Артистони халқии РСС Тоҷикистон киҳояд?
Чоп шуд: 01/11/2016Артисти халқии РСС Тоҷикистон - унвони фахрӣ, ки 28-уми марти 1939 бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ. таъсис ёфтааст. Унвони мазкур ба ҳунармандон, коргардонҳои театру синамо, овозхонон, оҳангсозон, мутрибон, дирижёрон, устодони рақс, роҳбарони бадеии дастаи навозандагон, хор ва дигар намояндагони санъат барои маҳорати баланди ҳунарӣ, офаридани образҳои барҷаста, асарҳои баландмазмуни саҳнавию мусиқӣ, намоишномаҳои театрӣ, синамофилмҳо, инчунин барои хидматҳои бузург ҷиҳати инкишоф ва омода сохтани кадрҳои санъати ҷумҳурӣ дода мешуд.