Ҷомаи Сулҳ ба тан омадаӣ...

Китобномаи “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” тозатарин китобест, ки Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар нашриёти “ЭР-граф” бо сифати баланд рӯйи чоп овард. Ва чуноне аз номаш пайдост, дар он номгӯи осори бадеӣ ва публитсистии адибони тоҷик, афкору андешаи олимону рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон бахшида ба корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон феҳристнигорӣ шудааст.

Китобнома маводи чопии солҳои 1994-2015 интишорёфтаро фаро гирифта, дар асоси захираи Китоб­хонаи миллии То­ҷикистон, нашрияҳои библиографии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории китоб (ISBN) – Хонаи китоби Тоҷикистон тартиб дода шудааст ва мураттиб мегӯяд бо вуҷуди талошҳо ва ҷусутуҷӯҳо на ҳамаи асарҳо, мақолаҳо ва шеърҳои дар васфи Пешвои миллат иншошуда дар китобнома ҷой дода шуданд. Ва иллат ҳам он аст, ки “на ҳамаи маҳсулоти чопии дар қаламрави ҷумҳурӣ нашршуда аз ҷониби муассисаҳои интишоротӣ, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ, ба ҳайси нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Хонаи китоби Тоҷикистон ворид мешаванд. Илова бар ин, бо теъдоди кам нашр шудани китобҳо (аз 100 то 200 нусха) имкони дастрасиро душвор гардонида, барои сари вақт бақайдгирӣ ва феҳристнигории онҳо монеа эҷод мекунанд”.

 Ин китобнома аз мақолаи муқаддимавӣ, 4 қисм ва 6 рукни таркибӣ иборат буда, дар қисми аввал номгӯи осори назмии дар шакли алоҳида чопшуда ва намунаи ашъори дар нашрияҳои даврӣ, ғайридаврӣ ва давомдор интишорёфтаро дар бар мегирад.

Мураттиб Шариф Комилзода аз адибони маъруф ва олимони шинохтае чун Гулрухсор, Абдуҳамид Самад, Кароматуллоҳи Мирзо, Низом Қосим, Гулназар, Камол Насрулло, Саттор Турсун, Ҷонибек Акобир, Фарзона, Озарахш, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Салими Хатлонӣ, Рустами Ваҳҳоб, Ширин Бунёд, Бахтиёр Муртазо, Адибаи Хуҷандӣ, Нурмуҳаммади Нурзод ва дигарон ба унвони “адибон ва олимони ваҳдатсаро” ёд кардааст. Ин адибон дар солҳои гуногун ҳамзамон бо офаридани асарҳои назмию насрӣ ва тасвири рӯйдодҳо симои Пешворо чун ободгари як мулки ба коми ҷангу нобудӣ фурӯрафта ба риштаи тасвир кашидаанд. Тавре академик Абдуҷаббор Раҳмонзода таҳлили фарогири “Бозтоби симои пешвои миллат дар адабиёти тоҷик” менависад: “Дар ҳамин давра дар эҷодиёти шифоҳии халқ ва фолклори мардумӣ низ як қатор шеъру тарона, қиссаву ривоятҳое таълиф ва эҷод гардиданд, ки ба хислатҳои ҳамидаи Роҳбари давлат бахшида шуда, корнамоӣ, диловарӣ, шуҷоат ва матонату мардонагии ин раҳнамои миллатро таҷассум менамоянд.

Адибони тоҷик эҳтироми халқро нисбат ба ин фарзанди фарзонааш мушоҳида намуда, ҳар як ташаббуси ватандӯстонаи ӯро ба риштаи сухан кашидаанд, ки намунаҳои он алҳол дар якчанд маҷмӯа гирдоварӣ шудаанд”.

Мураттиб қисми дуюми китобномаро ба асарҳои насрӣ ва қисми сеюмро ба  инъикоси осори Эмомалӣ Раҳмон ва адабиёт доир ба ӯ дар китобномаҳо ихтисос додааст.

Қисми чорумро “Кӯмакфеҳристҳо” номидааст. 

Ҳамчуноне аз мақолаи таҳлилии академик Абдуҷаббор Раҳмонзода мехонем: Дар китобномае, ки ҳоло бо унвони «Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ» ба хонандагон пешкаш мешавад, иддае аз ин осор ҷамъоварӣ шуда, дар шакли феҳрист омода гардидааст. Ин кори хайрро яке аз феҳристнигорони тавонои ватанамон Шариф Комилзода ба анҷом расонидааст. Маротибаи аввал аст, ки бо кӯшиши ин донишманд осори васфии қаламкашони тоҷик дар ситоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъоварӣ мегардад. Ин кӯшиши наҷиб ва хайрхоҳонаву ватандӯстонаи мураттиб шоистаи ибрат буда, шаҳодат аз он медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба симои Роҳбари давлат ва нақши вай дар ободии мамлакат беандоза бузург буда, муаллифи ин феҳрист амали шоистаеро дар шинохти Роҳбари давлат ба анҷом расонидааст”.

 Суханро дароз намекунем ва шуморо ба мутолиаи комили ин китобнома, ки бидуни шак як маъхази хеле муҳим барои мутахассисон, донишомӯзон ва ҳамаи касоне, ки мехоҳанд дар бораи Пешвои миллат шеъре, асаре, мақолае мутолиа кунанд, ба шумор меравад, даъват менамоем.

барчасп: