Activities calendar

04 мая 2016

Чеҳраофаринӣ дар матбуоти даврии маҳаллӣ (дар мисоли “Нури Нуробод”)

Нақши нашрияҳои музофотӣ дар пешрафти ҳаёти фарҳангиву иҷтимоӣ ва адабиву илмӣ ҳамеша чашмрас боқӣ мемонад. Ин фикри хулосасозро ба сифати муқаддима ба он ваҷҳ иброз медорем, ки ҳанӯз аз оғози солҳои сиюми асри гузашта, ин вазифаву рисолат ба таври мушаххас барои нашрияҳои маҳаллӣ маълум гашта буд. Ҷои пушида нест, ки дар замони шӯравӣ нашрияҳои маҳаллӣ ҳамчун як унсури муҳими таблиғу ташвиқ мақоми баландро соҳиб буданд. Албатта, нашрияҳои миллӣ дар ҳама давру замон аз лиҳози таъинот, иқтидор ва маҳбубият болотар аз соири матбуоти дигари

барчасп: 

Арзишҳои фарҳанги миллиро чӣ гуна бояд таблиғ кард?

Роҷеъ ба истилоҳи фарҳанг шарҳу тафсир ва навиштаву асарҳои бешуморе вуҷуд доранд, ки рисолати онро аз равзанаҳои мухталиф шарҳ медиҳанд. Ин истилоҳро дар доираи як ифодаи маҳдуд баён кардан мушкил аст. Дар китоби «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ин истилоҳ чунин шарҳ ёфтааст: «Маҷмӯи дастовардҳои инсоният дар соҳаи муносибатҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ ва ахлоқӣ; маданият…» [2, C.406]. Дар ин пажӯҳиш ин маънӣ муайянкунандаи самти андешаи мо қарор гирифтааст.
Шарҳи мазкур маҷмӯи талошу ҷустуҷӯҳои инсониятро дар партави калимаи фарҳанг