Гулдӯзӣ: дирӯз, имрӯз, фардо
Чоп шуд: 09/02/2016Гулдӯзӣ қадимитарин навъи санъати халқӣ буда, бо сӯзан ва чангакчаҳои махсуси гулдӯзӣ дар рӯи матоъҳои гуногун (пӯст, намад) бо ресмонҳои пахтагӣ, пашмӣ, абрешимӣ ва нахҳои зариву нуқрагӣ, инчунин бо сангҳои қиматбаҳо, шадаи майда, мӯҳраҳои реза, пулакчаҳои рахшон, тангаҳо, марҷону марворидҳо дастӣ дӯхта мешавад. Ҳоло аксаран ин амалро мошинҳои дарздӯзии махсуси гулдӯзӣ иҷро мекунанд.
Гулдӯзӣ аслан шуғли хонагӣ буда, барои ороиши сару либос, истиқоматгоҳ, ҷиҳози хона,