Асрори олами сағиру кабир, сирри вақту фазо ва ҳодисаҳои дар он ҷараёнгиранда — аз нумўи гул то чаҳ-чаҳи булбул, аз ҳаракати сайёра то таркиши ситора ба назари аввал чунин менамояд, ки ҳамаи ин чизҳо содаанд ва ҳоҷат ба фикркунӣ ҳам нест. Вале дар асл ин тавр нест. Агар амиқтар нигарем, саросар муаммост ва то ин вақт барои инсоният фисади каме аз ин муаммоҳо ҷавоби худро ёфтааст. Ҳамин аст, ки ҳадаф ва мазмуни идрок — фаҳмидани равандҳои ниҳоӣ ва асроромези табиат ва ҷойгоҳи мо дар Коинот аст, ки дар ҳар замону макон инсони солимақлро ба ҳаяҷон меорад ва боз ақли солимро ба омўзиш ҷалб менамояд.
Инсоният дар талоши донистану фаҳмидан марзҳои номаҳдуди оламҳои «хурд» ва «бузург»-ро ҳадафи аслии худ қарор додааст, ки дар саргаҳи онҳо ду роҳи пурмашаққати илмию тадқиқотӣ ва омўзишию пажўҳишӣ меистад. Яке аз роҳҳои омўзиш ўро ба сўи микроолам (олами зарраҳои бунёдӣ, сохтори молекулаю атомҳо, объектҳои бениҳоят хурд ва ғайра) ва роҳи дигар ба самти макроолам (олами ситораву сайёра, галакикаҳо, вартаҳои сиёҳ ва ҳоказо) мебарад. Вобаста ба вақти рўйдод, дарккунӣ, омўзиш ва пажўҳиши ҳодисаю равандҳои мухталиф ва ба вуҷуд омадани кашфиёту дастовардҳои гуногун хронологияи илмии таърихии пайдоиши илмҳо низ ҳархела аст. Хронологияи илмии таърихӣ нишон медиҳад, ки дар байни улуми табиатшиносӣ, пеш аз ҳама, нуҷум (астрономия) инкишоф ёфтааст. Пайдоиш ва ташаккули нуҷум ба он вобаста мебошад, ки одамон дар аввал ба Офтоб, Моҳтоб, сайёраву ситораҳо мароқи зиёд зоҳир намуда, роҳҳои сайругаштро дар баҳр ва хушкӣ аз рўи онҳо муайян мекарданд.
Илми нуҷум баъд аз сукути тўлонӣ ба Осиёи Миёна кўчида, дар байни тоҷикону форсҳо ба қуллаҳои инкишофи худ расид ва ба густариш ёфтани фазои азхудкунии қонунҳои табиатшиносӣ боис гардид. Вале ин шукўҳу шаҳомат ва кашфиёти илми нуҷум дер напоид, чунки баъд аз муддате арабҳои биёбонгард ба ин сарзамин ҳамла оварда, тамоми илму фарҳанг ва тамаддуни таърихии ин миллатро муқобили дин хонда, решакан карданд. Бо вуҷуди ин қадар қатлу куштори олимону ба догмаҳои динӣ гирифтани илм аз ҷониби арабҳо дар тўли асрҳои VIII-X ситорашиносони тоҷику форс барои ба арсаи илм овардани астрономияи пешқадами Шарқ басо хизмати арзишманд ба сомон расониданд. Кашфи қонунияти табиатшиносӣ ва равнақи онҳо дар ин замон ба олимон — Муҳаммад ал — Хоразмӣ (780-850), Абўрайҳони Берунӣ (973-1048), Ибни Сино (980-1037), Умари Хайём (1048-1131) ва Насириддини Тўсӣ (1201-1274), ки шукўҳу шаҳоматашон то имрўз омада расидааст, тааллуқ доштанд.
Идомаи мавзуъро аз ин ҷо бихонед: khovar.tj