«Парчами миллӣ-рамзи ҳувиятсози тоҷикон»

Чунин ном дошт ҳамоише, ки рӯзи  22-уми ноябри соли равон дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Чуноне аз ном аш пайдост, ин маҳфил ба Рӯзи парчами миллӣ, ки ҳар сол чун анъана 24-уми ноябр таҷлил мешавад, бахшида шуда буд.
Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода дар суханони муқаддамотии иброз дошт, ки  парчам аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу истиқлол ва нангу номус буд. Вай гуфт: “Аввалин парчами қадимии тоҷикон дирафши Ковиён ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳат ва ягонагии давлатдорӣ қабул шуда буд. Он дирафш дар таърих ва тамаддуни миллати тоҷик нақш ва мавқеи хоса дошт. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омада, ки ҳар як паҳлавони бузурги сарзамини аҷдодии мо дирафши хоси худро дошт. Хушбахтона, бо шарофати истиқлолият тоҷикон соҳиби парчами миллӣ- таҷассумгари гузаштаи шоёну ояндаи дурахшони худ гардиданд. Дар замони муосир доштани парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, рамзи давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад».
Мудири шуъбаи эҷодиёти мардумӣ ва таҳлилию методии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Зафар Холмуродов эҳтироми парчами давлатӣ ва расидан ба қадри онро яке аз рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо донист. Зафар Холмуродов гуфт, ки «Таърих гувоҳи он аст, ки миллатҳои гуногун давлатдории худро зери парчам ҳифз ва поягузорӣ намуда, орзую мароми худро дар ин рамзи давлатӣ нақшгузорӣ намудаанд. Парчам муттаҳидкунандаи миллат буда, имрӯз мардуми тоҷик меҳру муҳаббати худро нисбат ба парчами давлатӣ дар шеъру суруд ва дигар офаридаҳояшон таҷассум мекунанд».
Дар поёни маҳфил меҳмонон имкон дошт анд бо китобҳои тозанашри Пажуҳишгоҳ, ки ба сурати як намоиши китоб омода шуда буд, ошно шаванд.

барчасп: