Публитсистикаи ҳаҷвӣ

     Рисола ба пажўҳиши масъалаҳои пайдоиш, ташаккул ва инкишофи ҳаҷви публитсистӣ бахшида шудааст. Дар он масъалаҳои умумии ташаккул ва инкишофи ҳаҷви публитсистии тоҷик бо назардошти омилҳои таърихиву иҷттимоӣ, давраҳои гуногуни рушди матбуоти даврӣ, анъанаву навоварӣ, махсусияти жанрӣ, иртиботи мавзўву матн, воситаҳои образиву типӣ, ҳачвсозу танзовар, фаъолияти публитсистон-ҳаҷвнигорони алоҳидаи дар инкишофи ин навъи эҷод саҳмгузор ва амсоли ин мавриди таҳқиқу таҳлили илмӣ қарор гирифтааст.
     Барои пажўҳишгарони адабиёту публитсистикаи тоҷик, унвонҷуёну донишҷўёни факултетҳои филологияву журналистика ва ҳамчунин ҳаводорони ҳаҷву танз пешниҳод мешавад.
     Рисола аз муқаддима, се боб ( 8 фасл ) ва хулосаву феҳрасти адабиёт иборат аст.
     Боби аввал «Замина ва омилҳои пайдоиши ҳаҷви публитсистӣ» унвон дошта аз се фасл: «Тасвири воқеиёти ҳаётӣ дар эҷодиёти даҳонакии халқ», «Унсурҳои воқеагароёна дар ҳаҷви адабиёти классикӣ», «Таъсири матбуоти рус ва дигар халқҳои шўравӣ» таркиб ёфтааст. Дар ин боб омилҳои пайдоиш ва ташаккули ҳаҷви публитсистӣ дар иртибот ба сарчашмаҳои фолклору адабиёт ва матбуот баррасӣ мешавад.
     Боби дуюм қазияи «Ташаккул ва инкишофи ҳаҷви публитсистӣ дар матбуот» - ро дар бар мегирад. Ин боб аз чор фасл: «Ҳаҷви матбуоти ибтидои асри ХХ», «Ҳаҷви матбуоти давраи ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Ҳаҷви публитсистӣ дар солҳои бунёдкорӣ», «Хусусияти ҳаҷвияҳои замони истиқлол» иборат аст. Дар ин қисмати рисола ба тарзи илмӣ ҳолати ташаккул ва инкишофи ҳаҷви публитсистӣ дар матбуоти тоҷик зина ба зина мавриди омўзиш, таҳлилу таҳқиқ ва натиҷагирӣ қарор гирифтааст.
     Унвони боби сеюми рисола «Рангорангии жанрӣ дар ҳаҷви публитсистии тоҷик» мебошад, ки фаслҳои «Баъзе проблемаҳои образи бадеӣ ва типикунонии жанрҳо дар ҳаҷви публитсистӣ» ва «Махсусияти мундариҷавӣ - бадеӣ ва рангорангии воситаҳои тасвир» - ро дар бар мегирад. Дар ин боби кор кўшиш намудем то ба мушкилоти жанрӣ, таносуби воқеият ва бадеият, истифодаи воситаҳои тасвир дар ҳаҷви публитсистӣ ва амсоли ин рўшанӣ андозем.      Дар қисмати хулоса таассуроти ҷамъбастҳои илмӣ дар 26 сархат нишон дода шудааст.
Дарёфти китоб: Публитсистикаи ҳаҷвӣ

барчасп: