Артистони халқии СССР аз Тоҷикистон

АРТИСТИ ХАЛҚИИ СССР, унвони фахрӣ, ки 6 сент. 1936 бо Укази Комитети Иҷроияи Марказии СССР таъсис ёфтааст.
Унвони мазкур ба барҷастатарин ходимони санъати халқҳои СССР, фаъолтарин намояндагони театр, мусиқӣ ва кинои шўравӣ дода мешуд.
Бо пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ (соли 1991) унвон аз байн рафт. Нафарони зерин аз Тоҷикистон дар солҳои гуногун ба ин унвони фахрӣ мушарраф гардидаанд:

Соли 1941

Қосимов Муҳаммадҷон
(ҳунарманди театру синамо).

Соли 1951
Ашрафӣ Мухтор (дирижёр ва оҳангсоз).

Соли 1957
Ғуломалиев Ғуломҳайдар (оҳангсоз, мутриб);


Зоҳидова Лутфӣ (балерина);

Фозилова Тўҳфа (ҳунарманди театр).

Соли 1959
Ёрматов Комил (коргардони синамо).

Соли 1965

Бурҳонов Аслӣ (ҳунарманди театру синамо).

Соли 1968

Мавлонова Ҳанифа
(сарояндаи опера).

Соли 1971

Бобоқулов Аҳмад
(сароянда).

Соли 1974
Волчков Николай (ҳунарманди театр);

Собирова Малика
(балерина).

Соли 1976
Валаматзода Ғаффор (устоди рақс).

Соли 1977
Кабирова Лутфӣ (сарояндаи опера).

Соли 1979

Муродов Ҷўрабек
(сароянда).

Соли 1984

Калонтарова Мазол (Қаландарова Малика - раққоса).

Соли 1986

Аминзода Зебо
(раққоса, бунёдгузори ансамбли рақсии “Зебо”).

Соли 1988

Гадоев Ҳошим
(ҳунарманди театру синамо).

барчасп: