МУРУРЕ ИҶМОЛӢ БА ТАЪРИХИ КУНДАЛ
Чоп шуд: 01/11/2025Аз замонҳои қадим тоҷикон дар оро додани хона ё ҷойгоҳи асосӣ услуби хоси худро доштанд. Дар он давра ҳунару санъатҳои зиёде рушд карда буданд: кулолгарӣ – яъне сохтани табақ, кӯза ва зарфҳои гилин, заргарӣ – сохтани ҷавоҳирот аз тилло ва нуқра, кандакорӣ – нақш дар чӯб ва санг бо ороиши зебо, гулдӯзӣ – дӯхтани гулҳои зебо дар матоъ ва ғайраҳо. Яке аз ҳамин гуна ҳунарҳои машҳуру зебо санъати кундал буд, ки то имрӯз ҳам арзиши худро аз даст надодааст, ки онро наққошии кундалкорӣ низ меноманд...

