Тарбияи мусиқии беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ

Тарбияи мусиқӣ дар мактаб набояд ба як соати дарси мусиқӣ дар як ҳафта маҳдуд карда шавад. Барои пурра кардани он корҳои беруназсинфиро ба нақша гирифтан лозим аст. Иштирок кардани хонандагон дар кружокҳои гуногуни санъати мусиқӣ барои аз наздик шинос шудани онҳо ба санъати иҷрокунӣ ёрии калон мерасонад. Муаллим машғулиятҳои мусиқиро бо хонандагони лаёқатманд сар карда, онҳоро дар рўҳияи мусиқидўстдорӣ ва зебоипарастӣ тарбия карда, шароити мустақилонаи эҷодиро нисбат ба мусиқӣ ва суруду рақс барои хонандагон фароҳам меоварад.

Корҳои беруназсинфии мусиқиро ташкил карда, омўзгор вазифаҳои зеринро ба инобат гирифтанаш лозим аст:

- тамоми машғулиятҳои мусиқии беруназсинфӣ барои тарбияи ахлоқӣ зебопарастии хонандагон равона карда шавад то ҳиссиёти онҳоро нисбат ба санъати мусиқию суруд бедор намояд;

- истифодаи шаклҳои гуногуни методҳо бояд барои бедор кардани шавқу ҳаваси бадеӣ, васеъ кардани фаҳмиши бадеияти хонандагон равон карда шуда, фаъолияти эҷодии мусиқии хонандагонро дар бар гирад;

  • дар хонандагон шавқу ҳавасро нисбат ба корҳои маданӣ - маърифатӣ, фаъолияти ташвиқотии маданияти мусиқиро тарбия намояд.

Муваффақият дар корҳои гуногунсоҳаи тарбияи мусиқӣ ҳамон вақт амалӣ мегардад, ки хонандагон шаклҳои гуногуни эҷодии мусиқиро дар кадом зина медонанд ва ба он чӣ қадар таваҷҷўҳ доранд.

Дар ташаккули шавқу ҳавас ва табъи онҳо, оила, воситаҳои ахбори умум, ҳамсолон таъсири калон доранд, ки онро омўзгор дар ҳар як лаҳзаи мувофиқ ба инобат гирифтанаш лозим аст.

Ҷои муаяйнро дар тарбияи умумии мусиқии хонандагони мактаб ташкил ва гузаронидани лексия - консертҳо ишғол мекунанд. Ин шакли машғулият пеш аз Инқилоби Октябр, баъд аз он, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъдиҷангӣ то замони ҳозира вуҷуд дорад. Педагог-мусиқачии рус Шестакова В. Н. барои гузаронидан ва ташкил кардани он аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷа бой барои хонандагон бо истифодаи методҳои гуногун хизмати калоне кардааст, таъсири баланди чунин машғулият  ва гузаронидани онро дар корҳои умумии тарбияи мусиқӣ - бадеии хонандагон муҳим мешуморад ва барои гузаронидани чорабиниҳою намоишҳо, конференсияҳои гўшкунии мусиқӣ, викторинаҳои мусиқӣ, нишастҳои гуногуни мусиқӣ, пурсишҳо (ба шакли шифоҳӣ ва хаттӣ), анкетаҳоро пешниҳод менамояд. Баъдтар доир ба ин шакли машғулият академик  Кобалевский Д. Б. низ мароқ  зоҳир кардааст. Бо ташаббуси вай чандин солҳо «Шабҳои ҳамсолон» дар толори Консертии Хонаи Иттифоқҳо гузаронида мешаванд. Дар Тоҷикистон чунин машғулиятҳо аз солҳои 50-60-и асри гузашта сар карда, дар мактабҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд. Мавзўи сўҳбатҳо, ба раванди гуногуни мусиқӣ алоқаманд мебошад, ки дар мактабҳо, залҳои консертии филармонияю театрҳо, ба воситаи радиою телевизион садо дода, намоиш дода мешаванд.

Албатта, дараҷаи фаҳмиши шунавандагони консертҳо ва иштироккунандагони идҳои мусиқӣ (конкурсҳою мусобиқаҳо) гуногун мебошад, вале онҳоро як чиз, умумиятии он пайваст мекунад, ки ба ин восита ба олами бои мусиқӣ амалан ворид мешаванд. Барои гузаронидани чунин чорабиниҳои гуногун, ки ҳар як кадомаш хусусиятҳои гуногун доранд, тайёрии ҷиддӣ дидан лозим аст. Мисол, барои тайёр кардани иди суруд дар мактаб бояд тамоми паҳлўҳои онро фикр кардан лозим аст, аз мақсади гузориш, ҷобаҷогузории мавзўи он, мундариҷаи сурудҳо, номгў (репертуар)-и асарҳо, тақсими вазифаи ҳар як синф, вақт ва ҷои баромад, интихоби мутасаддӣ барои ин ё он қитъа (участка)-и корӣ ва ғайраҳо.

Барои гузаронидани консерт-лексияҳо вақт ва дараҷаи назорати он аз тарафи мактаб (омўзгорон, хонандагон, падару модарон) вақт сарф мешавад, ҳарчанд, ки дар ин ҷо ҳам тайёрӣ дидан лозим аст. Дар дарси мусиқӣ ба хонандагон дар бораи дарк кардани барномаи мусиқӣ ва ёрӣ расонидан маълумоти мухтасар додан лозим аст ва (маълумоти мухтасар дар бораи муаллифони асари иҷромешудагӣ, худи асар, таърихи эҷоди он, образҳои мусиқӣ) ва барои оро додани ҷои намоиш хонандагонро вазифадор кардан лозим аст.

Дар вақти интихоби мавзўи консерт-лексияҳо, мазмуни он бояд ба синну соли хонандагон ва фаҳмиши мусиқии онҳо мувофиқ бошад, чунки «мусиқӣ ҳамон вақт ба шунаванда таъсир мерасонад, ки он ҳиссиётро барангезад ва шавқи шунавандаро бедор намояд». Пеш аз тамошои саҳнаҳои операвӣ ё тамошои коллективонаи филм-операҳо, хуб мешуд, муаллими мусиқӣ хонандагонро бо хусусиятҳои мусиқии қаҳрамонҳои асосӣ, бо мазмуну мундариҷаи ансамблҳо (дуетҳо, трио ва ғайра) шинос намояд, чунки дарккунӣ ва шунидани он дар аудиторияи тасаввурот надошта мушкил буда, аҷиб менамояд.

Корҳои беруназсинфии мусиқӣ дар мактаб бо роҳҳои ташкил кардани маҳфилҳои гуногун: хорсароӣ, навозишӣ, сарояндагӣ, ансамблҳои гуногун амалӣ карда мешаванд. Баромад дар ин ё он маҳфил аз рўйи хоҳиши хонандагон амалӣ мешавад. Ҳатто маҳфилҳои хорсароӣ, ки дар заминаи хонандагони лаёқати мусиқидошта (шунавоии баланди мусиқӣ, овози сарояндагӣ) ташкил карда мешуданд, ҳоло бо сабаби умумиятдошта бе интихоби чунин хусусиятҳо низ ташкил карда мешаванд. Таҷриба собит сохтааст, ки аз ҷиҳати назариявӣ ҳар як кўдаки солим вобаста аз шавқу ҳавас  новобаста ба мушкилиҳо, лаёқати мусиқӣ ва овози сарояндагӣ дорад ва ин хусусиятҳо дар онҳо ташаккул меёбанд.

 Дар гузаштаи на он қадар дур (асри ХХ), маҳфилҳои хорсароӣ дар мактабҳо, ҷои асосиро ишғол мекард, вале ҳоло ҷои онро ансамблҳои вокалӣ-инструменталӣ (ВИА) танг карда истодааст, ки ин ба шароити замон ва пешрафти ҷамъият вобаста мебошад. Барои ташкили маҳфилҳои навозандагӣ (асбобҳои мусиқӣ аккордеон, рубоб, дутор, доира, таблак ва ғайраҳо) кам аҳамият дода мешаванд. Барои ташкил кардани ин маҳфилҳо ҳар як хонанда бояд асбоби худро дошта бошад, вале аз сабаби паст будани шароити иҷтимоию иқтисодии ҷамъият чунин маҳфилҳо қариб, ки дар мактабҳо амал намекунанд. Ташкил кардани маҳфилҳои овозхонӣ хусусан хорсароӣ дар шароити ҳозира мувофиқи мақсад мебошанд.

Маҳфилҳои хорсароӣ хонандагонро аз рўйи синну сол муттаҳид месозад, хонандагони хурдсол (синфи I-IV), наврасон (V-VII) ва хонандагони болоӣ (синфҳои VIII-ХI). Барои таъсири баланди тарбиявӣ доштани санъати мусиқию овозхонӣ, ташкил кардани маҳфили хорсароёни умумимактабӣ, ки тамоми коллективи мактабро муттаҳид месозад ва асарҳои пешакӣ азхудкардаро иҷро менамоянд, роли калон дорад.

Ташкил кардани коллективи хорӣ аз қабулкунии ихтиёрии хонандагон сар мешавад. Муаллими мусиқӣ пеш аз ҳама мехоҳад, ки он хонандагоне аъзои маҳфил бошанд, ки сароида метавонанд, вале хонандагоне, ки низ хоҳиши сароидан доранд, ба он ҷиддӣ рафтор менамоянд, қабул карда шаванд, ба манфиати кор аст. Қабулкунӣ ба хор, бо иҷрои суруди дўстдошта, бе ҳамовозии асбоб  сурат мегирад, вале хонанда агар душворӣ кашад, муаллим метавонад, барои ба ёд овардани мелодияҳои сурудҳои машҳури ба синну соли вай мувофиқ, ёрӣ расонад. Иҷро кардани суруд бе ҳамовозии сози мусиқӣ барои дуруст баҳо додан ба сифати овози сарояндагиву ҳисси дарккунии вай шароит муҳайё месозад. Барои боз ҳам дуруст фаҳмонидани лаёқати мусиқии хонанда, муаллим метавонад сароидани ин сурудро дар дигар овозҳову лаҳнҳо ва бо дигар тарз талаб намояд (шакли чаппакзанӣ). Ҳамин тариқ, лаёқати хонанда барои дар оянда сайқал додани тарбияи мусиқии вай ба таври воқеӣ ошкор мегардад. Қайд кардан ба маврид аст, ки хонандагони хурдсол нисбатан шармгин мешаванд ва гўшкунии овози онҳо ба шакли гурўҳи хурд иборат аз 3-4 нафар ташкил карда шаванд.

Маълум аст, ки барои ташкил кардани коллективи хорӣ 4050 хонанда лозим аст, вале иштирокчиён гуногун буда, аз 25 30 нафар набоянд кам бошанд. Давомёбии машғулият  ба синну соли аъзоёни он вобаста мебошад.

Бо хори кўдакона набояд аз 45 дақиқа зиёд, дар як ҳафта ду бор, вале бо наврасон 2 соати академӣ бо танаффусаш ва дар як ҳафта ду маротиба машғулият гузаронидан салоҳ мебошад. Ҳар як машғулият бояд аз рўйи нақша гузаронида шавад, то ба хонандагон шавқовару  диққатҷалбкунанда гардад.

Барои ба муваффақият ноил гардидан дар риштаи тараққиёбии лаёқати мусиқӣ ва ташкил кардани малакаҳои сарояндагӣ, ба муаллими мусиқӣ лозим аст, ки хусусияти механизми овозбарориро дар кўдакони синну соли гуногун донад. Чунки овози кўдакон ҳоло нозук буда, он ҳама вақт муомилаи эҳтиёткорона ва  назорати ҷиддиро талаб менамояд. Онро аз хотир баровардан лозим нест, ки дар даҳсолаҳои охир беш аз пеш тараққиёти физиологии кўдакон пештар ба амал омада истодааст ва ин барои ташаккули аппарати овози сарояндагии кўдакон таъсир мерасонад. Мушоҳида кардани овози кўдак дар вақти хониши хорӣ душвор мебошад ва муаллим рафти онро дар магнитофон сабт намуда баъд онро ба онҳо шунавонад ва сарояндагон худашон ҳис кунанд, ки дар кадом овоз (дар хурдсолон сопрана ва дискант: дар наврасон сопрана, тенор, алт ва баритон) дағал сароидан мушоҳида карда мешавад ва онро бартараф мекунанд. Давраи «мутатсия» барои қатъ кардани машғулияти сарояндагӣ асос шуда наметавонад. Таҷриба нишон медиҳад, ки муносибати дурусти корбарӣ дар вақти машғулиятҳои мусиқӣ «мутатсия» дар наврасон хело сабук мегузарад ва ҳатто овози кўдаконро  пурқувват менамояд. Ба ғайр аз ин, дурустии режими сурудхонӣ, ба нарм гузаштани «мутатсия» замина мегузорад, вале омўзгорро лозим аст, ки дар ин давра сурудҳоро интихоб намояд, ки аз меъёри овози сарояндагии хонандагон як тон паст бошанд.

Чӣ тавре пештар қайд карда будем, хониши вокалӣ - хорӣ машқҳои махсусро талаб менамояд, ки малакаҳои аввалини инкишофи садодиҳии овози сарояндагиро ташаккул диҳад.

Дар сарояндагони хор тарбия намудани фаҳмишу муносибат, шавқу ҳавас ба машқҳои иҷро мекардагӣ ва дигар сурудҳоро тарбия намудан вазифаи асосӣ мебошад. Ин барои инкишоф додани малакаҳои сурудхонӣ ва иҷрои сурудҳо кўмаки беназир мерасонад.

Агар мақсади иҷроиши ҳар як машқи овозиро хонандагон дуруст фаҳманд, онҳо барои кори якҷояи сурудхонӣ фаъол мешаванд. Ташаккул додани овози сарояндагӣ ва фаъолияти мусиқии хонандагон ба малакаи дурусти интихоби асар аз тарафи муаллими мусиқӣ вобаста мебошад, ки асари интихобшуда кадом хусусиятҳои тарбиявию эҷодиро доросту малакаҳои иҷроиширо чӣ тавр сайқал медиҳад. Репертуари коллективи сурудҳои хорӣ бояд ҳам мазмунан ва ҳам шаклан гуногун бошанд. Барои кор бояд асарҳои бастакорони тоҷик, сурудҳои халқӣ, эҷодиёти бастакорони хориҷии дуру наздик дар репертуар ҷойгир бошанд. Барои кор бо хор бояд якчанд асар аз ҷиҳати мураккабӣ интихоб карда шаванд (вобаста ба қобилияти хорсароӣ), ҳам аз ҷиҳати мазмуну характер, ҳам аз ҷиҳати мундариҷа ва муаллимон метавонанд, ки дар рафти машғулиятҳо мондашавии хонандагонро тез рафъ сохта вазифаи дар наздашон гузоштаро иҷро намоянд. Дар вақти азхудкунии асар, муаллимон аз методҳои гуногуни омўзиши суруду мусиқӣ танзимшаванда ва фаъолшавии ташаккули эҷодии овозхонии хонандагон метавонанд истифода баранд. Бо гирифтани таҷрибаи муайян хонандагон хониши худро гўш карда онро таҳлил намоянд ва аз муваффақиятҳояшон рўҳбаланд гардида камбудиҳояшонро бартараф месозанд ва барои иҷрои асарҳои нисбатан мураккаб тайёр мешаванд.

Ҳамин тавр, таҷрибаи муаллим ва муҳаббати вай ба санъати мусиқӣ ва сурудхонии хорӣ ба бисёр паҳлўҳои тараққиёти овози сарояндагии хонандагон таъсир расонида рўҳияи онҳоро қавӣ намуда барои ҳаматарафа тараққӣ ёфтани санъати хорсароӣ замина мегузорад.

Маҳфили навозандагони созҳои халқӣ, фортепианову аккардеон дар солҳои охир аз сабаби бадии шароит рў ба таназзул овардааст. Аз як тараф кам будани созҳои миллӣ, аз тарафи дигар кам будани муаллимони мутахассис дар мактабҳо, сабаби барҳамхўрии ин маҳфилҳо гардидааст, вале мо мухтасар ба тарзи ташкили онҳо дар мактабҳо равшанӣ меандозем.

Ҷалб кардани хонандагони лаёқатманд ба ин маҳфил, барои дар оянда баланд бардоштани тарбияи мусиқӣ-зебоипарастии хонандагону омма нақши калон мебозад. Албатта, муаллим раванди машғулиятҳоро аз рўи фаъолияти хонандагон ба роҳ монда сифатҳои шахсии онҳоро ба назар мегирад, лекин афсўс, ки на ҳамаи шароитҳо  барои иҷрои вазифаҳои тарбияи мусиқии хонандагон  истифода бурда мешаванд. Дар як вақт мақсади машғулиятҳо аз худ кардани хусусиятҳои техникии навозандагии муайяни репертуар ва ҳамаи ҷамъи малакаҳои навозандагиро дар бар мегирад. Дар раванди машғулиятҳо бо методҳое, ки диққати шунавандагиро пурқувват намуда, тасаввуроти эҷодиро васеъ мегардонад, кам аҳамият дода мешавад. Ҷои онҳоро худи муаллими навозанда «нусха» мегирад. Бо ҳамин сабаб дар хонандагон шавқу ҳавас хомўш гардида, ягон машғулияти шавқовари дигарро ҷустўҷўй мекунанд.

Дар замони ҳозира новобаста ба лаёқати мусиқӣ доштан хонандагон барои иштирок кардан дар азхудкунии асбобҳои мусиқӣ шароит вуҷуд доранд. Онҳо метавонанд бо муаллими мусиқӣ берун аз машғулиятҳо шартнома баста ба таври фардӣ навохтани созҳои мусиқиро омўзанд. Барои ин диққати асосиро бояд ба инкишофи эҷодии мусиқии хонандагон равона сохта аз шаклҳои гуногуни фаъолият муваффақона истифода бурдан лозим аст, аз ҷумла хондани нота аз рўи варақ, импровизатсия, ба воситаи гўшкунӣ аз худ кардани мавод ва ғайраҳо. Мисол, дар хонандаи нав ба машғулият сар карда, ба воситаи гўш кардани сози мусиқӣ шавқи навохтани (мелодияи) мусиқии дўстдоштааш ба амал меояд. Ин мелодияҳои машҳури сурудҳои бачагонаи маълум мебошанд, ки ба жанри мусиқии «сабук» дохил шуда аз образҳои баланд камтар иборат мебошанд. Дар ҷараёни гирифтани таҷриба диққати хонандагон ба вариантҳои гуногуни навозиши гармоникии мелодия бо истифодаи шаклҳои гуногуни он равона карда мешаванд.

Ташакулёбии лаёқати эҷодӣ аз машғулиятҳои аввалин ба роҳи баҳамоварии мустақилият дар «интерпритатсия»-и асарҳо, вазифаи эҷодиро иҷро мекунанд. Мисол, ба хонанда таклиф карда мешавад, ки  тақтеъҳои мелодияе, ки дар сози мусиқӣ навохта нашуд, пурра кунад, пйесаҳои соддаро вобаста ба хусусияти асар эҷод кунад, онро бо шаклҳои гуногун навозад ва доир ба ин ё он мавзўъ «вариатсия» эҷод кунад. Албатта, дар аввали иҷроишу шунидан ба хонанда ин аҷиб аст ва мехоҳад, ки ба ҳама образҳои ба ў шинос мусиқӣ офарад, вале баъдтар дар вақти навозиш маълум мегардад, ки ин боз душвориҳоро дорад, аммо ҳолати хубаш он аст, ки дар онҳо ҳиссиёти эҷод кардани мусиқӣ пайдо мешавад ва онро бояд бо роҳбарии омўзгор ташаккул диҳанд. Муаллимро лозим аст, ки машғулиятҳои навозандагиро шавқовар гузаронида аз методҳои гуногуни навозандагӣ ба мисли захмазанӣ, ҳаракати ангуштон ва зарб моҳирона ва эҷодкорона истифода барад.

Аз машғулияти аввал хонандагон бояд бо ансамбл навохтанро омўзанд, чунки ин лаёқати эҷодию навозандагии онҳоро сайқал медиҳад. Албатта, навохтан дар ансамбл бо ҳамроҳии муаллим дар аввал хуб аст, лекин баъдтар кўшиш кардан лозим аст, ки онҳо худашон якҷоя навозанд ва дигар навозандагон тайёрии хубтар дошта бошанду дар дигар асбобҳои мусиқӣ навозанд боз беҳтар мегардад. Мелодияи мусиқиро бо қисматҳо тақсим карда, омўзгор бояд ҷойҳои алоҳидаи онро барои навохтан дар сози мусиқии алоҳида ба хонандаи истеъдоднок супорад, ки ин масъулияти хонандаи якканавозро зиёд намуда, боиси фахри ў мегардад. Дигарон ҳам кўшиш менамоянд, ки мисли ў навозандаи хуб шаванд ва барои ин меҳнат мекунанд. Ин аст ташаккули маҳорати навозандагии хонандагон, ки омўзгор дар машғулиятҳои мусиқии беруназсинфӣ бояд амалӣ намояд.

Дар худ масъулиятро ҳис намуда онҳо кўшиш менамоянд, ки партияи худро дуруст аз худ карда тоза навозанд. Бо фаъолияти якҷоя, ки вазифаи умумии бадеиро иҷро менамоянд, дар ҳар кас ташаббуси эҷодӣ ва мустақилиятро ба вуҷуд меоварад.

Муаллимро лозим аст, ки дар бораи баромади онҳо дар консерти мактабӣ фикр намуда, пешқадамонро барои ҳавасмандӣ дар идҳои мактабӣ, шабҳои тематикӣ, конкурси ҳаваскорони худфаъолият пешниҳод намояд. Ташкил кардани фаъолияти муайяни маърифатӣ ҳамавақт ба раванди тарбияи зебоипарастии хонандагон таъсири мусбат расонида шахсияти онҳоро баланд намуда фаъолияти онҳоро дар маҳфилҳо ба танзим медарорад.

Ансамблҳои вокалӣ-инструменталӣ (АВИ)-дар мактабҳо имрўзҳо бисёр машҳур мебошанд, ки он вобаста ба шароити замон ба вуҷуд омадааст. Шавқу ҳаваси наврасонро бо АВИ ҳар тарз маънидод кардан мумкин аст. Ин пеш аз ҳама қафо намондани наврасон аз ҳаёт, то худро «одами замонавӣ» ҳис кунанду дар байни ҳамсолони худ эътибор дошта бошанд дар бар мегирад. Аз тарафи дигар шунидани сурудҳои машҳур ва дарки он барои ҳама дастрас мебошад ва бо табиӣ будани худ онҳоро ба худ моил мекунад.

Диққати наврасонро омўзгор бояд ба раванди навозиши он ҷалб кунад, на ҷиҳати иҷроиши бадеии асари иҷрошаванда, ки ҷиҳатҳои манфиро дар ҳиссиёти онҳо ба вуҷуд меорад ва шавқу ҳаваси онҳо бо ҷиҳатҳои машҳури рок-гурўҳҳо маҳдуд мегардад. Саргарм шудани наврасон бо сурудҳои мудӣ аз кам будани садодиҳии созҳои мусиқӣ ва дода натавонистани заминаи баланди рўҳиро дар мусиқӣ ба ташаккул ёфтани шахсияти онҳо харобӣ меорад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки кор бо маҳфилҳои худфаъолиятии АВИ барои азхудкунии мусиқии сабуки замонавӣ заминаи боэътимод барои ташаккул додани маданияти мусиқии навозандагию сарояндагии наврасон ба ҳисоб меравад ва омўзгори мусиқӣ бояд аз он дуруст истифода барад, ки ҷиҳатҳои манфии он ба хонандагон таъсир накунад. Бо ин мақсад дар репертуари АВИ-ҳо бо алоқамандии сурудҳои машҳури нав, сурудҳои характери патриотӣ ва ватандўстӣ доштаи даврони Шўравӣ, сурудҳои эътирозӣ, мусиқии сабуки замонавии образҳои хубдошта, сурудҳои халқӣ, дохил карда шаванд.

Дар ин ҳолат майли наврасонро нисбат ба мусиқию сурудҳо ба назар гирифта тавонистан ба муносибати эҷодкоронаи омўзгор вобаста аст. Бо як асар онҳоро маҳдуд накарда, балки диққати онҳоро бо инъикоси мусиқиҳои гуногун, роҳҳои навозиш ва тасвирёбии он дар маҷмўъ (хусусиятҳои мелодия, сохти зарбҳо, қувватнокӣ, шиддатнокии овозҳо - динамика) ҷаҳонбинии мусиқии хонандагонро васеъ гардонад.

Барои васеъ кардани қабулкунӣ, иҷрои вазифаҳои гуногуни эҷодӣ, табъи аъзоёни ансамбл роли асосиро мебозад. Мисол: ба хонандагон пешниҳод карда мешавад, ки ягон мелодияи табиии суруди халқии тоҷикиро бо шакли «аранжировка» (такмилдода)-и эстрадии он аз тарафи бастакорон бо шаклҳои гуногуни аранжировка кардашудаи онро муқоиса карда, шакли хуби онро интихоб намоянд ва иҷрои онро дар маҳфили худ оғоз намоянд. Барои хуб баромадани мусиқии он хонандагон бояд забони мусиқии модариро дуруст донанд.

Аз худ кардани забони мусиқии модарӣ ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар оянда ба мелодияҳои сурудҳои халқӣ худашон аранжировка банданд, яъне онро худашон ба созҳои мусиқӣ тақсим карда навозанд.

Ҳамин тариқ, муносибати хуби хонандагон бо образҳои баланди санъати мусиқӣ таъсири худро дар тарбияи онҳо расонида (хусусан бо «душвортарбияҳо») ба ҳал кардани вазифаҳои инкишофи маълумот замина гузошта, рўҳияи мусиқидарккунии онҳоро баланд мебардорад. Маҳфилҳои мусиқӣ ба хонандагон имконият медиҳанд, ки фаъолияти худро барои васеъ дарк кардани хусусиятҳои мусиқӣ, иҷрокунандагӣ, овозхонию навозандагӣ, ахлоқӣ ва эҷодӣ равона созанд. Доираи машғулиятҳои мусиқиро васеъ гардонида, муаллим ба рушди фаъолият ва тарбияи эҷодии мусиқии хонандагон таъсири бузург расонида метавонад.

Муаллиф: Б. Хайруллоев
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

барчасп: