Чанг, сози мусиқиест, ки дар мамлакатҳои Шарқ ва Шарқи наздик маъмул аст, 72 тори металлӣ ва ҳамон миқдор гўшак дорад. Системаи қаторовозиаш аз 24 пардаи диатоникӣ ва хроматикӣ иборат аст. Чанг ба қатори созҳои якканавозӣ дохил шуда, дар оркестр ва ансамбли созҳои миллӣ васеъ истифода мешавад.
Чанг таърихи тўлони дорад. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои қадимӣ ҳанўз дар давраи шумериҳо ( ҳазораи 4-3-и то милод) ин соз бо шаклу намуди мухталиф маъмул будааст. Тавре дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ омадааст: чангнавози шоҳ Баҳроми Гўр (асри 5-6)- Озода ҳамеша бо чанг дар паҳлўи шоҳ будааст ва сўҳбатҳои хоси ўро бо садои чанг гарм месохтааст. Ҳанўз дар асрҳои 9-10 чанг яке аз созҳои мусиқии дўстдоштаи мардуми эронитабор ба ҳисоб мерафтааст. Шоирону ҳофизон бо ҳамовозии он суруд мехонданд ва дар ансамбл ҷўр мекарданд. Устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ яке аз аввалинҳо шуда дар ашъораш чангро ёдрас шудааст:
Рўдакӣ, чанг бигрифту навохт,
Бода андоз, к-ў суруд андохт.
Ё худ Фирдавсӣ гӯяд:
Ҳама шаб зи овози чангу рубоб,
Сипаҳро наомад бар он дашт хоб.
Ин ду мисраъ моли Мушфиқист:
Дуто шудам зи ғами ишқу зор менолам,
Ба нола дол бувад, қомати хамидаи ҷанг.
Сози чанг бо шакли тағирёфтааш бо унвонҳои мухталиф: байни халқҳои юнон - «кимвал», халқҳои араб-«қонун», мардуми эрон ва қафқоз- «Сантур» ва халқҳои Молдавия, Беларуссия-«Симбала» маъмул аст.
Чангҳои замони қадим аз чангҳои ҳозира дида, на ин ки бо шаклашон, балки бо диапазон (фосилаи мобайни садои аз ҳама паст ва аз ҳама боло)-ашон аз ҳамдигар ба кўллӣ фарқ мекунанд. Алалхусус чангҳои таъмирёфта (реконструксияшуда), ки дар шакли имрўзаашон ба табъ расидаанд.
Бино ба маълумотҳое, ки дар китоби муаллифон А. Одилов, А. Петросянс «Чанг дарслиги»(«Дарси чанг») омадааст: соли 1938 як гурўҳ мутахассисон С.Диденко, А.Романенко дар устохонаи назди омўзишгоҳи мусиқии шаҳри Тошкент ба номи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ба дигаргуунсозии шаклу диапазони садои чанг шўруъ намуданд. Дар натиҷа торҳои чанг хроматикӣ кунонида шуда, диапазони он аз нотаи до-и октаваи якум то ре-диези октаваи сеюм васеъ гардид. Мутахассисон ба ин ҳам қонеъ нашуда, боз аз соли 1943 сар карда, дар коргоҳи илмӣ- экспременталии назди Консерваторияи давлатии ш. Тошкент мукамалсозии чангро давом дода истода ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гаштанд. Онҳо диапазони чангро аз нотаи сол-и октаваи хурд то нотаи сол-и диези октаваи сеюм васеъ кунонида, барои хомўш намудани садоҳои нодаркор механизми «Педал» низ ихтироъ карданд. Ҳамчунин дар чанг торҳоро бо диметрҳои ҳархела истифода бурданд, ки дар натиҷа қувваи садодиҳии торҳои зилӣ ва бамӣ хеле хуб гардид. Ғайр аз ин боз дар натиҷаи таъмирҳои илмии минбаъда намудҳои гуногуни созӣ мазкур ихтироъ карда шуд. Аз ҷумла:
- - чанги хурд (прима) бо диапазони аз нотаи до-и октаваи якум то ля-и октаваи савум;
- - чангҳои тенор бо диапазонҳои аз нотаи сол-и октаваи калон то ми-и октаваи дуввум ва аз нотаи до-и октаваи хурд то сол-и октаваи якум;
- - чанги бам (бас) бо диапазони аз нотаи до-и октаваи калон то сол-и октаваи хурд;
Ҳамин тариқ, диапазони умумии садодиҳии оилаи чангҳо аз нотаи до-и октаваи калон то ля-и октаваи сеюм васеъ гардид, ки он қариб панҷ октаваро дарбар мегирад. Ин намуди чангҳо хоси тоҷикону ўзбекон мебошанд. Устоҳои чангсози тоҷик низ шаклҳои сохтани онҳоро аз худ намуда, дар Тоҷикистон ин гуна чангҳоро сохтаанд.
Чангро бо ду чангчўб менавозанд. Чангчўбро асосан аз чўби бамбўк сохта, дастаи онро каме камоншакл мекунанд. Дар як нўги чангчўб резинаи махсус гузаронида нўги дигари онро ба мисли мизроб борик мекунанд ва ин нўги чангчўб дар навохтани услуби «питсикат кол леньо» истифода бурда мешавад. Ҷиҳати қувва ва садои мувофиқи дил ба даст овардан, аз камоншакли ва вазни резинаи дар нўги чангчўб буда вобастагӣ дорад.
Тарзу услубҳои навозиши чанг ҳафтоянд. Чор хел штрих (усулҳои навозандагӣ) дар чангнавозӣ маъмул аст. Чанг ба гурўҳи созҳои торӣ – зарбӣ мегардад.
Аз солҳои 50-уми асри 20 як зумра мутахассисони соҳибкасб, ки дар тағйиру тайёр намудани шогирдони чангнавоз ҳисса гузоштаанд, қобили ёдоварист: Турсун Улмасов, Алмос Абдуллоев, Хушназар Рузадоров, Эргаш Азизов, Шароф Ҳоҷиев, Малика Мустафина (Тоҷикистон); М. Харратов, А. Одилов, Р. Неъматов (Ўзбекистон) аз қабили он родмардонанд.
Дар нимаи дуюми асри 20 барои сози чанг китобу дастурҳои таълимӣ таълиф шуда, асарҳои ҷудогона эҷод карда шудаанд: Одилов А, Петросянс А, «Чанг дарслиги» (Тошкент, 1976, 1978), Ҷ. Обидпур, Ш. Ҳоҷиев «Мактаби омўзиши чанг» (дастнавис омодаи чоп аст), «Навои чанг», мураттибон Т. Улмасов, Х. Рўзадоров (Душанбе, 1985), «Репертуари консертии ансамбли чангнавозон», мураттиб Х. Рўзадоров (Душанбе 1992), «Репертуари консертии чангнавозон». Мураттибон Х. Рўзадоров, З.Икромова (Душанбе ,2009). А. Одилов «Пьесы для чанга» (Тошкент, 1974), «Гаммы, упражненые и этюды» (Тошкент, 1968) И. Ибрагимов «Консерт для чанга и ОНН», Т. Улмасов, Я. Сабзанов- Фантазия барои чанг ва ОСМ, С, Ҳамроев- «Лола»-пйеса барои чанг ва ОСМ, якчанд пйесаҳои барои чанг ва ОСМ-и Т. Улмасов ва ғ.
Манбаъ: Энсиклопедияи адабиёт ва санъати точик Ҷ.3-Душанбе,2004;
Петросян А.И Инструментоведение // Узбекские народные инструменты.-Ташкент,1980;
Вызго Т.С. Музыкальные инструменты Средней Азии // Исторические очерки.-М, «Музыка», 1980.
Ҷӯрахон Обидпур