Сафар Ҳақдодов: Синамо дар таҳлили сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ пеши мардум қарздор аст
Чоп шуд: 03/08/2016Суҳбати ихтисосӣ бо Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов дар бораи синамои замони Истиқлолият ва мушкилоти он.
Зарфи панҷ соли охир синамои тоҷик оё тавонист расолати худро иҷро кунад?
- Пӯшида нест, ки кино як ҷузъи таркибии шуури ҷамъият аст. Аз ин дидгоҳ яке аз вазифаҳои асливу ҳатмии он – инъикоси масоили умда, мубраму доғи ҷомеа ба шумор меравад. Аз ҷониби дигар кино ҳамчун ҳунари синтетикӣ молу ғизои маънавие гаштааст, ки дар шакли моддӣ бо намудҳои гуногуни технологияҳои муосир