Мақоми Ҳамадонӣ дар густариши илму фарҳанги Хатлонзамин
Чоп шуд: 08/05/2016Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз бузургтарин орифони асри XIV Машриқзамин буда, осори ў дар ҳаёти маънавии халқҳои Осиё ва Шарқи Наздик, бавижа Ҳинду Покистон дар мураввиҷи ислом ва иршоди фарҳанг то имрўз мақоми арзандае дорад. Мир Сайид Алии Ҳамадониро чун орифи тавоно, шоири баркамол, инсонпарвари беҳамто, чун олим ва файласуфи дақиқназару хирадманди беназир на танҳо дар мамолики Осиё ва Шарқи Наздик шинохтаанд, балки мардуми шарифи Тоҷикистон, бавижа хиттаи Хатлон мавсуфро чун пири раҳнамо эътироф кардаанд.