Ортиқ Қодир: ҳунарманд, журналист ва ровӣ
Аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки эҳтироми хоса дар ҷомеа дорад. Дар аксар чорабиниҳои фарҳангӣ, шабҳои эҷодӣ ва ҳунарӣ барандагӣ мекунад. Вақте ӯ шеърр мехонад, бисёриҳо тасаввур мекунанд, ки касе чун ӯ намехонад. Зеро шеърро басо бо дарк мехонад, чун худ маънирас аст.
Ортиқи Қодир 14-уми марти соли 1956 дар деҳаи Нилӯи ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Вале мегӯяд дар ҳуҷҷатҳои расмӣ таваллудаш иштибоҳан соли 1957 сабт гардидааст.
Cоли 1974 мактаби миёнаи рақами 50-ро хатм мекунад ва ба Шӯъбаи актёрии факултаи иҷрокунандагӣ Донишкадаи давлатии санъати ба номи устод Мирзо Турсунзода дохил мешавад.
Солҳои таҳсил бо 3 нишони фахрии “Барои хониши аъло”-и Иттифоқи ҷавонони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор дониста шудааст.
Соли 1977 ғолиби Озмуни умумииттифоқии ровиён ба номи Владимир Яхонтев байни донишҷӯёни донишкадаҳои олии санъати ИҶШС ва мамолики сотсиалистӣ (бо ибтикори КМ ВЛКСМ ва ВТО - Ҷамъияти умумииттифоқии театрӣ) дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) мегардад.
Солҳои донишҷӯӣ бо ҳидояти Комсомоли Тоҷикистон дар ҳайати консертии донишкада ва намояндаи КМ комсомол ба ноҳияҳои вилояти Қӯрғонтеппа (собиқ) ба сифати баранда, ровӣ ва ҳунарпеша (иҷрокундаи нақш дар саҳначаҳои хурди ҳаҷвӣ) (с.1975) ва соли 1976 дар ҳайати ҳунармандони театри ба номи А.Лоҳутӣ ба вилояти Бухорои ҶШС Ӯзбакистон ба ҳайси барандаи консерт ва ровӣ ба сафари ҳунарӣ мебарояд.
Аввалин баромад ва ҳунарнамоии ӯ дар телевизион ва радиои тоҷик аз солҳои донишҷӯияш (1975) оғоз ёфтааст.
Соли 1978 бо роҳхати Вазорати фарҳанг (ва дархости маъмурияти театр) ба Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба кор даъват мешавад.
Дар тӯли фаъолияти хеш Ортиқи Қодир дар соҳаи театр даҳҳо нақшҳои хурду калон офаридааст, ки намунаи онҳо: Шаҳзода - “Кӯзаи гӯё, А. Абӯбакар, Наим - “Ибтидо”, А. Ҳамдам, шоҳ “Бахтатро бедор кун”, Н. Бақозода, вазир - “Саргузашти Ту Ту” Б. вазири мушон - “Қиссаи аҷибу ғариб”, Т. Аҳмадхонов, Лоҳутӣ - “Қиёми Лоҳутӣ”, А. Атобоев, Ҳомид - “Раъно”, Н. Исломов, Ф. Қосимов, Давлатов - “Ҷияни хира”, Ш. Солеҳ, Обидҷон - “Тахти Султонмаҳмуд”, Ш. Солеҳ, Хоҷа Ҳофиз - “Кабки қафас”, Т. Зулфиқоров, Рӯдакӣ - “Рӯдакӣ”, С. Улуғзода ва ғайраҳо.
Аз соли 1991 то 1995 дар симмати актёри Театри навтаъсиси намунавии миниатюрии “Оина”-и идораи фарҳанги шаҳри Душанбе кор кардааст.
Аз соли 1996 то 2001 муовини сардабири ҳафтаномаи “Чархи гардун" буд.
Аз соли 1996 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.
Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (соли 1992), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (соли 2013), Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (с.1999) ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (с. 2009) мебошад.