Ба нола дол бувад, қомати хамидаи чанг...
Чоп шуд: 27/06/2016Чанг, сози мусиқиест, ки дар мамлакатҳои Шарқ ва Шарқи наздик маъмул аст, 72 тори металлӣ ва ҳамон миқдор гўшак дорад. Системаи қаторовозиаш аз 24 пардаи диатоникӣ ва хроматикӣ иборат аст. Чанг ба қатори созҳои якканавозӣ дохил шуда, дар оркестр ва ансамбли созҳои миллӣ васеъ истифода мешавад.
Чанг таърихи тўлони дорад. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои қадимӣ ҳанўз дар давраи шумериҳо ( ҳазораи 4-3-и то милод) ин соз бо шаклу намуди мухталиф маъмул будааст. Тавре дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ омадааст: чангнавози шоҳ...