Аз замонҳои қадим тоҷикон дар оро додани хона ё ҷойгоҳи асосӣ услуби хоси худро доштанд. Дар он давра ҳунару санъатҳои зиёде рушд карда буданд: кулолгарӣ – яъне сохтани табақ, кӯза ва зарфҳои гилин, заргарӣ – сохтани ҷавоҳирот аз тилло ва нуқра, кандакорӣ – нақш дар чӯб ва санг бо ороиши зебо, гулдӯзӣ – дӯхтани гулҳои зебо дар матоъ ва ғайраҳо. Яке аз ҳамин гуна ҳунарҳои машҳуру зебо санъати кундал буд, ки то имрӯз ҳам арзиши худро аз даст надодааст, ки онро наққошии кундалкорӣ низ меноманд. Санъати кундал яке аз зеботарин ва қадимтарин ҳунари милии тоҷикон буда ба асрҳои ХV рост меояд. Ин ҳунар дар меъморӣ ва ороиши биноҳо, азҷумла мадрасаҳо, масҷидҳо ва чойхонаҳо истифода мешавад. Санъати кундал аз дигар ҳунарҳои тоҷикӣ мисли кулолгарӣ ё гулдӯзӣ бо усул, намуди кор ва шакли барҷастаи худ фарқ мекунад. Ин ҳунар махсусан дар водии Зарафшон (Бухоро, Самарқанд ва Панҷакент), вилояти Суғд ва умуман манотиқи тоҷикнишин рушд кардааст. Яке аз намунаҳои олии ороиши кундал дар Тоҷикистон мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро (Панҷакент) мебошад. Деворнигораҳои ин мақбара ва байтҳои дар даромадгоҳу тоқҳои он ҳаккокишуда на фақат диққати донишмандони тоҷик, балки олимони ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст ва он имрӯз ҳамчун ёдгории нодири таърихии чандинасра арзёбӣ мегардад.
Кундал кори хеле дақиқ ва сабрталаб мебошад. Унсурҳои асосӣ дар он гулҳо, ситораҳо, ва нақшҳои геометрӣ мебошанд. Пас аз иҷро нақшҳо бо рангҳои табиӣ, тилло ва нуқра оро дода мешавад. Рангҳои аслии кундал кабуди лоҷвардӣ, сабзи заминӣ, сурхи анорин, зарди тиллоӣ ва сафеди шоҳона мебошад. Тарзи тайёр кардани кундал аввал тахта бо ширеш молида мешавад, ба болои тахта матоъ мегузоранд, боз бо ширеш молида мешавад ва баъдан моддаҳои махсус гаҷ (алебастр) ва ширеш омехта мешавад. Сипас, вақте қабати аввал хушк шуд, қабати дувум ҳам ба ҳамин тарз молида мешавад. Яъне қабати аввалро ранг мекунанд, хушк мешавад, баъд қабати дувумро ҳам ранг мекунанд. Ин барои он аст, ки кундал зебо ва ғафс барояд. Баъд рӯи орнамент зарҳал ё бо коғази зарҳалин (потал) молида мешавад бо рангҳои равшан оро медиҳанд. Баъди тайёр шудан, ин тахта ба девор ё сақф часпонда мешавад, ки натиҷаи ин қадар заҳмат ва нозукӣ боиси тавлиди як шоҳасар мегардад.
Санъати кундал дар меъмории тоҷикон нақши муҳим дорад. Он дар сохтмонҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мисли Масҷиди Бибихонум, Мадрасаи Улуғбек, қасри Шаҳри Сабз ва хонаҳои ороёфтаи Бухоро ва Хуҷанд дида мешавад. Дар осори меъмории асрҳои XVIII-XIX, махсусан дар Хуҷанд, Ҳисор, Истаравшан ва дигар шаҳру навоҳӣ намунаҳои зиёди он ба назар мерасад. Биноҳои замонавие мисли Кохи Наврӯз, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Қасри миллат ва ба ин монанд низ бо унсурҳои кундал оро дода шудаанд. Дар осори фарогири мавзуъ менигоранд, ки кундал нақши барҷаста ва зебоӣ-ороишӣ аст. Дар баъзе мамолик мисли Эрон ё Ҳинд кундал ба маънои гулдон ё гӯшвора низ ном бурда мешавад. Дар минтақаи Форс бошад, онро биҳишти гулҳо мегӯянд, аммо дар мо кундал маънои ҳунари ороишии тоҷикиро дорад, ки аз қадим монда, то ҳол бо рангорангии вижа истифода мешавад.
Дар баробари деворнигорандагиву меъмории биноҳо, ҳоло санъати кундалро дар табақҳои сафолӣ ва чӯбӣ низ истифода мебаранд. Ҳунармандон табақу коса ва ашёҳои сафолиро бо нақшу нигор ва гулу гулкориҳои кундал ороиш медиҳанд. Бештар гулҳои лола, садбарг, баргҳои сабз ё хатти мудавварро истифода мебаранд, то зарф зеботар шавад. Ҳамин аст, ки кундал на танҳо ба девор ва сақфу тоқ, балки ба ашёҳои рӯзгор ҳам зебоӣ мебахшад.
Дар замони қадим мардум дар духтани либосҳо аз нақшу нигори кундал истифода мебурданд ва номашро ҳам кундал меномиданд. Бинобар ин, барои ҷомаҳо, либосҳои мардонаву занона ва ҳатто пойафзол ин навъи санъат корбурд мешуд. Кундал дар матоъ одатан ба ду навъ ҷудо мешуд: симдор ва бесим. Аксар вақт чунин матоъҳоро бо нахҳои сунъӣ омода месохтанд. Аз байни навъҳои гуногуни матоъҳо: хрустал (нуқра), комбахт аз ҷумла беҳтарин навъҳои матоъ барои кундал ба ҳисоб мерафтанд, ки барои дӯхтани либосҳои арӯсӣ истифода мешуданд. Ғайр аз ин матоъи кундал барои халатҳо, либосҳои мардонаву занона ва ҳатто пойафзол низ истифодда мешуд. Бо ин матоъ гулдғзӣ ва накшҳои зебо офарида мешуд. Онро ҳамчунин барои дӯхтани тоқӣ, кӯрпача ва дигар ашёҳои мардумӣ низ ба кор мебурдан. Дар замони муосир низ кундал мавқеи худро аз даст надодааст. Имрӯз онро барои кӯрпачаворӣ низ истифода мебаранд. Имрӯз рассомони тоҷик кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки санъати қадимаи кундалро ҳамаҷониба инкишоф диҳанд.
Ҳунарварони маъруфи тоҷик мисли Ҳамроқул Шарифов ва Мирзораҳмат Олимов ба ин санъат рушди тоза дода, бо намунаҳои барҷастаи осори худ дар шаҳри Душанбе ҳунари кундалро паҳн карданд.
Мирзораҳмат Олимов яке аз муассисони мактаби кундал дар Душанбе мебошад, ки намунаи бештари осори ҳунариаш кор мекард. Ӯ аз аввалинҳо буд, ки санъати кундалро (1960 - 1970) аз нав зинда кард. Дар он давра ин ҳунар қариб аз байн рафта буд, зеро дар сохтмонҳо ва деворороиҳои муосир аз техникаҳои русӣ ва аврупоӣ бештар истифода мешуд. Бо шарофати заҳмату меҳнатҳои Мирзораҳмат Олимов санъати кундал дар Тоҷикистон дубора зинда гашт. Ӯ на фақат аз худ мероси гаронарзиш, балки мактаби бузургеро барҷо гузошт. Имрӯз шогирдони ӯ дар бисёр шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар ин ҳунарро меомӯзанд ва ин мактабро идома медиҳанд.
Дар миёни устодони машҳури кундал, яке аз шахсони номдор Сайфуддинов Анваршоҳ мебошад. Ӯ яке аз рассомони маъруфи тоҷик аст, ки солҳои зиёд дар Коллеҷи рассомӣ ба номи М.Олимов ва Институти давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн кор ва фаъолият мекунад. Ӯ кӯшиш мекунад, ба ҳунари кундал усулҳои нав ворид намояд. Дар корҳои ӯ дида мешавад, ки вай шаклҳои гуногуни геометрӣ мисли доира, чоркунҷа, хатҳои рост ва каҷ –ро истифода мебарад. Бо ҳамин сабаб, ӯ ин навъи кори худро “альтернативный кундаль” меномад.
Рассоми дигари тоҷик Ёқуб Бегимов, ки солҳои зиёд бо санъати кундал кор кардааст, на танҳо ин анъанаро идома додааст, балки кӯшиш кардааст, ки дар санъати кундал имкониятҳои мавҷудбударо васеътар ва муосиртар гардонад. Ӯ дар расмҳояш на танҳо нақшу рангҳои зебо, балки ҳиссиёт, фикр ва маънои амиқро ҷой дода, имкониятҳои зиёдеро дар интихоби ранг ва шакл истифода мебарад. Ёқуб Бегимов баътар дар Исроил ҳам бо ҳамин услуб, аммо “кундали гӯё” кор карда, орнаментҳои пурмазмун офаридааст. Санъати тоҷиконаи ӯ дар Исроил мақбули хосу ом гардид. Ҳатто муассисаҳои давлатӣ ва расмии он ҷо аз ӯ асарҳо фармоиш додаанд. Ин нишон медиҳад, ки ҳунари тоҷикӣ дар хориҷ ҳам арзиш ва эҳтиром пайдо кардааст. Санъатшиноси тоҷик Лариса Додхудоева ҷое қайд мекунад, ки Ёқуб Бегимов рассоме буд, ки анъанаро нигоҳ дошт, вале ҳамзамон навоварӣ кард ва санъати кундалро ба мақоми вижа баровард.
Дар Тоҷикистон имрӯз низ санъати кундал рушд карда истодааст. Дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон коллексияи “Кандакорӣ ва кундал” мавҷуд аст, ки зиёда аз 380 ададро ташкил медиҳад. Ҳамзамон дар ошёнаи сеюми ин осорхона (шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалӣ) бахши махсус ҳаст, ки онҷо асарҳои кандакорӣ ва кундалнигораҳо нигоҳ дошта мешавад. Ин ҷо корҳои зебо ва машҳури ҳунармандони тоҷик, мисли Ҳамроқул Шарифов, Мирзораҳмат Олимов, Кароматулло Ғаюров, Мирсаидов Саъдулло, Сироҷиддин Нуритдинов, Алӣ Яҳёев ва дигарон ба маърази ом гузошта шудаанд. Ҳар рӯз садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва меҳмонон аз кишварҳои дигар ин ҳунарҳои зебо ва кадимаи тоҷиконро тамошо карда, аз асолату назокати ин санъат бори маънӣ ва тафреҳ мебардоранд.
Баҳодурова Озарбону,
ходими илмии шуъбаи ВАО
ва табъу нашри ПИТФИ.


