«Шуълаи инқилоб»: Нашрияе, ки аз беҳбудӣ ва ҳоли ситамкашон сухан мегуфт

«Шуълаи инқилоб» аввалин нашрияи тоҷикии баъдиинқилобӣ буд, ки бо сардабирии Саидризо Ализода аз 10-уми апрели соли 1919 то соли 1921 дар як ҳафта як маротиба дар ҳаҷми 8 саҳифа, бо теъдоди қариб 4 ҳазор нусха чоп мешуд.
Дар шумораи якуми нашрия мақсаду мароми он чунин баён гаштааст: «Мо сухан мегўем барои беҳбудӣ ва хайрияти ҳоли ситамкашон. Мо ҳарф мезанем ва ҷиҳати ба даст омадани ҳуқуқи поймолшудаи мазлумон. Барои расидан ба мақсади муқаддаси худ мо қалами худро тир карда, бо душманон ва мухолифин то охирин нафасамон мубориза ва ҷиҳод менамоем ва дар ин роҳ аз ҳеч гуна мавонеъ ва таҳдид заррае намеандешем. Мақсади мо ҳақ аст ва мо фидои ҳақ ҳастем».
Ҳафтанома тўли шаш моҳи чоп ба мушкилотҳои ниҳоят зиёд рў ба рў шуда, бо сабаби набудани қувваи корӣ, мавод ва шароити чопӣ ҳамагӣ 22 шумора аз чоп баромада, дар муддати 52 рўз дигар ба табъ нарасид.
Аз шумораи 22-юм устод Айнӣ дар табъу нашри он фаъолона ширкат варзида, доир ба аҳволи Бухоро чандин мақолаҳо чоп кард. Дар пайравӣ ба маҷаллаи «Мулло Насриддин» бо номи «Тозиёна»гўшаи ҳаҷвӣ ташкил намуд, ки мақсади ин саҳифа мубориза ба муқобили душманон буд.
«Шуълаи инқилоб» аввалин нашрияест, ки бо забони тоҷикӣ мақсаду маром ва орзуву омоли ҳизби болшевикро ба мардум маънидод кардааст.
Хизмати «Шўълаи инқилоб» дар ташаккули адабиёти навини тоҷикӣ ва публитсистикаи тоҷик назаррас буда, барои шакл гирифтани бисёр жанрҳо, аз қабили мақола, нигориш, фелетон ва памфлет мусоидат кардааст.
Дар нашри «Шўълаи инқилоб» Саидризо Ализода, Садриддин Айнӣ, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Ҳоҷӣ Мўин Шукруллоев, Баҳриддин Азизӣ, Фахриддини Роҷӣ, Абдувоҳиди Мунзим ва дигарон нақш доштанд.
Яке аз фаъолтарин муаллифони «Шўълаи инқилоб» сардабири он Саидризо Ализода буд, ки қариб дар ҳар як шумораи нашрия перомуни масоили мухталифи дохиливу ватанӣ матолибе интишор менамуд.
Мақолаҳои «Ба ҳам пайвандед, эй ранҷбарони ҷаҳон», «Сарватмандон навмед мешаванд», «Як сўиқасди ғаразкорона ба маҷаллаи мо», «Инглисҳо ва дунёи ислом», «Фоҷеаи мусулмонони Туркистон», «Туркистон ватани мост», «Эрониёни Боғишамол» ва ғайра аз он ҷумлаанд.
Баъди қатъи нашри “Шуълаи инқилоб” муддати 2 солу 8 моҳ майдони матбуоти тоҷик холӣ монд.

барчасп: