Публитсистикаи ҳаҷвӣ
Чоп шуд: 09/02/2016 Рисола ба пажўҳиши масъалаҳои пайдоиш, ташаккул ва инкишофи ҳаҷви публитсистӣ бахшида шудааст. Дар он масъалаҳои умумии ташаккул ва инкишофи ҳаҷви публитсистии тоҷик бо назардошти омилҳои таърихиву иҷттимоӣ, давраҳои гуногуни рушди матбуоти даврӣ, анъанаву навоварӣ, махсусияти жанрӣ, иртиботи мавзўву матн, воситаҳои образиву типӣ, ҳачвсозу танзовар, фаъолияти публитсистон-ҳаҷвнигорони алоҳидаи дар инкишофи ин навъи эҷод саҳмгузор ва амсоли ин мавриди таҳқиқу таҳлили илмӣ қарор гирифтааст.