Хушнависон ва хаттотони машҳури форс-тоҷик
Чоп шуд: 04/01/2016АСАДУЛЛОҲИ ШЕРОЗӢ, соли таваллудаш номаълум, хаттот ва хушнависи эронӣ. Муҳаммадшоҳи Қочор ба ў лақаби «Котибуссултон» дода буд.
Асадуллоҳи Шерозӣ хатро бештар бо рангҳои гуногун навиштааст. Аз навиштаҳои ў намунаҳо боқӣ мондаанд, ки нусхаи «Мантиқ-ут-тайр»-и Шайх Аттор (китобаташ 1938) аз ҷумлаи онҳост.
Соли 1851 аз олам даргузаштааст.
*** *** *** ***