Рубоб дар тӯли таърих

Рубоб, рубоб сози торӣ –мизробии мусиқиест, маъмул дар байни халқҳои шарқ, алалхусус тоҷикон мебошад. Бино ба маъхазҳои адабӣ рубоб шакли муарраби қадимаи паҳлавии «Равода» буда, маънои «Овози ҳазин бароваранда»-ро доштааст.
Дар шарқ ва Европаи ғарбӣ бо шаклҳои рабоб, ребаб, ребак ва ғайра интишор шудааст.
Сарчашмаҳои адабӣ рубобро дар шаклҳои гуногун тасвир менамоянд. Аввали асрҳои миёна дар сарзамини Эрон ва кишварҳои атрофи он рубобро бо камонча менавохтанд. Он косаи секунҷа (як кунҷ аз тарафи даста) иборат буда, яктора ё 2-3 тора мешудааст. Аз рубоби яктора бештар шоирону гўяндагони халқӣ, аз рубоби 2-3 тора ромишгарон ва муғанниёни касбӣ барои рақсу тарона ва мусиқии ансамблӣ истифода мебурданд. Ба рўи косаи рубоб пўсти оҳу кашида, торҳояшро аз рўдаи гўсфанд ва абрешим таҳия мекарданд. Махсусан, рубоби тораш абрешимӣ муътабар будааст. Дарозии умумии чунин рубоб 60-80 см буда, мувофиқи миқдори торҳо дар нўги даста гўшакҳо доштааст.
      Баъд аз истилои араб рубоб чун сози камонӣ бо унвони ребаб дар Миср, мамлакатҳои шимол Ғарбии  Амрико ва Андалусия маъмул гардид. Асрҳои минбаъда тавассути тиҷорат дар Ҳиндустон ва ҷазираҳои Малайя пайдо шуд. Дар асри 12 дар Европаи Ғарбӣ бо номи «Ребек» интишор ёфта, чоряки асри 18 асоси созҳои скрипкавӣ гардид.

Дар достони «Хусрав ва Ширин»-и ҳаким Низомии Ганҷавӣ омада, ки рубоб (рубоби камонӣ) аксаран бо борбат ва чанг якҷоя навохта мешавад (ӯ замони Сосониёнро дар назар дорад) ва оҳанги хуше дорад.

Вале дар асрҳои (10-12) рубоб дар Эрон ва Мовароуннаҳр  шакли худро тадриҷан тағйир дод. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо рубоби ин давра ба танбўр шабоҳат дошта, косааш хеле  бузургтар будааст ва ба рўи ў низ пўсти оҳу мекашидаанд. Дастааш аз дастаи танбўр кўтоҳтар буда, торҳояшро (2-3тор) аз абрешим ва пардаҳоро аз рўдаи ҳайвонот тайёр мекардаанд, ки овози басе дилкаш доштааст. Онро бо мизроб ва баъзан бо камонча менавохтаанд.

Ин соз тадриҷан дар Осиёи Миёна, вилояти Қошғар (ҳозира синтсзияни Хитой) ва балоди Ҳинд интишор ёфт. Рубоб тахминан дар асрҳои 17-18 дар вилояти Қошғар бо шакли каме тағирёфта маъмул гардид. Дар гарданаи байни коса ва даст ду шохи  камоншакл ба тарафи коса хамида илова карданд ва он бо номҳои лавибо (Хитой) равад ва рабоб (қашғарӣ) машҳур гардид. Баъдтар бо ин намуди ташаккулёфтаи зебояш дар Осиёи Миёна ва Ҳиндустон шўҳрат ёфт. Рубоби пештара аз байн рафта ҷои онро рубоби шохдори қошғарӣ (ё қашқарӣ) гирифт ва он дар байни тоҷикон ва ўзбекҳо то ҳол машҳўр аст.

 Дар маъхазҳои то асри ХХ маҳфуз буда, дар хусуси диапазон (фосилаи мобайни садои аз ҳама паст ва аз ҳама боло) ва ҷиҳатҳои техникӣ, тарзи услуби навохтани рубоб маълумоти аниқ дида намешавад. Ҳамчунин сабти нотавиаш низ вуҷуд надошт. Танҳо дар нимаи аввали асри ХХ дар китоби В. Беляев («Музыкальные инструменты Узбекистан» М, 1933, саҳ. 76) тарзи соз (ҷўр) ва диапазони рубоби қошғарӣ чунин маълумот дода шудааст: тори якум ҷуфт ля-бемоли октаваи хурд, тори дуюм ҷуфт ми-бемоли октаваи хурд ва тори сеюм (иборат аз ду тор) ля- бемоли октаваи калон, диапазони он аз нотаи ля- бемоли октаваи калон то нотаи фа-и октаван якумро дарбар мегирад.

   Баъди солҳои 40-ум дар назди Консерваторияи давлатии шаҳри Тошкент устохонаи илми таҷрибавӣ ташкил ёфт ва як гурўҳ устоҳо бо роҳбарии А.И Петросянс ба таъмиру комилсозии созҳои халқӣ камар бастанд. Дар асоси созӣ рубоб оилаи онҳо: рубоби прима, метсосопрано, рубоби алт, рубоби бадахшӣ (аз рубоби бадахшонӣ) нав сохта ихтироъ карда шудаанд. Дар байни ин созҳо рубоби қашғарӣ (қашқарӣ) ҳоло яке аз созҳои маъмули якканавозӣ, ансамблӣ ва оркестрист. Дарозии он 90-100см буда, косаи мудавари кафлесмонанд дорад (чуқуриаш11-13 см). Онро аз чўби тут, тўс, зардолу, арча ва ғ. метарошанд. Ва аз рўи косааш пўсти дили бўз ,тон ва бештар моҳӣ ва ғайрамекашанд. Дар гарданаи дасташ аз ду тараф шохҳои камоншакл (дарозиаш 10-12 см) дорад. Нўги даста ба қафо хам хўрда, дар он гўшакҳо (дар баъзе намуди он гўшакхои фулуззӣ-метталӣ) ҷой гирифтаанд дар рўи пўсти коса харак дорад (барои ҷўри тозаи пардаҳо харак пешу қафо бурда мешавад).

Дар дастаи рубоб ғайр аз пардаи мутлақ (3 овози тори кушода) боз 24 пардаи диатоникиву хроматикӣ мавҷуданд, ки ҳар яки он ду октаваи пурраро дар бар мегиранд ва онҳоро пеш аз рўдаи бўзу гўсфанд месохтанд (ҳоло тори 3-юм аз риштаҳои синтетики ва торҳои 1-2 юмро аз филиз месозанд).

Шакли нави рубоби қошғарӣ 2-тори фулузии ҷуфт ва як тори синтетикӣ ғафс дорад, ки ин садои бам (бас)-ро медиҳад. Рубоби қошғарӣ дар калиди скрипка бо кварта-квинта соз (ҷўр) мешавад, дар навиштан: тори якум ля-и октаван якум, тори дуюм ми-и октаван якум ва тори сеюм ля-и октаван хурдро дар бар мегирад. Диапазони он дар навиштан аз ля-и октаван хурд  то ля-и октаван сеюмро фаро гирифта аз навишташ як октава паст садо медиҳад.бинобар ин рубоби қошғарӣ ба қаторӣ созҳои транспониркунанда  дохил мешавад.

  Баъди солҳои 60-уми асри ХХ як зумра соҳибкорони соҳибкасб  ва навозандагони касбии бо маҳорат, аз ҷумла: Муҳаммадҷон Мирзоев, Сулаймон Тахалов, Қобилҷон Усмонов, Тоҳирҷон Раҷабӣ, (Ўзбекистон) Одилҷон Назаров, Ҳикмат Нарзуллоев, Ҷўрахон Обидов (Обидпур), Мустафоқул Муртазоев, Маҷнун Баротов, Абдуразоқ Муҳамадов, Ворис Абдураҳмонов, Абдураҳмон Матхолов (Тоҷикистон) дар сози нодир шогирд тайёр намуда, рубобро   ҳамчун сози якканавозӣ ташвиқу тарғиб кардаанд.

Профессор Ҷўрахон Обидпур бори аввал дар ҷумҳурӣ соли 1975 дар рубоби қошғарӣ барномае дар ҳаҷми як шўъба (45-50 дақ) тайёр намуда, консерт дод ва шогирдонаш низ кори ўро идома доданд. Рубобнавозон дар озмунҳои навозандагони созҳои халқӣ байни ҷумҳуриявӣ минтақавӣ иштирок варзида, ғолиби озмунҳо гардидаанд: Хушвақт Улмасов (Боку, соли 1986), Фатҳулло Файзуллоев (Бишкек, соли 1975), Абдураззоқ Нормуҳаммадов (Душанбе, соли 1986), Абдураҳмон Матхолов (Душанбе, соли 2000) ва дигарон ҳама шогирдони профессор  Обидпур мебошанд.

 Аз солҳои 60-ум и асри ХХ сар карда, барои рубоби қошғарӣ як силсила китобу дастурҳои таълимӣ ва асарҳои ҷудогона дар Тоҷикистону Ўзбекистон таълиф шуданд, ки репертуари таълимиву консертии сози мазкурро ғанӣ гардонидаанд. Инҳо: Ф.Васильев «Школа игры на рубабе» (Ташкент 1963, 1978), Ҷ. Обидпур «Дарси рубоб», (Душанбе-1969,1982), «Чаманоро»(1986), “Савтҳои Борбадӣ» (1990), «Этюдҳои хушоҳанг» (1996), «Гулбонги рубоб» (2005) ва ду маҷмўа бо унвони «Гулбоғи рубоб» (кит 1, 2002, кит.2 2006) Маҷмўаи «Асарҳо барои рубоб ва фортепиано»-и М. Атоев (Душанбе 2009) , консерт барои рубоб ва оркестри симфонии Д. Дўстмуҳаммадов, консерт барои созҳои миллии А. Атоев, достон барои рубоб ва оркестри созҳои халқии М. Бафоев «Хотирот»-пейса барои рубоб ва оркестри созҳои халқии А. Мусоев фантазия барои рубоб ва оркестри созҳои халқии Х.Абдуллоев. Ду фантазия барои рубоб ва фортепианои Ҷӯрахон Обидпур (дар ҳамкорӣ бо К.Тущинок) ва ғайра мебошанд.

Манбаъ. : Энциклопедияи  адабиёт  ва  санъати  точик //ЭМТю- Душанбе,2004,
Петросян А.И Инструментоведение //узбекские народные инструменты.-Ташкент, «уқитувчи», 1980,
Вьзго Т.С. Музыкальные инструменты средней Азии // Исторические очерки.-М, «Музыка», 1980.                                                   

Муаллиф Ҷӯрахон Обидпур

 

барчасп: