Ҳулбак пойтахти антиқаи Ҳуттал
Чоп шуд: 11/05/2016Тақрибан 11 километр болотар аз қасри Ҳулбук (деҳаи Қурбоншаҳид) дар самти шимолӣ, дар соҳили рости дарёи Сурхоб, деҳаи замонавии Ҳулбак ҷойгир шудааст. Хотирот дар бораи ин деҳа дар қайдҳои ҷолиби муҳаққиқони таъриху фарҳанги Тоҷикистон А.П. Колпаков, А.Е.Маҷӣ ва F.Fоибов оварда шудааст. Онҳо аз байни бисёр ёдгориҳои бостонии минтақаи мазкур, маҳз ба шаҳраки воқеъ дар деҳаи Ҳулбак бештар ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Зеро ки шаҳраки мазкур дар ибтидо дорои релефи хеле возеҳу равшан бо боқимондаҳои иморатҳои муҳташам ва хатҳои обёрӣ будааст, ки