Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ
Чоп шуд: 14/06/2016Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои мутамаддини ҷаҳон буда, дорои фарҳанги пурғановати моддию ғайримоддӣ мебошад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаҳои илму фарҳанг, маориф, санъат, муассисаҳои давлатию ғайридавлатии кишвар шароиту имкониятҳои ҳамҷониба ба вуҷуд овард, то ки дар муаррифии илму фарҳанг ва адаби миллати тоҷик корҳои беназир сурат бигиранд.