Activities calendar

25 августа 2016

Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов соҳиби бинои нав шуд

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Қурғонтеппа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷоновро ба истифода дод.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии Сардори давлат бинои нави хуштарҳу замонавии театри мазкур барои 800 нафар тамошобин пешбинӣ гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи 26 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

барчасп: 

Гузоштани санги асос ба бунёди Маҷтамаъи варзишиву фароғатӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа

Пас аз ифтитоҳи бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмонии Маҷмааи варзишӣ, фароғатӣ ва истироҳатии шаҳри Қӯрғонтеппа оғози расмӣ бахшид.
Маҷтамаъи мазкур дар майдони 54 гектар марҳила ба марҳила бунёд гардида, қисмати бештари онро иншооти варзишӣ, ба монанди майдонҳои хурду калони бозии футбол