«Парчами миллӣ-рамзи ҳувиятсози тоҷикон»
Чоп шуд: 23/11/2016Чунин ном дошт ҳамоише, ки рӯзи 22-уми ноябри соли равон дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Чуноне аз ном аш пайдост, ин маҳфил ба Рӯзи парчами миллӣ, ки ҳар сол чун анъана 24-уми ноябр таҷлил мешавад, бахшида шуда буд.
Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода дар суханони муқаддамотии иброз дошт, ки парчам аз замонҳои