Рубоб дар тӯли таърих
Чоп шуд: 23/06/2016Рубоб, рубоб сози торӣ –мизробии мусиқиест, маъмул дар байни халқҳои шарқ, алалхусус тоҷикон мебошад. Бино ба маъхазҳои адабӣ рубоб шакли муарраби қадимаи паҳлавии «Равода» буда, маънои «Овози ҳазин бароваранда»-ро доштааст.
Дар шарқ ва Европаи ғарбӣ бо шаклҳои рабоб, ребаб, ребак ва ғайра интишор шудааст.
Сарчашмаҳои адабӣ рубобро дар шаклҳои гуногун тасвир менамоянд. Аввали асрҳои миёна дар сарзамини Эрон ва кишварҳои атрофи он рубобро бо камонча менавохтанд. Он косаи секунҷа (як кунҷ аз тарафи даста) иборат буда, яктора ё 2-3 тора мешудааст.