Баҳси равобити фарҳангии Тоҷикистону Русия дар Пажуҳишгоҳи фарҳанг

Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи «Таҳкими равобити фарҳангии Тоҷикистону Русия дар даврони истиқлол» баргузор гардид.
Бо сухани ифтитоҳӣ Гулбаҳор Сайидова, Сардори Раёсати илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг баромад намуд.
Шариф Комилзода, Директори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот дар мавзуъи «Рушди ҳамкории мутақобилаи фарҳангӣ байни Тоҷикистону Русия дар заминаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ» гуфт, ки ҳама гуна заминаҳои ҳуқуқӣ барои тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангиву илмӣ миёни Русия ва Тоҷикистон вуҷуд доранд ва маҳз ҳамин заминаҳо боиси он шудаанд, ки ду кишвар барои таҳкими ин ҳамкориҳо гомҳои устувор бардоранд.
Профессори кафедраи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии Донишкадаи давлатии фарҳанги  Челябинск, доктори илмҳои педагогӣ Бозор Сафаралиев дар мавзуъи «Саҳми муассисаҳои таълимии Русия дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон» маърӯзаи пурмуҳтавое кард.
Вай аз ҷумла гуфт, ки таҳсил дар макотиби олии фарҳангии Русия идомаи ҳамон иртиботҳои фарҳангии замони Шӯравист, ки мутахассисони мо дар беҳтарин таълимгоҳҳои фарҳангӣ дарси маҳорат меомӯхтанд. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар замони ҷаҳонишавӣ бидуни иртибот бо хориҷ ягон миллат наметавонад тамаддуни худро рушд диҳад.
Номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи фарҳангӣ-иҷтимоӣ ва китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Чувашистон Ботурҷон Каримов дар мавзӯи «Муносибати инноватсионии ҳалли масоили менеҷмент дар фаъолияти иҷтимоӣ- фарҳангӣ» суханронӣ кард.
Вай ҳамзамон Раҳматномаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Чувашистонро ба Директори Пажуҳишгоҳи Фарҳанг ва иттилоот расонд. Маъмурияти ин донишкада ба Шариф Комилзода барои кӯмакаш дар ташкил ва баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии “Фарҳанг ва санъат: “Анъанаҳо ва муосирият” изҳори ташаккур кардаву хостори ҳамкориҳои густарда дар оянда шудааст.
Дар Конфронс ҳамчунин Раҷабмад Амиров, ноиби ректор оид ба корҳои илмии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода оид ба “Нақши “рӯзҳои фарҳангӣ” дар муаррифии фарҳанги миллӣ” маърӯзаи пурмуҳтаво кард. Вай бо нишон додани слайдҳо ба гузаштаи рӯзҳои фарҳангии кишвар дар шаҳрҳои гуногуни Русия ва рӯзҳои фарҳангии Русия ва вилоятҳои ҷудогонаи он дар Тоҷикистон муфассал ҳикоят намуд.
Дар хотима ширкаткунандагон дар атрофи масоили мавриди баҳси робитаҳои фарҳангӣ табодули афкор намуданд.

барчасп: