Балети тоҷик аз оғоз то имрӯз
Чоп шуд: 14/03/2016БАЛЕТ (франс. ballet, итал. balletto, лот. ballo – мерақсам), навъи санъати саҳнавӣ, ки дар он мазмуни асар ва воқеа ба воситаи образҳои рақсӣ ва мусиқӣ ифода меёбад. Сужети балет дар либретто (сенария) ифода мегардад. Дар асоси либретто мусиқӣ ва рақсу пантомима меофаранд, ороиши саҳна (декоратсия) ва либос тайёр мекунанд. Балет бо ҳамкории сенариянавис, композитор, балетмейстер, артистони балет ва рассоми ороишгар таҳия мегардад. Баъзан мусиқӣ дар балет чун воситаи ҳамовозӣ истифода мешавад. Вале дар бисёр мавридҳо ба воситаи рақс мазмуни мусиқӣ...