Пас аз ифтитоҳи бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмонии Маҷмааи варзишӣ, фароғатӣ ва истироҳатии шаҳри Қӯрғонтеппа оғози расмӣ бахшид.
Маҷтамаъи мазкур дар майдони 54 гектар марҳила ба марҳила бунёд гардида, қисмати бештари онро иншооти варзишӣ, ба монанди майдонҳои хурду калони бозии футбол, валейбол, баскетбол, теннис, толорҳои машқи бадан ва қасри намудҳои варзиши обӣ ташкил медиҳанд.
Калонтарин майдони футболи ин маҷтамаъ барои 25 ҳазор тамошобин пешбинӣ шуда, он мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ сохта мешавад ва аз ҷиҳати тарҳи меъморӣ дар кишварҳои минтақа назир надорад.
Зимни муаррифии лоиҳаи Маҷтамаъи варзишӣ, фароғатӣ ва истироҳатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин ҷо ҳамзамон як кӯли сунъӣ сохта мешавад ва ҷиҳати таъмини истироҳати сокинон дар майдони 12 гектари дигар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда хоҳад шуд.
Дар маҷмуъ дар ин иншооти азими варзишию фароғатии муосир тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, дар солҳои наздик бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он садҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.