Артисти халқии РСС Тоҷикистон - унвони фахрӣ, ки 28-уми марти 1939 бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ. таъсис ёфтааст. Унвони мазкур ба ҳунармандон, коргардонҳои театру синамо, овозхонон, оҳангсозон, мутрибон, дирижёрон, устодони рақс, роҳбарони бадеии дастаи навозандагон, хор ва дигар намояндагони санъат барои маҳорати баланди ҳунарӣ, офаридани образҳои барҷаста, асарҳои баландмазмуни саҳнавию мусиқӣ, намоишномаҳои театрӣ, синамофилмҳо, инчунин барои хидматҳои бузург ҷиҳати инкишоф ва омода сохтани кадрҳои санъати ҷумҳурӣ дода мешуд.
Нафарони зерин сазовори ин унвон гардидаанд:
Соли 1941
Азимова Азиза (балерина);
Бақоева Гулчеҳра (ҳунарманди театр);
Камолов Аъзам (дирижёр, оҳангсоз);
Фозилова Тўҳфа (ҳунарманди театр);
Ғолибова Раъно (Галибова Рена) (сароянда);
Тўйбоева София (ҳунарманди театру синамо);
Муллоқандов Авнер (сарояндаи опера);
Султонова Тоҷиниссо (ҳунарманди театр).
Соли 1943
Тоҷибоева Башоратхон (ҳунарманди театр);
Зокирова Кароматхон (ҳунарманди театр);
Исков Леонид (коргардон ва ҳунарманди театр);
Менглет Григорий (ҳунарманди театр);
Зиёев Мирбобо (ҳунарманди театр).
Соли 1944
Акимов Николай (коргардон ва рассоми театр);
Зарубина Ирина (ҳунарманди театру синамо);
Тенин Борис (ҳунарманди театру синамо);
Ҷўраев Шариф (сароянда);
Валаматзода Ғаффор (устоди рақс);
Ланге Вениамин (коргардони театр);
Мирополская Агрепина (ҳунарманди театр),
Якушев Сергей (актёри театр).
Соли 1946
Бандишоева Савсан (ҳунарманди театр);
Орифова Латофат (раққоса).
Соли 1947
Носирова Ашўра (раққоса).
Соли 1949
Зоҳидова Лутфӣ (балерина).
Соли 1951
Мавлонова Ҳанифа (сароянда опера);
Шквалов Иван (роҳбари оркестри ҳарбӣ).
Соли 1955
Ғуломалиев Ғуломҳайдар (мутриб, оҳангсоз).
Соли 1957
Бобоқулов Аҳмад (сароянда);
Раҳматуллоев Ҳоҷиқул (коргардон ва ҳунарманди театр);
Дўстматов Зоҳир (ҳунарманди театру синамо);
Муллоҷонова Шоиста (сароянда);
Халилов Муҳаммадҷон (ҳунарманди театр);
Баласанян Сергей (оҳангсоз).
Соли 1960
Волчков Николай (ҳунарманди театр);
Кимёгаров Борис (коргардони синамо);
Назаров Одилҷон (дирижёр ва оҳангсоз);
Савелева Галина (ҳунарманди театр);
Эркабоев Рустам (коргардон ва ҳунарманди театр).
Соли 1962
Карамхудоев Бахтулҷамол (ҳунарманди театр);
Раҳимов Абдусалом (коргардон ва ҳунарманди синамо).
Соли 1963
Мителман Ефим (коргардони театр);
Киевский Николай (роҳбари оркестри ҳарбӣ).
Соли 1964
Закруткин Михаил (ҳунарманди театр);
Шаҳидӣ Зиёдулло (оҳангсоз)
Соли 1965
Назарова Хайрӣ (ҳунармандитеатр);
Тоҷибоев Тоҳир (ҳунарманди театр);
Усмонова Ойдина (раққоса);
Шарифова Лайло (сароянда);
Ғаффорова Тутӣ (ҳунарманди театру синамо).
Соли 1966
Собиров Тоҳир (ҳунарманди ва коргардони синамо);
Ҷўраев Шамсӣ (ҳунарманди театру синамо).
Соли 1967
Завқибеков Гурминҷ (ҳунарманди театру синамо);
Ефименко Клавдия (ҳунарманди театр);
Кабирова Лутфӣ (сарояндаи опера);
Қосимов Абулхайр (ҳунарманди театру синамо).
Исҳоқова Барно (сароянда);
Соли 1968
Толмасов Рафаэл (сарояндаи опера);
Чистова Елизавета (ҳунарманди театр).
Соли 1969
Барамиков Иброҳим (оператори синамо);
Смирнова Олга (ҳунарманди театр);
Собирова Малика (ҳунарманди балет).
Соли 1971
Боқиева Муслима (сароянда);
Бурҳонов Музаффар (балерин);
Исоева Бозгул (балерина);
Шоисмоилова Сабзаҷон (ҳунарманди театр).
Соли 1974
Аълоев Аъло (дойранавоз);
Абдуллоев Ибодулло (дирижёр);
Алифбекова Бегимсултон (ҳунарманди театр);
Аргуновская Евгения (ҳунарманди театр);
Воҳидов Маҳмудҷон (ҳунарманди театру синамо);
Иброҳимова Мўътабар (ҳунарманди театр);
Муродов Ҷўрабек (сароянда);
Нозимов Зафар (сароянда).
Соли 1976
Калонтарова Мазол (Қаландарова Малика) (раққоса).
Соли 1977
Барботко Владимир (ҳунарманди театру синамо);
Ерошенко Алексей (ҳунарманди театр);
Каюков Николай (ҳунарманди театр);
Қосимов Карим (сароянда);
Раҳматова Нуқра (сароянда).
Соли 1978
Мирҷумъаева Гавҳар (раққоса);
Ҳамдамов Амон (дирижёр ва оҳансоз);
Шоулов Нисон (найнавоз).
Соли 1979
Гадоев Ҳошим (ҳунарманди театру синамо);
Исоева Марям (ҳунарманди театр):
Юсуфов Пирназар (ҳунарманди сирк).
Соли 1980
Аминзода Зебо (раққоса);
Набиев Ҷўрабек (сароянда).
Соли 1981
Муҳаммадҷонов Ато (ҳунарманди театру синамо);
Орифов Орифшо (сароянда, роҳбари ансамбли эстрадии «Гулшан»).
Соли 1983
Тарсинова Рамзия (Баккал) (раққоса).
Соли 1985
Дилдорова Майсара (сароянда).
Соли 1986
Исоева Сайрам (ҳунарманди театру синамо);
Маликов Музаффаршо (ҳунарманди театр).
Соли 1987
Абдураззоқов Ҳабибулло (ҳунарманди театру синамо).
Соли 1988
Каримов Владимир (сарояндаи опера);
Холов Давлат (сароянда).
Соли 1989
Худоназаров Давлат (коргардон ва оператори синамо);
Наматиев Борис (ҳунарманди театр, сароянда);
Эргашева Мастона (сароянда). Соли 1990 ба ҷойи Артисти халқии РСС Тоҷикистон унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ҷорӣ карда шуд.