Аввалин нашрияи сирф тоҷикӣ, ки 11 марти соли 1912 (4 рабеъ-ус-сонии 1300) дар ҳаҷми чор саҳифа аз чоп баромад
Муассиси он ҷавонбухориён ва ташаббускорони аслӣ аз онҳо роҳбарони ҳамонвақтаи ҷунбиши ҷавонбухорӣ-Мирзо Муҳиддин ва Мирзо Сироҷ буданд. Мирзо Муҳиддин аз тоҷирони сарватманди қароқўлфурўши Бухоро ва Мирзо Сироҷ аз табибони шинохташудаи Бухоро маҳсуб мешуданд.
«Бухорои шариф» дар Когон, тақрибан 15 километр дуртар аз Бухорои кўҳан бо сарпарастии Консулгарии Русия чоп шуд. Сабаби дахолати русҳо дар нашр дар он зоҳир мешуд, ки амири Бухоро натанҳо ба нашри матбуот, балки аз машрутият ҳам ҳассосият дошт. Аз ин сабаб, ҷавонон наметавонистанд аз ў бевосита барои нашри худ рухсат ба даст оваранд. Аз ин рў, пас аз омода кардани маблағи кофӣ онҳо тоҷири яҳудӣ - Левиро бовар кунониданд, ки агар нашри рўзномаро ба гардан гирад, аз он фавоиди зиёд хоҳад ёфт. Левӣ ба нашр розӣ шуд ва ба консули Русия муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки барои чопи ҷаридаи хусусии «Бухорои Шариф» рухсат диҳад, то бад -ин васила маҳсули пахтаро барои фабрикаҳои рус зиёд ва аҳолии Бухороро ба сиёсати Русия ошно созанд.
Мувофиқи хоҳиши сафорати рус амир ба Левӣ ва Ҳайдархўҷа барои нашри рўзнома рухсат дод ва газета мебоист зери назорати (сензураи) русҳо барояд».
Масъалаи дигари умдае, ки пеш меомад, иборат буд аз муайян кардани муҳаррири амалии «Бухорои Шариф». Ҳукумати рус ба Мирзо Муҳиддин ва Мирзо Сироҷ иҷозат намедод, ки ношири ин ҷарида бошад, зеро дар сурат ошкор мешуд, ки «Бухорои Шариф» хусусияти иҷтимоӣ дорад на шахсӣ. Бинобар ин ҷавонбухориҳо Мирзоҷалол Юсуфзодаро барои муҳаррирӣ аз Озарбойҷон талаб карданд. Мирзоҷалол Юсуфзода, ки дар маҷаллаи «Мулло Насриддин» масъули бахши форсӣ буд, ба журналистика иртиботи наздик дошт, аз нигоҳи сиёсӣ аз рўҳониёни рўшандил буд ва ин хислатҳо имконияти кори ўро дар Бухоро таъмин мекард.
Дар идораи «Бухорои Шариф» беҳтарин қувваи эҷодии ҳамондавра Мирзоҷалол Юсуфзода, Мирзо Муҳиддин, Мирзо Сироҷ ҷамъ омада буданд. Навиштаҳои онҳо рўҳияи асосии нашрияро ифода менамуд. Бояд гуфт, ки теъдоди зиёде аз мақолахо бо имзои мустаор нашр шудаанд, ки имрўз муайян кардани номҳои аслии онҳо душвор шудааст. Аксарияти сармақолаҳо ба қалами Мирзоҷалол Юсуфзода таалуқ доштанд.
Рўзномаи «Бухорои шариф» то 14-июл ҳаррўза мебаромад, баъд он ҳафтае чор бор нашр мешуд. Зеро бо нияти ба мардуми ўзбеказабон расонидани ғояҳои худ ҷавонбухориён аз 14-июли соли 1912 ҷаридаи «Тўрон»-ро ҳам ташкил доданд, ки ҳамчун иловаи «Бухорои шариф» ҳафтае ду бор чоп мешуд. Дар моҳи сентябр ин нашрия мустақил шуд ва Ғиёс Ҳуснӣ муҳаррири он тайин гардид.
Азбаски харҷи нашрияҳо ба ин васила хеле калон шуд ва фоидаи моддии вай камӣ кард, моҳи августи соли 1912 Левӣ аз ҳуқуқи нашр даст кашид. Мирзо Муҳиддин бо дигар ҷавонбухориён маслиҳат карда, иттифоқе таъсис намуд, ки он нашри матбуоти мазкурро ба зимма гирифт. Акнун таъсири ҷавонбухориён нисбатан бештар гардид ва шумораи мақолаҳои характери пешқадамдошта афзуд.
Ҳамин равияи оддӣ ва ҳамин эътибори «Бухорои шариф» аз тарафи муллоён ва муллобачагони анъанапараст маҳкум ва таъкиб мешуд. Онҳо афкори ҷадидиро ҳамчун андешаҳои ба маданияти форсӣ бегона инкор мекарданд. Аммо обрўи рўзнома байни хонандагон меафзуд.
Ҳар қадаре ки обрўи «Бухорои Шариф» дар байни аҳолӣ меафзуд, ҳукуматдорони рус ҳамоно аз вай хавф мебурдагӣ шуданд ва аз пайи бастани он гардиданд. Аз ин рў, моҳи декабр намояндаи губернатори Туркистон аз амири Бухоро хоҳиш кард, ки рўзномаҳоро бандад. Олимхон бо хушнудӣ ин хоҳишро қабул кард. 2 январи соли 1913 ба идораи нашрияҳо бо имзои Петров мактуби зерин расид: «Мувофиқи хоҳиши аълоҳазрат амири Бухоро аз ҳамин рўз эътиборан нашри «Бухорои Шариф» ва «Тўрон» манъ карда мешавад».
Ҳамин тавр дар муддати аз 11 марти соли 1912 то 2 январи соли 1913 153 шумораи «Бухорои шариф» нашр шуд.
«Бухорои шариф» на фақат аввалин матбуоти тоҷикии Бухорои амирӣ, балки ягона нашрияи соф тоҷикии Осиёи Миёнаи тоинқилобӣ буд. Пас аз баста шудани вай, ҷавонбухориён дигар имконияти нашри матбуотро пайдо карда натавонистанд. Зеро амир, ки ба зарари беҳудуди сухани чопӣ барои тоҷу тахташ ба куллӣ боварӣ ҳосил карда буд, ба ин кор роҳ намедод.