаб ва боз мактаб аст» (1912, 6 июл).

Чу ишора шуд, асли нияти ҷавонбухориён аз таъсиси нахустрўзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” “интишор ва тараққии улум будааст» ва ҷои шубҳа нест, ки масъалаи меҳварӣ барои ин нашрия масъалаи маориф буд. Ин аст, ки муҳаррири рўзнома- Мирзоҷалол Юсуфзода дар мақолааш “Ифтитоҳ” таъкидан менависад, ки кушоиши рўзномаро “бояд бо тартиби вазъи таълим ибтидо намуд”(1912, 13 март). Воқеан, тартиби вазъи таълим ҷавҳари асосии мақолоти нашрия, ба вижа нигоштаҳои Мирзоҷалолро ташкил медиҳад. Ин масъала махсусан дар мақолоти ў “Чӣ бояд кард?” (2012, 14 март), “Тартиб лозим аст” (2012, 16, 18, 19 март), “Таҷдиди матлаъ” (2012, 26, 27, 28 март), “Ислоҳи мадорис” (№№ 100, 101,102), “Муаллим ва таълим” (№100, 101, 102) ва ғайра баррасӣ гардидааст.

Муаллиф дар ин ва дигар нигоштаҳои худ роҳҳои тартиби саҳеҳ ва дуруст-гардонии соҳаи маорифро пешниҳод намуда, паҳн намудани усули замонавии таълимро дар мадрасаву мактабҳои Бухоро таъкид менамояд. Ба таъбири П. Гулмуродзода, Мирзоҷалол Юсуфзода “ҳам бо силсиламақолаҳои хеш ва ҳам маслаконаш дар шикастани яхпораҳои афкори мардуми кишвар саъю талош кард. Аз мақола то мақола, аз шумора то шумора хонандагону муштариён, мухлисону ҳаводорони рўзномаро ба андешаю мулоҳиза водор месохт, бароиба ҳар ҷузъиёти ҳаёти иҷтимоӣ бо чашми ибрат назар кардан раҳнамун месохт, аз саҳифаи таърих панд гирифтан ва аз таҷрибаи дигарон баҳра бардошта, ба ислоҳи камбуду норасоиҳои хеш пардохтанро талқин мекард. Бо таҳлили нерўманд, жарфу саҳеҳ ва мисолҳои мушаххаси нишонрас ба дили хонада роҳ меёфт ва хонанда ногузир ба фикру мулоҳиза ғўтавар мешуд”(2, 119-120). Яке аз муаллифони дигари “Бухорои шариф”, ки ба масъалаи ислоҳи маориф таваҷҷуҳи бештар дошт, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ- яке аз симоҳои барҷастаи ҷадидияи Осиёи Миёна буд. Ў дар нигоштаи худ “Усули ҷадидия чӣ гуна аст?” (“Бухорои шариф”, 1912, 28 ноябр) доир ба моҳияти ин усул, заминаҳои шакл гирифтан, тарзи дарсхонӣ ва аҳамияти он дар таълиму тарбияи наврасон сухан ронда, аз ҷумла менависад: “Усули ҷадидия қоидаи тозаест, ки мактаббачагонро ба тарзи дигар таълим мекунанд. Ин қоида ба воситаи соҳиби ҷаридаи “Тарҷумон” ҷаноби Исмоилбек байни мусулмонони мамлакати Русия ҷорӣ шуда ва аз он ба Туркистон гузашт..... Ин гуна макотибро – мактаби усули савтия ё ин ки дабистони усули тоза меноманд. Натиҷаи ин мактаб он аст, ки атфол ба зуддӣ хононда ва нависонда мешаванд ва ҳар чизе, ки мехонанд, монанди дарси бомаъно ва мафҳум таълим мегиранд ва аз хондан лаззат мебаранд. Бинобар ин атфоли ин мактаб намегурезанд, балки гурехта ба мактаб меоянд”. Дар зоҳир нигорандаи ин матлаб масъалагузорӣ намекунад, аммо тарзи бозгўи моҳияти масъала худ муносибати тазодӣ ва афзалияти усули тозаи таълимро намо медиҳад. Хонанда ба осонӣ пай мебарад, ки усули ҷадидия дар баробари хонондану нависондан,ба мактабиён ҳисси кунҷкофиро талқин мекунад, дар шинохти таърих, ҷуғрофиё, набототу ҳайвонот, физикаву кимиё ба онҳо кумак мерасонад.

Муаллифи фаъоли нашрия Мирзосироҷи Ҳаким низ ба ин маъала дахолат намуда, дар мақолаҳои “Лузуми қироатхона ва китобхона”, “Вазифашиносӣ”, “Сухани гуфтанӣ” ва ғайра зарурати омўзиши илм, таълими замонавӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, мувофиқ ба талаботи замон тайёр намудани мутахассисон ва амсоли инро таъкид месозад. Аз ҷумла ў масъала ба миён мегузорад, ки: “дар мактабҳо ҳар фан: забони тоҷикӣ, расмкашӣ, забони русӣ, забони арабӣ, ҳисоб, ҷуғрофия аз тарафи мутахассисони он таълим дода шавад, муаллими ҳар фан бояд фанни худро донад”. Аз ин ва амсоли ин шеваи масъалагузориҳобармеояд, ки муаллифон аз тараққиёти илму маорифи мамолики хориҷа хуб огоҳ будаанд ва бо дарки масъулияти шаҳрвандиву ватандўстдорӣ баҳри пешрафти илму маорифи ватанӣ кўшидаанд.

Умуман, масъалаи ислоҳи маориф дар “Бухорои шариф” ҷойгоҳи хос ваинъикоси вижаиро касб намудааст. Омўзиш ва таҳлили ин масъала, ҳамчунин дигар мавзўоти нашрия нишон медиҳад, ки дастандаркорони он, пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоъро ба мактабу маориф марбут дониста, бунёди ҷомеаи инсонпарварро дар аморати Бухоро ва Туркистон, асосан, тавассути ислоҳи дақиқи соҳаи маориф тасаввур мекарданд.

Ин анъанаи неку арзишманди “Бухорои шариф” дар нашрияҳои дигари аввали садаи ХХ, аз ҷумла маҷаллаи хусусии “Оина” нахустҳафтаномаи даврони шўравии тоҷик “Шуълаи инқилоб”, нахустрўзномаҳои Тоҷикистони мухтор “Овози тоҷик” ва “Бедории тоҷик” идома ёфт. Ин ва дигар нашрияҳо маҳз дар хусуси мактабу маориф сухан ба миён оварда, мардумро ба баҳраи бештаре бардоштан аз илму маърифати замонавӣ ва равшанфикронро ба иншоикитобҳои нави дарсии мувофиқ ба талаботи замон даъват намудаанд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон аҳамияти дучанд касб кардааст.

Муаллиф: М. Муродов
доктори илмҳои филологӣ, профессор

 

 

 

 

 

Баргиифта аз маҷаллаи “Паёмномаи фарҳанг”  2014 – №1 (25)  

Адабиёт :

1. Айнӣ, С. Таърихи инқилоби Бухоро. – Душанбе, 1987.
2. Гулмуродзода, П. Маорифпарварӣ ва низоми нави ҷаҳон.-Душанбе, 2006.
3. Ковиёнӣ, Н. Пажўҳиш бар замона ва корномаи рузномаи “Бухорои шариф”//Ҷашни фархундаи матбуоти тоҷик.- Душанбе, 2013.- С.30-75.
4. Салимзода, О. Публитсистикаи Мирзоҷалол Юсуфзода.-Душанбе, 2003.

барчасп: