Романс: аз оғоз то ба имрӯз

Романс  (аз исп.romance-романӣ) асари  мусиқии камеравӣ барои овоз бо ҳамовозии созҳост. Истилоҳи мазкур дар асрҳои миёна дар Испания пайдо шуда, аввалан сурудҳои дунявӣ бо забони испанӣ (романӣ) эҷодшударо ифода мекард (хилофи сурудҳои калисоӣ, ки ба лотинӣ иҷро мешуданд).
Баъдтар дар дигар мамлакатҳо низ маъмул гардид. Романс бо шеър нисбат ба суруд  робитаи зичтаре дошта, дар худ натанхо  хусусияти умумӣ ва сохти бадеӣ, балки воситаҳои ифодаи алоҳида ва ҷузъҳои  оҳангию вазнии шеърро низ инъикос мекунад.
Дар романс ҳамовозии созҳо аҳамияти калон дошта, аксаран бо партияи вокалӣ як ҷузъи комили романсро ташкил медиҳад. Романс чунин навъҳо дорад: баллада (марсия), баркарола ва ғайра.
Инкишофи романс чун жанри мусиқӣ дар нимаи дуюми асри 18 дар Олмон, Фаронса ва Русия ба амал омада, боиси пайдоиши мактабҳои миллӣ гардидааст, кампозиторони олмониву, австриёӣ (Ф.Шуберт, Р. Шуман, И.Брамс, Х. Волф), фаронсавӣӣ (Г.Берлиоз,Ш.Гуно, Ж.Бизе, П.Ж Масне), рус (М.Глинка, А.С Доргомажский, М.А Балакирев, М.Мусорческий, А. П Бородин, Н. А Римский Корсаков, П.И Чайковский, С.Рахманинов) ва дигар намояндагони  чунин мактабҳои миллианд.
Дар асри ХХ композиторон аз навъҳои маъмулӣ даст кашида, дар романс роҳҳои нави пайванди мусиқӣ ва сухани бадеиро ҷўё шудаанд . Дар романсҳои собиқ шўравӣ воситаҳои ифода бештар гардида одатан барои чанд навозандаву ҳофиз ва барои овозу дастаҳои созӣ силсилаи романсҳо   эҷод мегарданд .
Дар мусиқии муосири тоҷик  низ романс мавқеи хоса дошта, романсҳои З. Шаҳидӣ, Ш.Сайфиддинов, А.Ҳамдамов, Я.Сабзанов, Х.Абдуллоев ва дигарон машҳуранд.

Манбаъ:  Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик Ҷ.3-Душанбе, соли 2004.
Муаллиф    Ҷӯрахон Обидпур

 

барчасп: