Баррасии рушди равобити фарҳангии Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳамоиши Остона
Чоп шуд: 11/07/2017Омӯзиш ва таблиғи фарҳанги муосири Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Чунин ном дошт маърӯзаи Шариф Комилзода –Директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми шаҳрвандии марказҳои илмӣ-фарҳангӣ бо иштироки намояндагони давлатҳои узви машварат оид ба ҳамкории муштарак ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (СВМДА) дар доираи Фестивали солонаи дӯстии халқи Қазоқистон “Фарҳанги ошкорбаёнӣ асоси сулҳ ва ризоят” .
Ин Ҳамоиш охири моҳи гузашта дар шаҳри Остона баргузор шуда буд.