Садои он ғижакам кўшту шакли он ғижакӣ...

Ғижак, сози торӣ-камончадорӣ мусиқист, ки дар Осиёи Миёна, Эрону Афғонистон ва баъзе ҷумҳуриҳои Қафқоз маъмул аст. Ғижак аз давраҳои қадим дар байни халқҳои Шарқ бо унвонҳои гуногун маъмул буд. Онро тоҷикон ғижак, озариҳову арманиҳо кеманча, афғонҳо дилрабо, ҳиндуҳо сиринча меноманд. Муҳақиқон таърихи пайдоиши ғижакро ба асрҳои 9-10 нисбат медиҳанд. Ханўз  дар асри 15 Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз садои дилнавозӣ ғижак ба ваҷҳ омада дар бораи садои ғижаку ғижакнавоз чунин гуфтааст: 

Садои он ғижакам кўшту шакли он ғижакӣ,
Ки шўри маҷлиси ушшоқ шуд зи пурнамакӣ.

Мусиқишинос, мутриб ва шоири асрҳои 16-17 Дарвешалии Чангии Бухороӣ дар асараш «Туҳфат-ул-сурур» пайдоиши ғижакро дар Осиёи Миёна ба асри 10 ҳамл карда ихтироъгари онро Абўали Сино ва Носири Хусрав ном бурдааст.

Мардуми тоҷик бештар ду намуди ғижакро истифода мебурданд: ғижаки кўҳистонии косааш чоркунҷа ва ғижаки касахонааш дойирашакл. Дар водиҳои кўҳистони Тоҷикистон мутрибони халқӣ бештар аз ғижаки кўҳистони дутора истифода мекунанд. Ин намуди ғижакҳо бо фосилаи кварта ҷўр шуда, ду ё баъзан се тор дорад.  Тори якум нотаи ре-и октаваи дуюм, тори дуюм нотаи ля-и октаваи якум ва тори сеюм нотаи ми-и (дар баъзе созҳо дучор меояд) октаваи якум ном дорад.  Тори сеюми ин гуна ғижакро баъзан ба нотаи ре-и октаваи якум низ ҷўр мекунанд.

Ғижаки кўҳистони аз косахона (тунукагин ва баъзан кадуҳои махсус) сутун, дастаи дойирашакл, торҳо, хараки поёнӣ ва болоӣ (остона), гўшакхона ва гўшак иборат мебошад. Дарозии умуии ин намуди ғижак 55-60 см-ро ташкил медиҳад. Диапазони (фосилаи  мобайни садои аз ҳама паст ва аз ҳама боло) ғижаки кўҳистони аз нотаи ми-и октаваи якум ва тақрибан нотаи ре-и октаваи сеюмро дар бар мегирад. Ғижаки косахонааш доирашакл нисбат ба ғижаки кўҳистонӣ маъмултар буда бартариҳои зиёдеро дорост. Ин намуди ғижакҳо бештар дар байни халқҳои Осиёи Миёна ва ҷумҳуриҳои Қафқоз маъмул аст.  Чунин намуди  ғижакҳоро бештар аз чўбҳои тут, зардолу ва чормағз ва ғ тайёр мекунанд.  Устоҳои ғижактарош дар Тоҷикистон З. Наҷмиддинов, П. Пасевин (Душанбе), Х. Савров (Норак), Д. Раҷабов (ВМКБ), М. Галимов (Хуҷанд) ва дигарон мебошанд. 

      Соли 1938 ба сабаби дар Тоҷикистон ташкил намудани оркестри созҳои миллии тоҷикӣ, ғижаки сетора ва ғижаки чортора ва бо ҷўри ба мисли скрипка квинта- квинта тағйир дода шуд. Яъне, тори якум  нотаи ми-и октаваи дуюм, тори дуюм  нотаи ля-и октаваи якум, тори сеюм нотаи ре-и октаваи якум, ва тори чорум нотаи сол-и октаваи хурд ҷўр карда мешаванд. Бо мурури замон тори ғижак ба филизӣ иваз шуда, мутрибон бештар аз торҳои аккордии скрипка истифода мебаранд.

       Солҳои 50-60 ғижакнавозони касбӣ: Амон Ҳамдамов, Бақоҷон Ҳабибов, Уреил Толмасов, Ҳаким Маҳмудов, солҳои 60-80-ум омўзгорони касбии сози ғижак Амрохон Муборакшоев, Абдураҳмон Тошматов, Ҳамидкул Ҷумъаев, Ҳасан Пиров, Умар Темуров  ва ғижакнавозони халқӣ Достӣ Орзуев (ш. Кулоб), Абдусалом Раҳимов (н.Москва) Мирзоқурбон Солиев (ш.Исфара), Худоёрбек Қурбонбеков (Бадахшон), Мирзосома Қурбонов (ш. Исфара) ва чанд тани дигар  фаъолият доштанд. 

    Соли 1943 Консерваторияи давлатии ш. Тошкент лабараторияи махсуси экспрерименталӣ ташкил ёфт ва як гурўҳ устоҳо бо роҳбарии А.И Петросян ба таъмиру комилсозии ҳама намудҳои  созҳои халқӣ шурўъ карданд. Масалан, дар асоси сози ғижак оилаи сози мазкур: ғижаки алт, ғижаки бас ва ғижаки контробас ихтироъ карда шуд, ки ин гурўҳи созҳо ба мисли квитети оркестри симфонии дар партитураи (услуби нотанависи) оркестри созҳои халқӣ ҷои намоёнро ишғол намуд ва яке аз гурўҳҳои  асосии оркестр ҳисобида мешавад.

        Дар айни замон дар Тоҷикистон ду тарзи доштани камонча (тарзи халқӣ ва тарзи доштани мисли комончаи скрипка) васеъ истифода бурда мешаванд. Аммо дар Эрон, Озарбойҷон, Арманистон бошад танҳо тарзи халқӣ доштани камонча ва ғижаки дасташ дойирашакли чортора маъмул асту бас.

     Баъди солҳои 60-уми асри 20 барои созӣ ғижак як қатор китобу дастурҳои таълимӣ аз тарафи муаллифони мухталиф таълиф ва асарҳои алоҳида эҷод шуда ба табъ расидаанд: Алиев С, Фелициант Р «Школа игры на гиджаке»- Ташкент 1963, Холмухамедов А, Фелициант Р «Пьесы для гиджака»- Ташкент 1965, Ҷумъаев Х, Охунов Ҷ «Дарси ғижак»- Душанбе 1983, «Созу навои Ғижак» мураттиб Ҳ. Ҷумъаев  (Душанбе 1987), Д. Дўстмуҳаммадов - Консерт барои ғижак ва фортепиано чанд пйесаи барои ғижак ва фортепианои Х.Абдуллоев; «Пйесаи консертӣ барои ғижак ва оркестри созҳои миллии А.Ҳамдамов, консерт барои ғижак ва оркестри созҳои миллии Амирбек Мўсоев; А. Мўсоев ду дастури таълимӣ; «Рози ғижак»(1997), «Орзуи мутриб» (1994) ва Муборакшоев А, Мўсоев А  «Дастури ғижакнавози нав шогирд» (1998). 

Манбаъ: Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик Ҷ.3-Душанбе, 2004,
Петросян А.И Инструментоведение // Узбекские народные инструменты.-Ташкент, «Уқитувчи», 1980;
Вызго Т.С. Музыкальные инструменты средней Азии // Исторические очерки.-М, «Музыка», 1980.                                              

Ғижаки контрабас

Ғижаки контрабас сози тори камончадорест, ки баъди солҳои 50-уми асри 20 нав ихтироъ шудааст ва ба оилаи созҳои камончадор дохил мегардад. Сози навсохти ғижаки контробас дар услуби нотанависии партитура диапазони (фосилаи мобайни садои аз ҳама паст ва аз ҳама боло) регистри пастро фаро мегирад. Вай  бо фосилаи кварта ҷўр шуда, торҳои он ба таври зайл ном бурда мешаванд: тори якум сол-и октаваи хурд, тори дуюм ре-и октаваи хурд, тори сеюм ля-и октаваи калон ва тори чорум ми-и октаваи калон.

Аз баски сози ғижаки контрабас сози транспониркунанда аст, садояш аз сабти нота дида як октава паст садо медиҳад. Диапазони сози мазкур мувофиқи сабташ ба ин зайл аст, аз ми-и октаваи калон то ми-и октаваи якум. Диапазони сабти нотавии  сози мазкур як октава паст: дар регистри аз ми-и контраоктава то ми-и октаваи якумро (садодиҳии аслӣ ля-и октаваи якум) фаро мегирад. Дар услуби нотанависии партитура, дар  гурўҳи созҳои камончадор, дар хати аз ҳама паст-панҷум (пас аз ғижаки бас) ҷо дода мешавад. Ғижаки контрабас ғайр аз  калиди бас боз нотаҳои баландаш дар калидҳои тенор  ва скрипка низ сабт мешаванд.

        Сози ғижаки контробас шаклан хело бузургҷусса мебошад. Бинобар ин, онро асосан рост дошта, росто менавозанд. Аппликатураи (ангуштгузорӣ)он низ аз дигар созҳои гурўҳи камончадор ба куллӣ фарқ мекунад. Тарзу услуби навозандагӣ дар ғижаки контробас ба мисли дигар созҳои камончадор аст.

         Дар оркестр ғижаки контрабас асосан вазифаи поягузории овозҳои басиро иҷро мекунад.

 

Манбаъ:  Энсиклопедияи  адабиёт  ва  санъати  тоҷик Ҷ.3//ЭМТ- Душанбе,2004,

Петросян А.И Инструментоведение // Узбекские народные инструменты.-Ташкент, «Уқитувчи», 1980

                                                                                                                                                                                                                                                                                                  Ҷ.Обидпур  

барчасп: