Рисолати фарзанди асили миллат

Шахсиятҳои бузург раҳнамои инсоният ҳастанд ва инсонҳо дар ҳалли масъалаҳои печида ва мураккаби иҷтимоиву иқтисодӣ ба онҳо умед мебанданд. Махсусан нақши инсонҳои бузург дар лаҳзаҳои фоҷиабор аз таърихи халқҳову миллатҳо муассирвоқеъ мешавад. Масалан, дар набардҳои мусаллаҳона ҳамон  лашкаркаше метавонад лашкарашро ба пирӯзӣ расонад, ки шуҷоъ ва тавоно бошад ва тавонад вобаста ба вазъияти баамаломада дар майдони ҷанг иқдоми низомии дуруст намояд ва стратегияи мукаммалро ба кор гирад. Зеро танҳо аз истеъдоди лашкаркашии ӯ ва тасмими дурусти ӯ сарнавишти артиш ва кишвар вобаста аст. Маъмулан ашхоси соҳибхирад ва боистеъдодро шароити ҳассос ва тақдирсози таърихӣ ва масъалаҳои мураккаби боқӣ мондан ва ё намондани давлатҳо дар арсаи ҷаҳон ба сиёсатмадорони барҷаста табдил медиҳанд. Дар чунин давронҳо пешвоёне бар арсаи сиёсат ба вуҷуд меоянд, ки қодиранд ҳама гуна саддро аз роҳи пешрафти ҷомеа бигиранд ва роҳро барои рушду густариш омода созанд. Бо ибороти дигар, шахсиятҳои барҷаста маҳсули даврони муҳими таърихӣ мебошанд.

Аммо барои табдил шудани инсон ба шахсияти барҷастаи сиёсӣ фақат шароити таърихӣ кам аст. Худи сиёсатмадор бояд аз фазилат ва хусусиятҳои лозим барои  ҳалли масъалаҳои душвор ва анҷоми фаъолиятҳои бузург бархӯрдор бошад. Ӯ бояд донишманд, қавиирода, бебок, нисбати зердастон сахтгир ва дар мавриди ба дӯши худ гирифтани масъулият ва нотарс будан дар баробари хатарҳои эҳтимолӣ аз атрофиёни худ чанд сару гардан боло бошад.

Барои миллати тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ омад, ниёз ба чунин шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад. Ҳазорон шукр, ки аз миёни фарзандони миллати  куҳанбунёди мо чунин шахс пайдо шуд. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Эмомалӣ Раҳмон намебуд, аз даст додани истиқлолияти давлатӣ як амри воқеӣ буд.

Насли калонсол ва миёнаи мамлакати мо ҳанӯз ба равшанӣ дар хотир доранд, ки оғози истиқлолияти Тоҷикистон, алалхусус нимаи дуввуми соли 1992, дар таърихи навини халқи тоҷик бо чӣ ошуфтагӣ, беқонунӣ, ҳараҷу мараҷ ҳамроҳ буд. Дар ин айёми мусибатбор Тоҷикистонро аз фано шудан, ба маънои воқеии ин калима, фосилае ба қадри як сари мӯ ҷудо мекард.

Дар мамлакат беҳокимиятӣ ва бесарусомонии сиёсӣ ҳукмрон буд. Минтақаҳои ҷанубӣ ва пойтахти мамлакат аслан дар дасти гурӯҳҳои ғоратгари мусаллаҳ қарор  доштанд. Мардум ба сабаби даргириҳои байни гурӯҳҳои мусаллаҳ дар тарсу ҳарос ва изтироб ба сар мебурданд. Ҳокимони давр – онҳое, ки то дирӯзи наздик худро «хизматгори халқ» меномиданд, аз вазъи ноором ва барояшон «мусоиди» кишвар истифода бурда, бо азхудкунии моликияти давлатӣ машғул буданд ва коре ба ҳоли ошуфтаи мардуми мусибатзада надоштанд. Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ ва вазъи ҷиноии кишвар, ки Тоҷикистонро ба як сарзамини доғ табдил дода буданд, аз обрӯи миллати тоҷик мекостанд ва мо бо номи нангини як миллати ҷангҷӯ вориди саҳнаи сиёсати байналмилалӣ мешудем.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун наҷотдиҳандаи миллат ва  давлат, ба майдони сиёсати ҷаҳонӣ ворид шуд. Мардуми тоҷик дар шахси намоядагони худ дар Парлумони кишвар ягона қадами дуруст ва бехато гузошт ва сарнавишти миллат ва давлати тоҷиконро ба дасти ҷавони ватандӯст, ҷасур ва хирадпеша Эмомалӣ Раҳмон супорид. Маҳз дар ҳамон рӯзҳои поёни тирамоҳи соли 1992 бо ба сари қудрат омадани фарзанди баномус ва сиёсатмадори ҷавон Эмомалӣ Раҳмон нуқтаи атфи наҷоти Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввал барои мардуми мамлакат аён гардид, ки дастгоҳи идораи киштии зиндагии миллат дар дасти қавии инсони боэътимод супорида шудааст ва Ватан, миллат ва тамоми мардуми кишвар яқинан ба вартаи нобудӣ, ки бадхоҳони миллат барояшон омода карда буданд, фурӯ нахоҳанд рафт.

Хидмати бузурги Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллати шарифи Тоҷикистон ва таърихи миллат дар он аст, ки ин шахси нодир ва сиёсатмадори дурандеш дар  ароити печида ва муракабби муноқишаҳои ҳамватанӣ ва ҷанги таҳмилӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз намуд. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик ва давлати  тоҷикон аст. Маҳз шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар баробари фитнаи душманони миллати тоҷик, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ халқи моро борҳо ба гирдоби хун кашида буданд, қодир ба истодагарӣ гардид. Ва ин дафъа бо хости сарнавишт дар раъси давлати мо шахсияте қарор гирифт, ки ғайричашмдошти бисёриҳо тамоми ҳадафҳои бадхоҳони миллати моро барбод дод. 

Бо хондани ин сатрҳо дар хонандаи гиромӣ суоли мантиқӣ ва барҷое метавонад пайдо шавад, ки чаро маҳз Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он замон ҳеҷ таҷрибаи фаъолият дар зинаҳои баланди идораи давлат надошт, роҳбари Тоҷикистон интихоб гардид?

Бояд ин нуктаро таъкид кард, ки дар он рӯзҳои ошуфта ва пурфоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ яке аз паси дигар иваз мешуд, вале дар пешорӯи алангаи ҷанг бечора мемонд, касе аз сиёсатмадорон ҷуръат намекард, ки масъулияти душвори қатъ кардани ин фоҷиаи миллатро ба зиммаи хеш гирад.

Эмомалӣ Раҳмон бидуни дудилагӣ, бо мардонагӣ ва бо шуҷоати фавқулода бар дӯши худ масъулияти вазнини хотима додан ба ҷанги бародаркушӣ, бунёди появу асосҳои  онститутсионӣ ва эҳёи давлатдориро гирифт. Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ дарк мекард, ки дар он шароите, ки Тоҷикистон қарор гирифта буд, яъне дар вазъияте, ки давлат фақат дар рӯи коғаз вуҷуд дошт ва дар асл бошад тамоми рукнҳои давлатдорӣ корношояму фалаҷ шуда буданд ва ё умуман вуҷуд надоштанд, таърих ва сарнавишт барояш рисолати бузург, вале ниҳоят душвори бунёд намудани давлати навинро гузоштааст.

Биёед, биандешем оё осон буд, ки як сиёсатмадори таҷрибаи кофӣ надошта чунин масъулиятро ба дӯши худ бигирад? Агар ҳам, ки он чиро Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли як давраи кӯтоҳе дар поягузории аркони давлат анҷом дод, сарфи назар кунем, фақат ҷуръати инсониаш ва тасмими қавиаш, ки бори гарони эъмори давлатро бар дӯш гирифт, худаш қаҳрамонӣ аст.

Мушкилӣ ва печидагии вазъият фақат аз маҷмӯи вазифаҳои барқарор кардани сулҳу оромиш ва бунёди рукнҳои давлатдорӣ дар заминаи холӣ, нарасидани пул, нокифоии маводи ғизоӣ барнамеомад. Дар кишвари ҷангзада, ки сарчашмаи муноқишаҳо аслан аз парешонии ақидавӣ рух намуда буд, ҷанги иттилоотӣ ҷабҳаи дигари шадиде буд, ки аз он ҷо ба таври пинҳону ошкоро ба ҷониби ҳукумати қонунии нав ҳамлаҳое сурат мегирифтанд. Масалан, он рӯзҳо чи дар васоити ахбори кишварҳои муштаракулманофеъ ва чи дар хориҷаи дур ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро коммунистӣ ва зиддиисломӣ ба қалам медоданд ва бар ин тибқ созмонҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳбарияти ҷумҳурии мо бо як навъ шубҳа менигаристанд. Зиёда аз ин, ҳувияти роҳбари Тоҷикистонро бо паҳн кардани шойеаҳое, аз қабили «собиқ парторг», «собиқ раиси колхоз», мехостанд дар пеши назари ҷаҳониён коҳиш диҳанд. Вале Сарвари давлати тоҷикон ба ин суханҳои ҳарзаомез бо фаъолияти пурсамар ва рӯз аз рӯз ба беҳбудӣ расонидани авзои ҷамъиятиву сиёсӣ дар мамлакат посух медод. Андаке руҷӯъ карда, мехоҳем ин нуктаро махсусан таъкид намоем, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша – чи дар аввалин рӯзҳои бар садри давлат омаданаш ва чи имрӯз – аз решаҳои иҷтимоияш ва роҳи сипарикардааш то ба мансаби Сарвари давлат расидан ифтихор мекунад ва ба сарнавишт шукр мегузорад, ки ӯ аз волидайни заҳматкаш ба дунё омадааст ва аз онҳо меҳнатдӯстӣ омӯхтааст ва худаш ҳам солҳои тӯлонӣ аз касби кишоварзӣ нон хӯрдааст.

Ин нуктаро набояд фаромӯш кард, ки дар шароите, ки амалан ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, Раиси Шӯрои Олӣ ҳанӯз на аз ҷониби сиёсатмадорони низоми коммунистии пешин ва на аз ҷониби онҳое, ки тоза вориди ҳукумати нав гашта буданд, дастгирии комил – ва ба истилоҳи сиёсатмадорон – заминаи маънавию сиёсӣ надошт ва ҳам наметавонист дошта бошад. Фақат ҳамин далел, ки ҳеҷ як аз ашхоси саршинохтаи ҳизбиву давлатии он замон ҷуръат накарда буд, ки бори  асъулияти роҳбарӣ бар ҷумҳуриро бигирад ва низ аксари ашхоси таҷрибадор аз ишғоли вазифаҳои пешниҳодкардаи Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон худдорӣ карда буданд, баёнгари он аст, ки бисёре аз сиёсатмадорони вақт мавқеи интизориро  ихтиёр карда буданд. Ҳатто яке аз онҳо ба Эмомалӣ Раҳмон рӯирост гуфта буд: «Шумо дар ин мансаб аз ду ҳафта зиёдтар намеистед». Ин ҳарфҳо аз сари хусумат гуфта шуда буданд ва ё аз нобоварӣ, вале вазъият чунин буд, ки ҳатто ҷонибдорони зиёди Эмомалӣ Раҳмон дар саросари ҷумҳурӣ бо як навъ дилнигаронӣ ба фаъолиятҳои ӯ менигаристанд ва аз худо илтиҷо мекарданд, ин сарвари ҷавонро, ки бидуни як лаҳзаи оромӣ шабу рӯз барои ба эътидол овардани вазъи ошуфтаи мамлакат заҳмат мекашад, дар паноҳаш нигоҳ дорад.

Хушбахтона, умеди мардум ба навмедӣ накашид. Ва Эмомалӣ Раҳмон бидуни таамул ва бо иродаи матин ба муқобили ҷангу хунрезӣ паёми сулҳу ризоияти  иллиро ҳамчун зербинои давлатдорӣ ташхис дод ва алорағми қувваҳои адоватпешаи дохиливу хориҷӣ, ки ҷиддан мекӯшиданд, то оташи ҷанг дар Тоҷикистон хомӯш нагардад, ба иқдом пардохт. Кӯшишҳои пайгирона ва талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлати Тоҷикистон, ки дар фазои ҷонибдории тамоми халқи Тоҷикистон сурат мегирифт, марҳала ба марҳала кишвари моро ба сӯи мақсуд раҳнамун сохт. Бо такя ба дониши амиқи вазъи мавҷуда дар мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон ба хулоса омад, ки нахуст якпорчагии мамлакатро бояд таъмин намуд ва баъдан роҳҳои пешбурди иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро пеш гирифт, ҷанбаҳои хоси рушди онро ҷустуҷӯ намуд. Вазифаи муҳимтарини хешро низ дар он медид, ки ҳувияти дар асари ҷангу хунрезӣ ва парешонии ақидавӣ дургаштаи мардумро бозгардонад, ваҳдату пайванди пойдори афроди ҷомеаро эҷод намояд ва бо баҳрагирӣ аз ин ягонагиву ваҳдат тавсеаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро ба роҳ андозад ва дигар ҳеҷ гоҳ нагузорад, ки бадхоҳони миллати тоҷик саҳнагардони хоки муқаддаси Ватани мо шаванд. Таъкиди ин нукта муҳим аст, ки дар он шароити буғранҷи буҳрони сиёсӣ ва парешонии ақидавӣ, ки дар мамлакат ҳукмрон буд, ва дар вазъе, ки тамоми мақомоту сохторҳои ҳокимияти давлатӣ аз ҳам рехтаву корношоям буданд, он чи Эмомалӣ Раҳмон аз обод кардани мулк ва сарҷамъ намудани миллат ҳарф мезад, хаёлпардозие бештар дарёфт намешуд. Он рӯзҳо чи дар мамолики ҳамсоя ва чи дар кишварҳои дур, чун сухан аз Тоҷикистон мерафт, пуристеъмолтарин калимот «фано шудан», «дар оташи ҷанги ҳамватанӣ сӯхтан», «то охирин тоҷик ҷанг кардан»... буд.  Ва дар воқеъ ҳам ба ҳақиқат пайвастани ин «пешгӯиҳо» аз эҳтимол дур набуд. Аз эҳтимол дурр набуд – дар он сурат, ки агар аз миёни миллати тоҷик шахсияте пайдо намешуд, ки масъулияти наҷоти Ватан ва хотима додан ба ҷанги бародаркуширо бар уҳда гирад. Ва низ муҳим ин ки тавонад, ҳамватанонро даъват кунад, то аҳамияту арзиши иқдомҳои ӯро дарк намуда, бо саҳмгирии мустақимашон сарнавишташонро ба дасти худ гиранд ва аз тасмимоту фаъолиятҳои Сарвари давлат, ки ба хотири онҳо анҷом медиҳад, огоҳ бошанд, ба моҳияти онҳо пай бибаранд ва манфиатҳои миллӣ ва ватанашонро аз ҳар чизе болотар гузоранд...
МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

Муаллиф Зафар Сайидзода
Баргирифта аз китоби
“Тоҷикистони муосир:
масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ”
,
Душанбе – 2016

барчасп: