Ширкати Пешвои миллат дар Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ»
Чоп шуд: 12/11/201611-уми ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» иштирок ва суханронӣ намуд.
Ин Намоишгоҳи байналмилалии рассомон дар Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд ва дар он меҳмонон ва рассомони хориҷӣ аз 30 давлати дунё иштирок карда, маҳсули эҷоди худро ба маъраз гузоштанд.