Activities calendar

14 ноября 2016

Рисолати фарзанди асили миллат

Шахсиятҳои бузург раҳнамои инсоният ҳастанд ва инсонҳо дар ҳалли масъалаҳои печида ва мураккаби иҷтимоиву иқтисодӣ ба онҳо умед мебанданд. Махсусан нақши инсонҳои бузург дар лаҳзаҳои фоҷиабор аз таърихи халқҳову миллатҳо муассирвоқеъ мешавад. Масалан, дар набардҳои мусаллаҳона ҳамон  лашкаркаше метавонад лашкарашро ба пирӯзӣ расонад, ки шуҷоъ ва тавоно бошад ва тавонад вобаста ба вазъияти баамаломада дар майдони ҷанг иқдоми низомии дуруст намояд ва стратегияи мукаммалро ба кор гирад.

барчасп: 

Фарҳанги касб, харҷ ва нигоҳдории мол дар осори Фахруддини Розӣ

Хидмати намояндагони илму адаб дар рушду нумў ва такомули фарҳанги
пурғановати халқи тоҷик ва мардуми ҷаҳон басо олию назаррас буда, ҳар нафаре кўшидааст то баҳри бою ғанӣ гаштани маънавиёт ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазои худро бигзорад, зеро тамаддуни башарӣ аз маҷмўи тамаддунҳои халқи ҷаҳон иборат аст. Аз ҷумлаи олимони мазкур донишманд ва мутафаккири машҳури асри XІІ Фахруддини Розӣ (1148-1209) мебошад, ки аз худ осори гаронбаҳою арзишмандеро ба мерос гузоштааст. Осори ӯ саросар илмию фарҳангӣ ва панду ахлоқӣ буда