Activities calendar

04 июня 2016

Одоби муошират аз назари шайх Саъдӣ

Яке аз омилҳои асосӣ ва муҳимми ҷозибаноки осори Саъдӣ дар тарзу усули муоширати байни симоҳои офаридаи ўст. Шайх Саъдӣ ба ин аркони гуфтор санъату маҳорати  баланди суханофаринишро ба харҷ додааст. Мусоҳибаи симоҳои ҳикояҳои Саъдӣ дар мавриду ҳолатҳои мухталифи равонӣ ба вуқуъ мепайвандад. Мутафаккир бештар усули муколамаро истифода бурда, дар аксар маврид худ ҳамчун (сомеъ) шунаванда, шоҳид ё мусоҳиб амал мекунад.
Ҳамчунин образҳои офаридаи мутафаккир ба ҷуз одамӣ, ҳайвоноту наботот низ ҳастанд

барчасп: 

Садои он ғижакам кўшту шакли он ғижакӣ...

Ғижак, сози торӣ-камончадорӣ мусиқист, ки дар Осиёи Миёна, Эрону Афғонистон ва баъзе ҷумҳуриҳои Қафқоз маъмул аст. Ғижак аз давраҳои қадим дар байни халқҳои Шарқ бо унвонҳои гуногун маъмул буд. Онро тоҷикон ғижак, озариҳову арманиҳо кеманча, афғонҳо дилрабо, ҳиндуҳо сиринча меноманд. Муҳақиқон таърихи пайдоиши ғижакро ба асрҳои 9-10 нисбат медиҳанд. Ханўз  дар асри 15 Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз садои дилнавозӣ ғижак ба ваҷҳ омада дар бораи садои ғижаку ғижакнавоз чунин гуфтааст: 

барчасп: