Ҳулбак пойтахти антиқаи Ҳуттал

Тақрибан 11 километр болотар аз қасри Ҳулбук (деҳаи Қурбоншаҳид) дар самти шимолӣ, дар соҳили рости дарёи Сурхоб, деҳаи замонавии Ҳулбак ҷойгир шудааст. Хотирот дар бораи ин деҳа дар қайдҳои ҷолиби муҳаққиқони таъриху фарҳанги Тоҷикистон А.П. Колпаков, А.Е.Маҷӣ ва F.Fоибов оварда шудааст. Онҳо аз байни бисёр ёдгориҳои бостонии минтақаи мазкур, маҳз ба шаҳраки воқеъ дар деҳаи Ҳулбак бештар ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Зеро ки шаҳраки мазкур дар ибтидо дорои релефи хеле возеҳу равшан бо боқимондаҳои иморатҳои муҳташам ва хатҳои обёрӣ будааст, ки намунаи тарҳу симои он то имрўз қисман боқӣ мондаанд. Мутаассифона, бо сабабҳои номаълум дар ин мавзеъ ягон тадқиқоти омўзишӣ-бостоншиносӣ гузаронида нашуда буд, ҳол он ки тамоми далелҳои шайъии таърихии мавҷудияти маркази бузурги аҳолинишини асримиёнагӣ ҷой доранд.

Таваҷҷуҳи мутахассисон ба ин мавзеи таърихӣ дар солҳои охир, баъди он ки сокинони маҳаллӣ ҳангоми сохтмони хонаҳои худ ба дарёфти ашёҳои хеле нодири бостоншиносӣ оғоз намуданд, зоҳир карда шуд. Масалан, дар ҳавлии яке аз сокинони деҳа, ҳангоми корҳои сохтмонӣ хумдони кулолӣ бозёфт карда шуд, ки ҳолати нигоҳдошти он бениҳоят хуб буд. Таҳқиқҳои мукаммали хумдон ва атрофи он собит намуданд, ки он мансуб ба давраи асримиёнагии барвақтӣ мебошад.

Ҳамчунин, ҳангоми бурдани корҳои татқиқотӣ маснуоти кулолгарӣ, фулўзӣ, сангӣ, нумизматикӣ ва ороишӣ бозёфт гардиданд, ки мутааллиқ ба давраи юнону-бохтарӣ ва Кушониён мебошанд. Ҳамагӣ дар масофаи 100 метр дуртар аз хумдон якчанд адад кузаҳо ва хумҳои гуногунҳаҷми замони Кушониён бозёфт шуданд.


Расми 2. Ҳулбак, хумҳо

Вале бозёфтҳои аз ҳама ҷолиб ва нодир дар қисми шарқии деҳаи Ҳулбак аз ҳудуди теппаи тақрибан 15 м. баландӣ дошта, ки тарҳи байзашакл ва релефаш хеле равшан намоён аст, пайдо карда шудаанд.


Расми 3. Ҳулбак. Хумдони кулолӣ

Бояд қайд намуд, ки теппаи мазкур дузинагӣ буда, тарҳи он хосси эъмори қасрҳои давраҳои аввали асрҳои миёна мебошад. Дар қисмати баландӣ (шимолӣ) арк ҷойгир буда, қисмати нисбатан паст (ҷанубӣ)-ро ҳуҷраҳо ва иморатҳои хоҷагидорӣ дар бар мегиранд. Таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин мавзеи таърихӣ, албатта, кори минбаъдаи мутахассисони соҳавӣ мебошад. Айни замон дар асоси таҳқиқҳои гузаронидашуда ва бозёфтҳои пайдогардида метавон хулоса кард, ки қалъа (деворҳои мудофиавии он аз қисми ҷанубу-шарқӣ қисман боқӣ мондаанд) ба давраи аввали асрҳо миёна мансубият дошта, як муҳлати муайяне дар давраи рушди асримиёнагӣ низ, арзи ҳастӣ намудааст.

Ҳангоми гузаронидани таҳқиқотҳои бостоншиносӣ аз мавзеи мазкур маснуоти мухталифи фулузии маросимии хосси дайрҳои кушонӣ аз қабили қошуқ, зарфҳои полонанда, табақчаҳои биринҷӣ, инчунин ҳайкалчаҳои сафолӣ ва зарфҳои гуногуни хоҷагидорӣ бозёфт гардидаанд. Яке аз онҳо ҳайкалчаи дар тан пероҳани ашрофона дошта мебошад, ки он бо тарзи хеле аҷиб нақшу нигор ва зебу оро ёфтааст.

 


Расми 4. Ҳулбак ҳайкалчаҳои сафолӣ

Аниқтараш, бозёфти мазкур намунае аз ҳайкалчаҳое мебошад, ки ба яке аз муқаддасоти замони зардуштӣ, худои серҳосилӣ-Аноҳито бахшида шудааст.

Бозёфҳои дигари бостоншиносӣ муҳраҳои сафолии шоҳмот (пиёдааскар ва филҳо) мебошанд, ки аз рўуи хусусият ва арзиши илмии худ мансуб ба бозёфтҳои нодир ба шумор мераванд.

Дар тўли зиёда аз 60 соли тадқиқотҳои бостоншиносӣ, ки дар Осиёи Марказӣ гузаронида шудаанд, то имрўз ҳамагӣ панҷ маротиба бозёфти донаҳои шоҳмот ба мушоҳида расидааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бори дувум аст, ки бостоншиносон бо миқдори зиёд ба дарёфти донаҳои шоҳмот муваффақ гаштаанд.

 Бозёф намудани донаҳои шоҳмоти аз сафол сохташуда бошад, дар таҷрибаи бостоншиносӣ бори аввал мебошад.

Донаҳои шоҳмоти аз ҳудуди деҳаи Ҳулбак пайдогардида аз гили зарди бо ангоби сафедранг рўйбастгардида сохта шудаанд. Дар чор адади онҳо филҳоро бо саворагонашон тасвир менамоянд. Дар муқоиса бо «фил»-и аз қасри Ҳулбук пайдо гардида дар онҳо пероҳани савора бо ғановати хеле барҷаста тасвир ёфтааст. Донаҳои шоҳмоти гилин аз ҷиҳати зебу зиннати ҷузъиёти алоҳидаашон ба назар одӣ менамоянд ва тарҳи асосии ин ҳайкалчаҳо бо усулҳои кандакории на он қадар амиқ муайян карда шудаанду халос. Ҳамин тавр, дар ҳайкалчаҳои гилин хартум ва дандонҳои ашки филҳо бо ду буриши мудаввар, пойҳояшон бошад, фақат бо секунҷаи чуқурчадор ишора карда шудаанд. Ҳамчунин, саворагон бештар сатҳӣ сохта шудаанд. Онҳо тарҳи умумии бадан ва сари саворагонро бе кашидани тарҳи рўйҳояшон нишон медиҳанд.


Расми 5. Донаҳои шоҳмоти сафолӣ

Ду адади дигар дар намуди одамчаҳои ростистода, бо дастони болобардошта ба пиёдааскарҳо мувофиқанд. Дар тасаввуроти имрўза онҳо ба сарбозоне монанданд, ки дар назди қумондонҳои худ гузориш медиҳанд. Онҳо дар тан камзўлчаҳои дароз доранд, ки почаҳои эзори васеашонро қат карда, андаруни мўзаҳои баланди сабукашон андохтаанд. Масолеҳи аввалия ва сохти одии донаҳои шоҳмот, қабл аз ҳама, аз он шаҳодат медиҳанд, ки онҳо барои истифодаи умум тайёр карда шудаанд. Эркиной Ғуломова маҷмўи донаҳои шоҳмоти қалъаи Ҳулбукро тавсиф намуда, маълумотеро аз дастхатҳои қадимаи мутафаккири Шарқ Абулфатҳ меоварад, ки дар он оид ба майлу рағбати беандозаи гузаштагони мо ба бозии шоҳмот ёдрас шудааст, яъне мардуми Хатлон «ҳам дар қасру дарбор ва ҳам дар кўчаю бозор шоҳмот мебозиданд».

Ба аввалҳои асрҳои миёна ҳамчунин кўзачаи бо ранги ҳарир рангкардаи кулолӣ ва зангўлаи биринҷии мунаққаш мутааллиқ мебошанд. Ҷиҳати бо кадом мақсад истифода бурдани зангўларо бошад, танҳо ҳадс задан мумкин аст, ки он ба ҳайси «занги хонагӣ» хизмат мекард. Аз сабаби ҳаҷман калон буданаш ин зангўларо наметавонистанд бо мақсади ороиши либос, ки дар давраи аввали асримиёнагӣ ба ҳукми анъана даромада буд, истифода баранд. Ҳамчунин, онро аз сабаби сохти конструктивияш ба ҳайси зангўлаи огоҳкунанда дар гардани чорпоён низ овезон кардан мумкин набуд. Зеро, бо мақсади он ки садои огоҳкунанда хеле баланд бошад, зангўлачаҳоро барои чорпоён дар шакли зарфи даҳанкушод месохтанд. Дар сохти зангўлаи номбурда бошад, баръакси ҳол ба мушоҳида мерасад. Ҳамчунин, ҳайкалчаи асп, ки бо нафосати хосса ва риояи параметрҳои он сохта шудааст, бозёфт гардид. Ин ҳайкалча дар қиёси муҳраҳои шоҳмот, бо тарзу усули махсус ва аз масолеҳи дигар сохта шудааст.

Расми 6. Ҳулбак. Зангўлаи мунаққаши биринҷӣ

Расми 7.Ҳулбак. Ҳайкалчаи асп

Барои сохтани ин ҳайкалча на гили сурх ва ё на гили қаҳваранг, ки ин рангҳо писандидатарин барои нақшу нигори устоҳои давраи Кушониён ва дар аввалҳои асрҳои миёна ба шумор мерафтанд, балки ранги зарди сабзчатоб истифода бурда шудааст. Бояд қайд намуд, ки ин ранг дар давраҳои номбурда барои маҷмўи корҳои кулолӣ дар Хутталон ва дигар манотиқи Осиёи Марказӣ васеъ ба кор бурда мешуд. Ин, аллакай, на ҳайкалчаи мусаттаҳ, балки ҳайкалчаи андозадори аспҳои овозадори хатлӣ аст, ки устокорона ва бо зебогии хос тасвир ёфтааст.

Бояд тазаккур дод, ки ҳамаи бозёфтҳои бостоншиносии аз шаҳраки Ҳулбак пайдогардида бо услубу маҳорати хосса сохта шудаанд.

Расми 8.Ҳулбак. Зарфи шишагин

Дар асоси навиштаҷотҳои таърихнигорони юнонӣ, чинӣ ва арабу форсӣ, инчунин мавқеи ҷойгиршавӣ, ҳашамат, ҳудудҳои паҳновар, тарҳи муайяни боқимондаҳои биноҳо, силсилаи ҷўйҳои обтаъминнамоӣ ва ғановату гуногуншаклии бозёфтҳои бостоншиносӣ, аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ин мавзеъ шаҳри бузурге арзи ҳастӣ намудааст. Ба пойтахти давраи аввалҳои асрҳои миёна Хуттал мансуб будани шаҳраки Ҳулбакро таҳқиқҳои мукаммали минбаъдаи бостоншиносӣ маълум менамоянд. Ба ҳар ҳол, шаҳри мазкур бидуни ягон шубҳа метавонад довталаби пойтахти антиқии Хутталон гардад.

АДАБИЁТ

1. Филимонова Т.Г. Где находилась столица раннесредневекового Хутталя / Т.Г. Филимонова, М. Ахметзянов, Ш. Ходжаев //Мероси ниёгон, 2012. -№15. -С.87-96.
2. Fуломова Э. Донаҳои шоҳмот аз касри Ҳулбук / Э.Fуломова. -«АРТ», 2006. -С.8.
3. Ғоибов Ғ. Таърихи Хатлон аз оғоз то имрўз / Ғ. Ғоибов. –Душанбе: Дониш, 2006.
4. Ғуломова Э.Ғ. Донаҳои шоҳмот аз қасри Ҳулбук / Э.Ғ. Ғуломова //Известия ООН АН Тадж. ССР. -Душанбе,1960. -№1(22),
5. Хоҷаев Ш.Р. Ҳулбук-пойтахти Хутталоншоҳон / Ш.Р. Хоҷаев. –Душанбе, 2014.

Муаллиф Ш. Хоҷаев
Баргирифта аз «Паёми Донишгоҳи милии Тоҷикистон”, № 3/8 (182