Яке аз роҳҳои ба талаботи ҷомеа ва дархости журналистикаи амалӣ мувофиқ кардани ҷараёни таълим интихоби дурусти фанҳои интихобӣ ва курсу семинарҳои махсус аст. Дар нақшаҳои таълимии феълӣ барои чунин фанҳо 40 % ҷудо шудааст. Кафедраҳои тахассусӣ ҳуқуқ ва имкон доранд, ки мувофиқи талаби ҷомеа ин ё он мавзўъро барои дарси интихобӣ пешниҳод намоянд. Аммо, мутаассифона, ҳолатҳое мушоҳида мешавад, ки ин талабот ба назар гирифта намешавад ва тадриси мавзўъҳои кўҳнашуда солҳои сол давом мекунад. Чунин муносибат дар қалби донишҷў сардие ба вуҷуд меорад, зеро ў“харидори мавзўъро”дар бозори иттилоотии кишвар пайдо карда наметавонад. Мисли он ки моли дар бозор харидор пайдо накарда ба анбор меравад , мавзўъҳои кўҳна танҳо дар дафтари донишҷў боқӣ мемонанд.
Дар шароити муосир бо вусъат пайдо кардани раванди ҷаҳонишавӣ ва инкишофи технологияи замонавӣ ҷараёни омодагии касбии рўзномнигорони ватанӣ ба ушкило-ти зиёде дучор гардидааст, ки нигарони ҳалл аст. Дар ин нигошта омилҳои иҷтимоӣ ва касбии тайёр намудани журналистони оянда дар факултету шуъбаҳои журналистикаи донишгоҳҳои олии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф дар заминаи таҷриба ва мушоҳидаҳои худ сатҳи омўзиши ин масъала, шароит ва ҳолати таълими мутахассисони рўзноманигорро дар муассисаҳои олии кишвар таҳлил намуда, дар баробари зикри баъзе пешравиҳо, мушкилоти мавҷударо дар самти қабули довталабон, таъминоти инноватсия, тарзи таълим, усули омўзиш ва амсоли ин ошкор мекунад ва роҳҳои бартараф кардани онҳоро нишон медиҳад.
Таҳсилоти олӣ дар соҳаи журналистикаи тоҷик тўли 25 соли истиқло -лияти давлатӣ ба дигаргуниҳои сифативу миқдорӣ дучор шуд. Аз ҷумла, Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ коркард гардид, нақшаҳои таълимӣ таҳия шуданд, муносибат ба фанҳои умумииҷтимоиву касбӣ тағйир ёфт. Агар дар замони шўравӣ ҷараёни омодагии касбии жур-налистон аслан дар равияи филологӣ сурат мегирифт, имрўз дар ин раванд тамоюли иҷтимоию фарҳангӣ афзалият пайдо кардааст. Дар таҳсилоти олии соҳаи журналистикаи ватанӣ системаи ягонаи касбӣ шакл гирифт.
Аммо раванди таълим ва омодагии касбии журналистон дар макотиби олӣ мушкилоти зиёдеро пеш овард, ки дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо барои рушди журналистикаи тоҷик бетаъсир нахоҳад буд.
Зимнан, мушкилоти таълими рўзноманигорӣ то андозае таваҷҷуҳи муҳаққиқони журналистикаро ҷалб карда, ки мақолаҳои А. Саъдуллоев «Таҳқиқ дар дарс», Н., Солеҳов «Проблемы подготовки журналистских кадров в ВУЗах Таджикистана» [5], В. Петрушкова«Инновационные под-ходы проведения практических занятий на факултетах и отделеният журна -листики», С. Ҳайдаров «Тарзи таълими журнализми радио» [6], М. Му-родов «Баъзе роҳҳои шавқовар намудани машғулиятҳои ихтисосӣ( рўзно-манигорӣ)», « Боз доир ба проблемаҳои таълим дар ихтисосҳои журна-листӣ » [2] намунае аз онҳоянд. Бо ин вуҷуд то ҳол дар ин раванд камбудиҳо ба назар мерасад. Тавре Н. Солеҳов қайд мекунад: «Мушкилоти омодагии кадрҳои соҳибихтисоси журналистика дар ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят тезутунд аст. Низоми омодагии мутахассисон дар мактабҳои олӣ дар ҷараёни таҳаввул қарор дорад, донишгоҳҳо омўзгориро такмил медиҳанд, кўшиш менамоянд, ки барномаҳои таълимӣ ва усулҳои умумии омодагии касбии журналистонро ба талаботи таҷрибаи муосири ВАО наздик гардонанд».
Ҳарчанд аз ин гуфта ҳашт сол сипарӣ шудааст, аммо то ҳанўз дар ра-ванди таълими рўзноманигорӣ мушкилоти мувофиқ гардонидани ҷанбаҳои назариву амалии журналистика боқӣ мондааст , ки онро метавон ба тарзи қабули довталабон, вазъи макотиби олӣ, усули таълим ва робита бо ВАО нисбат дод.
Таҷрибаи тўлонии омўзгорӣ имкон медиҳад , то таҳлил ва муқоиса намо -ем, ки сол ба сол сафи донишҷўёни тасодуфӣ дар факултету шуъбаҳои жур-налистикаи кишвар зиёд мешавад . Дар байни донишандўзон ҳатто нафароне вомехўранд , ки ба куҷо ва ба чи мақсад омаданашонро худ намедонанд . Чу-нин ҳолат на танҳо боиси халалдор гардидани ҷараёни таълим мегардад, балки кўшишҳо дар ин ҷода чандон самара намебахшанд . Агар омўзгор дар сатҳи баланд машғулият гузаронад ҳам, ин тоифа донишҷўён аз он баҳрае гирифта наметавонанд , балки намефаҳманд, дар ҳолати дар сатҳи паст таш -кил намудани дарс завқи донишҷўёни хубу аълохон коста мешавад . Борҳо озмўдаем, ки дар курсҳои поёнӣ донишҷў завқи хуби илмомўзӣ дорад , ҳисси кунҷковиаш бештар аст, талоши худомўзӣ мекунад , аммо дар курсҳои болоӣ гўё ҳавсалааш«пир» мешавад, ки масъулиятхоҳиаш камтар мегардад . Албат-та, дар рух додани чунин ҳолат шояд муносибати ноадолатонаи бархе аз омўзгорон низ сабаб гардад, аммо ба гумони мо усули сатҳи миёнаро инти-хоб намудани устодон ва аксар бо донишҷўёни фаъол такя кардан, таъсири бештар мегузорад. Агар донишҷў ба пешаи интихобнамудааш хоҳиш, майл, завқ надошта бошад , ўро дар ин самт тарбия намудан душвор аст, зеро маҳз майлу рағбат донишҷўро ба олами касбӣ мекашад ва кўшишҳои ўву раҳнамоии устодон боиси зуҳури меҳри касб дар қалбаш мегардад . Маншаи чунин майл даврони мактабӣ аст ва зуҳури он дар айёми донишҷўйӣ кам андар кам рух медиҳад.
Имрўз ағлаби донишҷўёни факултету шуъбаҳои журналистикаи кишвар орзуи корманди телевизион шуданро доранд . Аксари онҳо бо таъсири телевизион ҳаваси журналист шуданро дар худ пайдо кардаанд. Ба назари онҳо, хусусан нафароне, ки аз минтақаҳо меоянд, телевизион шахсро маъруф мегардонад. Бинобар ин аксар бо чунин ҳавас ба ин воситаи ахбор менигаранд, аммо онҳо камтар фикр мекунанд , ки барои журналисти телевизион шудан қобилият, маҳорат, дониш ва ҷаҳонбинӣ ба кор меравад, на орзуву ҳаваси эҳсосӣ. Бо чунин ҳолати интихоб донишҷўро ба омўзиши мақсадноки асосҳои фундаменталии касби журналистӣ раҳнамун сохтан басо душвор аст .
Барои ҳалли ин мушкилот, пеш аз ҳама, муносибатро ба қабули довталабони факултету шуъбаҳои журналистика бояд тағйир дод. Устодони собиқадор хуб медонанд, ки дар замони шўравӣ довталаби журналистшаванда бо ҷузвдонҳои пур аз маводи дар матбуоти даврӣ интишоргардида ба ин боргоҳ меомад. Ин амал аз майлу рағбат, қобилияту маҳорат ва ҳамчунин сатҳи маърифати довталаб дарак медод. Дар баробари ин барои фаҳмидани маърифати иҷтимоӣ, ҳолати равонӣ, дараҷаи фикрронӣ ва қобилияти нигорандагии довталаб комиссияи махсус ташкил мешуд , ки ин паҳлуи талаботи касбиро месанҷид. Дар натиҷа нисбатан беҳтаринҳо ба сафи донишҷўён шомил мешуданд. Дар солҳои аввали Истиқлол низ ин талабот иҷро мешуд, аммо бо сабаби мушкилоти чопи матбуоти даврӣ дар он аслан усули суҳбат истифода мегардид.
Маркази тестӣ чунин талаботро аз байн бурд. Натиҷа ин шуд, ки соли қабули2014 довталабони ба ихтисоси робита бо ҷомеаи факултети журналистикаи ДМТ ҳуҷчат супорида, танҳо баъд аз қабул фаҳмидаанд , ки дар интихоби касб иштибоҳ кардаанд. Онҳо ихтисоси иттилооти риёзиро мехостаанд. Барои он ки хишти аввал каҷ гузошта нашавад, зарур аст, ки дар қабули довталабони ихтисосҳои журналистикаи факултет ва шуъбаҳои журналистика озмуни эҷодӣ муқаррар, балки барқарор карда шавад. Шаклҳои озмунро метавонад пешниҳоди матни чопӣ, маводи электронӣ, навиштани эссе, суҳбати шифоҳӣ ва амсоли ин ташкил диҳад. Барои довталаби имрўза имко-ни пешниҳоди чунин мавод ҳаматарафа ҷой дорад, зеро ВАО дар саросари кишфар фаъол аст, мавқеъ дорад ва пайваста дар талоши ҳамкорӣ бо тамоми қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла наврасон аст .
Мушкилоти дигар дар ин самт вазъи факултету шуъбаҳои журналистика аст . Табиати ихтисоси рўзноманигорӣ кор бо техникаи касбӣ ва технологияи замонавӣ-инноватсиониро тақозо менамояд . Таъминоти техникӣ дар раванди омодагии касбии журналистони оянда нақши муҳим дорад. Бахусус, дар шароити инкишофи муносибатҳои бозоргонӣ ин омил аҳамияти бештар пайдо кардааст . «Шароити бозор, технологияи нав аз хатмкунандагони ма-котиби олии журналистӣ донишу малакаи нави касбиро тақозо менамояд ». Аммо ин масъала дар муассисаҳои олии кишвар то ҳол ҳалли худро пурра пайдо накардааст.
Имрўз дар Тоҷикистон илова ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар 7 донишгоҳи дигар: Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Донишкадаи санъат ва фарҳанги ба номи М. Турсунзода, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ кадрҳои журналистӣ тайёр карда мешавад. Агар баъзе аз ин мактабҳои олӣ наздик ба 50 сол барои ВАО кадр тайёр кунанд, қисми аксар дар марҳилаи мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникӣ ва ҳайати илмиву омўзгорӣ қарор доранд. Аз мушоҳидаҳои бевоситаи худ ва иттилооти ҳамкасбон маълум мегардад, ки на ҳама муассисаҳои омодакунадаи кадрҳои журналистӣ бо таҷҳизот ва технологияи касбӣ таъминанд . Албатта, дар факултети журналистикаи ДМТ, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд студияи радио ва телевизион мавҷуд аст, ки аз он истифода мебаранд. Аммо дастандаркорони ин марказҳо аз имконоти мавҷуда усулан кор бурда наметавонанд. Қариб дар ҳамаи факултету шуъбаҳои журналистика техникаи замонавии аккосӣ, аудио ва видиоии ба талаботи журналистикаи амалӣ ҷавобгў вуҷуд надорад . Ҳол он ки донишҷўйи журналистшавандаро бидуни дастгоҳи аккосӣ, сабти овоз ва ҳамчунин навор наметавон тасаввур кард. Набудани таҷҳизоти касбӣ, на танҳо раванди машғулиятҳои амалиро бебор мекунад , балки боиси азҷиҳати маънавӣ ва касбан қафо мондани донишҷўён дар давраи таҳсил мегардад. Албатта, онҳое, ки имкон доранд, чунин таҷҳизотро аз ҳисоби худ харидорӣ намуда, берун аз машғулиятҳо бо расонаҳои хабарӣ ҳамкорӣ мекунанд, аммо бо ин усул наметавон мушкилоти мавҷударо ҳал намуд.
Ҳамин тавр, дар шароити имрўза бо ташаккули журналистикаи чандрасонаӣ, технологияи мултимедийӣ, раванди ҷаҳонишавӣ зарурати дар чанд шакл: хаттӣ, садоӣ, овозӣ ва тасвирӣ таҳия намудани матни журналистӣ ба миён омадааст . Барои дар ин шароит фаъолият намудан на танҳо маърифату дониши назариву иҷтимоӣ, балки маҳорати аз имкониятҳои техникаи гуногун самаранок истифода карда тавонистан, ба кор меояд. Пас раванди таълими рўзноманигории муосирро бо таҷҳизоти техники ҳозиразамон таъмин намудан шарту ногузир аст.
Дар омодагии касбии журналистон раванди таҳсили мактаби олӣ ва усули таълим низ бе таъсир буда наметавонад . Табиист, ки омодагии касбии журналистон ба фаъолияти амалӣ сахт алоқаманд аст, аммо ин равандро бидуни тарбияи хосса, яъне мактаби илмиву амалӣ наметавон тасаввур кард.
Чунончи, қаблан навишта будем «дар ин давра муҳасилин орзуву эҳсосоти қаблии худро месанҷанд, дар заминаи омўзиш ҷаҳонбиниашонро васеъ мекунанд, донишҳои ихтисосӣ мегиранд ва ба ин васила қобилияту маҳорати касбиашонро дар амал озмуда сайқал медиҳанд». Аммо оё усули таълими имрўзаи мо барои татбиқи ин орзуву ниятҳо мусоидат мекунанд? Оё дар ҷараёни омодагии касбии журналистон аз усулҳои замонавӣ истифода мекунанд?
Дар раванди таҳсили ҳар гуна касб андешаи чиро омўзонид ва чи тавр омўзонид нақши дастурӣ дорад. Ҷавоб ба саволи чиро омўзонид ба мундариҷаи нақшаҳои таълим, мазмуни фанҳои таълимӣ ва мавзўву сатҳи лексияҳои аудиторӣ иртибот мегирад . Ҳамаи инҳо ба мақсади омўзиши журналистӣ, ки аз талабот ва дархости ҷомеаи муосир манша мегирад, бояд мувофиқ бошад. Аммо дархости имрўзаи ҷомеа бо талаботи воқеии он чандон мувофиқ нест ва гумон аст, ки мувофиқати комил ҳосил шавад .
Имрўз дар фазои иттилоотии кишвар воситаҳои ахбори гуногун таъсир мегузоранд, онҳо аз рўйи таъйинот , мавқеъ ва шакли пахш гуногунанд. Аз ин рў, агар мо дар ҷараёни таълим дархости нашрияҳои хусусиву тиҷоратӣ ва ё рекламавиро ба инобат гирем, талаботи навъи дигари расонаҳо сарфи назар мешавад. Ин ҷо воқеияти мавҷуда ба мақсади таълим дар шакли тазод баромад мекунад. Бинобар ин дар раванди таълими фанҳои ихтисосӣ бояд ба сатҳи инкишофи ҷомеа ва тафаккури мардум эътибор дода шавад. Аз тарафи дигар, ба вуҷуд омадани ширкатҳои расонаӣ, ВАО-и хусусӣ боиси рақобати касбиву эҷодӣ дар фазои иттилоотӣ гардидааст. Баъзе аз ин расонаҳо мактабҳои худро таъсис додаанд, зеро ба назарашон усули тадриси макотиби олӣ онҳоро қаноат намекунад. Ин ҳолат водор менамояд, ки дар раванди таълим дархости чунин ВАО-ро низ ба инобат гирем .
Яке аз роҳҳои ба талаботи ҷомеа ва дархости журналистикаи амалӣ мувофиқ кардани ҷараёни таълим интихоби дурусти фанҳои интихобӣ ва курсу семинарҳои махсус аст. Дар нақшаҳои таълимии феълӣ барои чунин фанҳо 40 % ҷудо шудааст. Кафедраҳои тахассусӣ ҳуқуқ ва имкон доранд, ки мувофиқи талаби ҷомеа ин ё он мавзўъро барои дарси интихобӣ пешниҳод намоянд. Аммо, мутаассифона, ҳолатҳое мушоҳида мешавад, ки ин талабот ба назар гирифта намешавад ва тадриси мавзўъҳои кўҳнашуда солҳои сол давом мекунад. Чунин муносибат дар қалби донишҷў сардие ба вуҷуд меорад, зеро ў “харидори мавзуъро”дар бозори иттилоотии кишвар пайдо карда наметавонад. Мисли он ки моли дар бозор харидор пайдо накарда ба анбор меравад , мавзўъҳои кўҳна танҳо дар дафтари донишҷў боқӣ мемонанд.
Дар баробари ин тамоми фанҳои ихтисосӣ, новобаста ба дараҷаи илмиву назарӣ, бояд ба амалияи журналистӣ ва дархости он мувофиқ кунонида шаванд . Ин усул имкон медиҳад, ки донишҷў аз раванди журналистикаи амалӣ пайваста воқиф шавад, набзи онро ҳис кунад, ба дархўр шудани донишҳои назариаш дар фаъолияти эҷодӣ бовар ҳосил намояд. Аз ин рў, кафедраҳои тахассуси журналистиро зарур аст, ки ба ин ҷиҳати масъалаи таълими рўзноманигорӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд .
Паҳлуи дигари раванди таълим чи тавр омўзонидан аст. Ин паҳлуи масъала бояд ба ҳавасмандии донишҷў мусоидат кунад. Воқеан дар раванди омодагии касбии журналистон омилҳои ҳавасмандгардонии донишҷў таъсири муҳим мегузорад . Шаклҳои гуногуни ҳавасмандгардонӣ вуҷуд дорад, ки усули интерактивии таълим , муносибати некхоҳона бо донишҷў баҳогузории холисона мисоли онҳост. Табиист, ки дар макотиби олӣ методикаи таълим чун рукни асосӣ анъанаи дерина дорад . Аммо инкишофи ҷомеа, дигар шудани муносибатҳои иҷтимоӣ , тағйир ёфтани ҳолати таълим, сатҳи қабули муҳассилин ва дар баробари ин ба вуҷуд омадани имкониятҳои техникӣ ва тарзи истифодаи онҳо водор месозад, ки методикаи таълим шеваи замонавӣ пайдо кунад. Имрўз аксари макотиби олӣ ба таҳсили сезинаӣ гузаштаанд , ки факултаву шуъбаҳои журналистика истисно нестанд. Ин шакли таҳсил худ усули махсуси тадрисро талаб мекунад. Аз ҷумла, дар зинаи бакалавр усули лексия ва ё “ диктаи матн” (усули дўстдоштаи омўзгорони камҳавсала) чандон ба кор намеравад. Албатта, лексия ҳамчун шакли анъанавии таълим дар макотиби олӣ нақши муҳим дорад. Он, аз як тараф, маърифати ҳаётӣ ва предметии омўзгорро мефаҳмонад, аз сўи дигар, дар бедории завқи донишҷў ва ташаккули қобилияти фикрронии ў таъсир мегузорад. Аммо ба таъбири В. Петрушкова«лексия барои донишҷў ид аст, семинар бошад мубориза . Дар лексия ман хуҷаини худам: омодагӣ мебинам ва мехонам, аммо дар машғулиятҳои амалӣ ҳеҷ кас намедонад, ки чӣ мешавад: ё донишҷўён супоришро нафаҳмидаанд ва ё омадагӣ надидаанд».
Хусусияти таълими зинаи бакалавр тақозо менамояд, ки дар раванди таълим аносири лексияву семинар ба ҳам омезиш ёбанд . Дар ин кор усули интерактивӣ метавонад мусоидат кунад ва таъсири бештар расонад. Аммо истифодаи ин усул тайёрии ҷиддиро мехоҳад . Пеш аз ҳама омўзгор бояд силлабус ( барномаи кории фан) таҳия ва донишҷўёнро бо он таъмин намояд, онҳоро водор кунонад , ки аз рўйи силлабус кор карданро ёд гиранд. Ҳамаи кўшишу талошҳо бояд ба фаъолмандии донишҷў таъсир гузоранд.
Мутаассифона, дар ин бахш то ҳол мушкилӣ вуҷуд дорад. Баъзе омўзгорон ҳануз аз усули кўҳна кор мегиранд, бархе то ҳол ба моҳияти силаббус ва талаботи тартиби он пурра сарфаҳм нарафтааанд, ки чи расад ба омўзонидани шогирдон. Роҳи дигари мусоидаткунанда ба самаранок гардонидани сифати таълим, таъмини донишҷўён бо дастурҳои методӣ, васоити таълимӣ ва китобҳои дарсӣ аст. Ҳарчанд дар ин самт пешравиҳо ба назар мерасад, аммо ҳоло ҳам қонеъкунанда нест . Ҳамчунин кори омўзгор бо таъмини васоити таълимӣ тамом намешавад , балки ўро мебояд дар заминаи ин мавод слайдҳо тартиб диҳад. Зимнан дар шароити имрўз истифодаи слайд яке аз роҳҳои ҷолибсозии дарс аст. Хуб аст, ки ба ин усули тадрис аксар муаллимони ҷавон мароқ зоҳир менамоянд. Аммо санҷишҳо нишон медиҳад, ки бештари слайдҳо хусусияти ғайриҳирфаӣ доранд , дар таҳияи онҳо муносибати эҷодӣ камтар зоҳир мешавад . Ҳар амали омўзгор бояд хислати эҷодӣ пайдо кунад.
Агар омўзгор худ эҷодкор набошад, донишҷўро ба эҷодкорӣ талқин карда наметавонад. Омўзгор бояд донад, ки рисолати асосии ў фаҳмонида тавонистани мавзўъ аст. Чи қадаре ки омўзгор эҷодкор бошад, ҳамон қадар аз усулҳои фаъоли таълим самаранок истифода мебарад . Чи қадаре ки дарс ҷолиб гузарад , ҳамон қадар таваҷҷуҳи донишҷў ба мавзўъҳо зиёд мегардад ва фаъолмандиаш меафзояд. Муносибати неки омўзгор низ метавонад омили ҳавасмандгардонии донишҷў шавад. Натиҷаҳои мониторинги сифати таълим, ки пайваста дар факултети журналистикаи ДМТ гузаронида мешавад , нишон медиҳад , ки дар ин самт нигаронии донишҷўён вуҷуд дорад . Бо донишҷў дағалона муносибат намудан, ҳарфҳои қабеҳ гуфтан, аз мавзўи асосии дарс дур рафтан, ба таърифу тавсифи айёми донишҷўии худ саргарм шудан аз ин омилҳост, ки метавонад ба коста гардидани майлу рағбати донишҷў таъсир гузорад.
Паҳлуи дигар дар самти омодагии касбии журналистон робита бо васоити ахбори омма аст. Албатта, дар ин бахш корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, аксари факултету шуъбаҳои журналистика бо ВАО шартномаҳои ҳамкорӣ доранд, ки дар заминаи он донишҷуён ба таҷрибаомўзӣ мераванд , ҳамкории эҷодӣ мекунанд. Ҳамчунин дар ДМТ нашрияи«Ба қуллаҳои дониш» дар ДСРТ нашрияи«Студенские вести» амал мекунад, ки барои донишҷуёни журналистшаванда ҳамчун лабораторияи эҷодӣ истифода мешаванд. Бо вуҷуди ин дар ин бахш баъзе мушкилот вуҷуд дорад, ки аслан ба расонаҳои электронӣ рабт дорад. Бояд гуфт, ки дар омодагии касбии журналистон на танҳо макотиби олӣ , балки идораҳои расонаҳои хабарӣ низ саҳмгузоранд. Аз ин рў, роҳбарияти ВАО новобаста ба шакли таъйинот ва пахшашон мебояд дар ин самт ҳамкориашонро қавӣ гардонанд, на танҳо дар баргузории таҷрибаомўзиҳо мусоидат кунанд, балки донишҷўёни фаъолро ба шефӣ гиранд, онҳоро дастгирии моддӣ намоянд.
Дар ин бахш ба ҳамкории омўзгорони факултету шуъбаҳои журналистика бо ВАО низ бояд эътибор дод. Чунонки дар боло ишора шуд, табиати таълими рўзноманигорӣ пайванди илму амалро мехоҳад . Агар омўзгор худ эҷодкор набошад, бо расонаҳо пайваста ҳамкорӣ накунад, гумон аст, ки қобилияти эҷодкории донишҷўро ташаккул диҳад. Ин ҳолатро ба инобат гирифта пешниҳод менамоем, ки ҳар як омўзгори ҷавони дар факултаву шуъбаҳои журналистӣ ба кор қабулшаванда бояд аққалан ду сол собиқаи корӣ дар ВАО дошта бошад.
Умуман, самти омодагии касбии журналистон дар Тоҷикистон низоми муайяни худро пайдо намуда бошад ҳам, раванди таълим аз мушкилот холӣ нест. Таҳаввули муносибатҳои иҷтимоӣ, инкишофи босуръати илму техника, ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба фазои иттилоотии кишвар моро ҳушдор медиҳад, ки дар ин самт муносибати ҷиддӣ дошта бошем ва талаботи ҷомеаи ватаниву ҷаҳониро ба инобат гирем.
Адабиёти мавриди истифода:
1. Муродов, М. Баъзе роҳҳои шавқовар намудани машғулиятҳои ихтисосӣ(рўзноманигорӣ)[Матн] // Аз се шохаи як илм.- Душанбе: Истеъдод, 2014.- С.40-46.
2. Муродов, М Боз доир ба проблемаҳои таълим дар ихтисосҳои журналистӣ[Матн] // Аз се шохаи як илм.- Душанбе: Истеъдод, 2014.- С.80-86.
3. Петрушкова, В. Инновационные подходы проведения практических занятий на факулте-тах и отделеният журналистики[Текст] // Сборник статей по вопросам журналистского образова-ния.- Душанбе: Азия-Принт, 2008.-С.203- 214.
4. Саъдуллоев, А. Таҳқиқ дар дарс[Матн] // Маҷмўаи мақолаҳо оид юа таҳсилоти журналистӣ.- Душанбе: Азия-Принт, 2008.-С.182-189.
5. Солеҳов, Н. Проблемы подготовки журналистских кадров в ВУЗах Таджикистана[Текст] // Сборник статей по вопросам журналистского образования.- Душанбе: Азия-Принт, 2008.- С.190-197.
6. Ҳайдаров, С. Тарзи таълими журнализми радио[Матн] // Маҷмўаи мақолаҳо оид ба таҳсилоти журналистӣ.- Душанбе: Азия-Принт, 2008.- С.215-219.
Муродов М.
Манбаъ: ПАЁМНОМАИ ФАРҲАНГ
Нашрияи илмию таҳлилӣ
2016, №4 (36)