Нақши расона дар фарҳанги иҷтимоӣ

Донишманди маърфи тоҷик Зафар Сайидзода дар китоби нави худ бо номи “Тоҷикистони муосир: масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ” қатори масъалаҳои хеле муҳиме аз қабили  нақши сиёсии Президенти Тоҷикистон дар рушди босуботи кишвар, гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ ва ғайра ба масъалаи расонаҳои кишвар низ таваҷҷуҳ кардааст. Дар зер порае аз ин мақола меояд:
Имрӯзҳо инсоният бо ворид шудан ба асри расонаҳо ва шаклгирии ҷомеаи иттилоотӣ даврони наверо оғоз кардааст. Мо акнун дар низоми навини ҷаҳонӣ, дар асри расонаҳо ҳаёт ба сар мебарем. Асре,ки дар он воситаҳои ахбори умум ҷузъи ҷудоинопазири зиндагии мо ҳастанд. Он чиро, ки расонаҳо ба номи иттилоот ба мо дастрас мекунанд, ба шаклҳои
gazeta.jpgгуногун дар тарзи зиндагӣ, андешаву эҳсосоти мо таъсир мерасонад. Дар ин миён расонаҳо нақши таъйинкунандае дар рушди фарҳангии ишварҳо доранд. Коркарди расонаҳо дар асри иртиботот, бидуни шак, дар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагии иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаи башарӣ инкорнопазир аст.
Имрӯзҳо он ҷомеае тавсеаёфта шинохта мешавад, ки дар баробари рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ қодир ба боло бурдани сатҳи шуури ҷамъиятӣ мебошад. Дар чунин ҷомеае воситаҳои пешрафтаву навини иртиботӣ бо тавлиду пахши маводи матлуби иттилоотӣ дар миёни мардум дар боло бурдани огоҳиҳои гуногуну заруре нақши муҳимеро ба уҳда доранд ва ба ҷомеа дар роҳи расидан ба пешрафту тараққӣ ҳамаҷониба ёрӣ мерасонанд. Имрӯз расонаҳо метавонанд омили  муайянкунанда ва инкишофдиҳандаи сатҳи маърифат ва шуури миллӣ бошанд, дар муттаҳид сохтани ҷомеа вапешрафти давлат нақши арзанда бозанд, ба тавсеаи ҳамаҷонибаи кишвар, густариши суръати созандагӣ
ва афзоиши рушди фарҳангӣ кумак карда, боиси ташаккули афкори солими ҷомеа шаванд.

Нақш ва ҷойгоҳи расонаҳои фарҳангӣ

Густариши чопи рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун,ҷойгоҳи шоистаи расонаҳо дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум ва шукуфо намудани фарҳангу дониши ҷомеа яке аз омилҳои муҳимтарини тавсеаи
фарҳангӣ ва нишонаи ҳадафмандӣ ва пурҳаракатии ҷомеа аст. Бадеҳист, ки тавсеаи фарҳангӣ ба маънои густурдаи он, ки дарбаргирандаи густариши гуфтугӯҳои фалсафию фарҳангию адабию ҳунарӣ мебошад, на танҳо омили асосии рушди худогоҳии миллӣ, балки заминасози тавсеаи сиёсиву иқтисодӣ,пешрафти илму дониш ва ташаккулдиҳандаи андешаву афкори солим дар ҷомеа аст.
Албатта, ин ҳама замоне муяссар ва имконпазир мегардад, ки аз як сӯ, мақомоти давлатӣ ба расонаҳои гуногун ва нақши воқеии онҳо аҳамият диҳад ва расонаҳои оммавиро на ба сифати «рақиб» ё баландгӯи
фаъолиятҳои мақомоти ҳукуматӣ, балки ҳамчун рукни муҳиме дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия - бипазирад. Аз сӯи дигар, роҳбарони рӯзномаҳо ва аҳли қалам низ бояд аз рисолати фарҳангӣ ва масъулияти худ дар иттилоърасонии дуруст, ривоҷ додани ҳамдигарфаҳмӣ, тақвияти ҳисси ҳамбастагии миллӣ ва ҳамзистии мусолиҳатомез огоҳ бошанд ва аз паст задани шаъни ашхос, дурӯғпардозӣ, овоза-паҳнкунӣ ва, аз ҳама бадтар, аз таблиғи хушунат парҳез намоянд.
Ин гуфтаҳо, дар навбати аввал, ба расонаҳои фарогир, аз ҷумлаи телевизиону радио ва рӯзномаҳои бонуфуз, ки мардум ба хабарҳо, гузоришҳо, таҳлилҳо ва паёмҳои онҳо итминон дорад, дахлдор аст. Таъсири онон дар сурати масъулият эҳсос намудани коргузоронашон метавонад судманду созанда бошад ва дар сурати бемасъулиятӣ зараровару харобкунанда мешавад.

Нақши расонаҳо дар шаклдиҳии фарҳанги иҷтимоӣ

Расонаҳо имрӯз – ҳамчун ҳомилон ва интиқолкунандагони паём метавонанд дар сохти фарҳанги ҷомеа бавуҷудоварандаи боварҳо ва афкори ҷамъиятии муассир бошанд. Онҳо бидуни ба назар гирифтани марзҳои ҷуғрофӣ, ақидаӣ ва фарҳангӣ имкони ҳузур дар ҳамаи нуқтаҳои ҷуғрофиро пайдо кардаанд.  Фарҳанги миллӣ як падидаи пурҳаракат ва бидуни оромиш аст. Ҳар ихтирову кашфиёту назарияпардозии нав, ки дар дунё дар ҳавзаҳои гуногун ба амал меоянд, таъсири онҳо ба фарҳанг мерасад.
internet.jpgМуҳимтарин таъсиргузороне, ки метавонанд дар шаклдиҳии фарҳанги миллӣ аз дигар омилҳо муваффақтар бошанд, расонаҳоянд. Албатта, ҳар расона вижагиҳои худро дорад ва вижагиҳои онро гурӯҳҳо, қишрҳо ва табақаҳои ҷомеа ва салиқаву завқу ниёзмандиҳои онҳо муайян мекунанд. Масалан,барои насли ҷавон муҳимтарин воситаи баровардани ниёзмандиҳо ба иттилоот, омӯзиш, таъмини иртиботбо дӯстон, фароғату бозӣ ва ғайра Интернет мебошад.
Барои насли аз миёна андаке боло ва насли калонсол муҳимтарин воситаи гирифтани иттилоот рӯзномаҳо мебошанд. Аммо телевизион воситаест, ки на танҳо барои ин ду гурӯҳ, балки барои ҳамаи афроди ҷомеа,новобаста аз синну солаш, муҳимтарин афзори пайвастан бо дунёи хориҷ аст.
Телевизион, ки – ҳамчун оммавитарин ва пуркорбурдтарин расона – бо арза доштани паёму ахбору иттилоот ва дигар барномаҳои омӯзишиву фароғатии ҷолиб одамони зиёдеро ба худ ҷалб мекунад, метавонад дар амри дучори дигаргунӣ кардани фарҳанги ҷомеа пурнуфузтарин ва муассиртарин омил бошад. Мо имрӯзҳо дар шароите воқеъ шудаем, ки фарҳанги ҷомеа, бидуни дар назар гирифтани марзҳои ҷуғрофӣ ва ақидаӣ – дучори тағйиру таҳаввул аст. Вале, мутаассифона, ин тағйиру таҳаввул наҳамчун такомули фарҳангӣ, балки бештар ба ҳайси коҳиши фарҳангӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Яъне тавассути телевизион ба ҷомеа он чизҳое пешкаш мешаванд, ки бо ниёзҳои фарҳангии мо хеле кам мувофиқат доранд. Имрӯзҳо ниёзҳои фарҳангии ҷомеаи мо ин ҳифзи асолат, ҳувият, забон, расму оин, садоқату вафодорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва риояи одобу ахлоқи миллӣ аст. Бино бар ин, агар мо хоҳем,ки ҳамаи ин ниёзҳо ба наҳви беҳтар бароварда шаванд, бояд расонаҳоро ба арсаи талошҳои миллӣ бо ҳадафҳои мушаххасу муайян табдил диҳем ва мувофиқ ба ин ҳадафҳо коршиносону мутахассисони баландихтисосу кордон ва боистеъдоду созандаро тарбия кунем.
telek_3.jpgБа ҳар ҳол телевизион – ҳамчун як расонаи бисёр муҳим ва яке аз воситаҳои таъсиргузор ба фарҳанги ҷомеа – вақте метавонад муассир бошад, ки ба паёмгирандагонаш, мувофиқ бо ниёзҳои онҳо, бо равишҳои дурусту мавриди қабул барномаҳо пешниҳод кунад. Аммо имрӯз телевизиони кишвари мо, ки бояд ниёзҳои паёмгирандагонашро хуб шиносад, ба таври мақбул масъалагузорӣ намояд ва роҳи ҳалли ин масъалаҳоро нишон диҳад, бо камбуди имкониятҳои бозёбиву баррасии ахбору паёмҳо ва ҳам камбуди коргузорони боистеъдоду навовар рӯ ба рӯ аст. Аз ин рӯ, роҳбарону масъулони телевизиони миллӣ бояд бо ниҳодҳои илмиву тахассусии кишвар, факултаҳои рӯзноманигории донишгоҳҳо ва дигар мактабҳои олии мамлакат робитаи зич дошта бошанд ва аз роҳи озмун барои ҳамаи идораҳои барномаҳо шахсони босалоҳият ва дорои диду назари тозаро интихоб намоянд.Танҳо дар ин сурат телевизион метавонад дар баланд бурдани сатҳи огоҳӣ ва такомули дониши сиёсӣ,ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми кишвар нақши созанда ифо намояд.

Расона ва нобудии фарҳангӣ

Дар ҷаҳони имрӯз суръати паҳн шудани паёму иттилоъ ҳатто аз ним қарн пеш садҳо маротиб бештар аст. Ҳам воситаҳо ва ҳам шеваҳои таблиғу ташвиқ тағйир кардаанд. Шояд гуфтани ин суханҳо каме муболиғаомез бошад, вале наметавон онро инкор кард, ки имрӯзҳо ба сабаби ин ки иттилооту паёмҳо дар бештармаврид пӯшидаву рамзӣ ҳастанд, ба равшанӣ наметавон аз ҳадафу ниятҳои паёмдиҳанда огоҳ шуд. Иштибоҳ нахоҳад шуд, агар гӯем, ки дар асри ҳозир тамомии одобу анъанаҳо ва эътиқоду боварҳои башарӣ дар маърази ҳуҷуми одобу рафторҳое ҳастанд, ки на решаҳои ахлоқӣ доранд ва на решаҳои инсонӣ. Ин расму одоб бо чунин роҳу равишҳои зиракона ба одамон расонида мешавад, ки ҳатто муҳофизакортарин ашхосро ба таври худноогоҳона ба бероҳиву каҷроҳӣ ҳидоят мекунад. «Муаллимон»-у «таблиғгарон»-и ин «ахлоқу рафторҳо» трестҳои бузурге мебошанд, ки омӯзаҳои худро на бо равиши маъмулии китобу дарсхонӣ ва ба ҳам омадани устодону шогирдон, балки бо роҳи пешниҳоди молу маҳсулот ва таблиғу ташвиқ ба тарзи зиндагии «шоиста» ба ҷомеаи башарӣ бор мекунанд.
Ин омӯзаҳо ба андозае таъсиргузор ҳастанд, ки агар дар гузашта оину анъанаҳо – баъд аз садҳо сол –бо аз насл ба насл гузаштану ҳифз кардан пойдор мешуданд, имрӯзҳо ҳамин оинҳо зери бори «арзишҳо»-и нав дар чашм ба ҳам задан нобуд мешаванд. Ва ин кор тавассути расонаҳо анҷом мегирад. Расонаҳо, албатта, дар шахси дастандаркорони расонаӣ, дар дунёи имрӯз, ба ҷои он ки фарҳанги ормониву инсониро ривоҷ диҳанд, ё дониста ва ё нохудогоҳона,даст ба эҷоди «фарҳангу одобе» мезананд, ки дар асл нобудкунандаи фарҳангҳои асилест, ки меҳвари дунёи кунунӣ мебошанд. Инсоният барои ин ҳам то имрӯз аз саҳнаи ҳастӣ несту нобуд нашудааст, ки аз сарчашмаи ҳаётбахши ахлоқу маънавиёти асили миллатҳову халқиятҳои ахлоқгаро шодоб аст.

Шеваҳои ҷазби паёмгирандагон

kitobhon.jpgШеваҳое, ки расонаҳо барои рушди фарҳанги тоза бармегузинанд, гуногун ва гоҳе аз латофати хосе бархӯрдоранд. Ҳамин латофати баён ва таблиғи меҳрубонона ҳаст, ки фикрҳоро ба осонӣ мутеъ месозанд. Фарҳангсозони ҷаҳони имрӯз содатарин ва дар айни ҳол мақбултарин роҳро барои ниҳодина кардани фарҳанги худашон бармегузинанд. Онҳо аввал ба суроғи касоне мераванд, ки аз таҳлилу андешаи мантиқӣ бархӯрдор нестанд ва одатан асири хоҳишҳо ва ҳаяҷонҳои зудгузари худ мебошанд. Инҳо, чун маъмул, наврасону ҷавонон ҳастанд. Ҷомеашиносон муътақиданд, ки наврасону ҷавонон хеле осон зери бори иғвову дасиса мераванд, таҳти таъсири тарғибу ташвиқ қарор мегиранд ва худашонро ба тафаккуру андеша водор намекунанд.
Барои фарҳангсозони имрӯз чандон муҳим нест,ки ин пайравони ояндаи фарҳанги онҳо дар кадом ҷомеа ва дар кадом кишвар зиндагӣ мекунанд, зеро барои ҳар иқлиму қаламрав ва ҳар нажоду қавме воситаҳои хоси худро дар даст доранд. Муҳим барои онҳо таблиғу ташвиқи муваффақомези арзишҳову боварҳои тиҳӣ ва бемояашон аст. Албатта, агарчи имрӯзҳо ҳадафи фишору ҳуҷуми фарҳангиашон кишварҳои ҷаҳони севвум ё, ба истилоҳ, рӯ ба инкишоф мебошанд,онҳо дар рӯъёҳояшон тамоми ҷаҳонро мебинанд, ки чун деҳаи кӯчаке дар дасташон қарор дорад. Расонаҳо муҳимтарин воситаи тағйиру дигаргунсозии фарҳангҳо ва ҳатто давлатҳо ҳастанд. Онҳо асотирҳо ва намодҳои наве месозанд, шахсиятҳоеропадид меоваранд, ки гурӯҳи азиме аз мардум, бавижа ҷавонон, бо фикри онҳо мехобанд ва ба ишқи онҳо бедор мешаванд. Асотирҳое, ки имрӯз расонаҳо месозанд, умуман ориву барӣ аз ахлоқу маниши инсонӣ ҳастанд. Ин асотирҳо бештар ҳаяҷоновар,рӯъёӣ ва бисёр ғайризаминӣ ҳастанд. Маҳз ҳамин хусусиятҳои афсонавии намодҳои офаридаи онҳо, аз қабили Гарри Потер, наврасон ва ҷавононро ба фикри зиндагии безаҳмату осон меафтонанд ва онҳоро аз ҳақиқати зиндагӣ, ки барои баровардани кӯчактарин ниёзҳои инсонӣ бояд заҳмат кашид, ғофил медоранд.

Гумгаштагии фарҳангӣ

Расонаҳо тавассути шахсиятҳои асотирии филмҳо, барномаҳо ва хусусан қаҳрамонҳои рекламаҳо гуфтор, кирдор ва ахлоқи ҷомеаҳои башариро таҳти таъсир қарор медиҳанд. Гоҳе тарзи гуфтору рафтори бархе аз одамон чунон шабоҳате ба шеваи рафтору гуфтори шахсиятҳои расонаӣ доранд, ки гӯё даҳсолаҳо ин ҷониб бо якдигар ошно будаанд ва, ба қавли Саъдӣ, камоли ҳамнишинҳо бар онҳо чунин асарро гузоштааст. Бисёриҳо, хусусан ҷавонон, мисли онҳо фикр мекунанд, ба тарзи либоспӯшӣ, ороиши мӯ, рафтору гуфтор ва ҳаракатҳои имовуишоратии онон ба таври таассубомез тақлид мекунанд ва ҳатто номҳои онҳоро бармегузинанд. Вақте ки ин ҳама тақлидҳо ҷойгузини одатҳои пешин мешаванд, дар зеҳну шуури ашхоси таҳти таъсир қароргирифта худ ба худ навъе фаромӯшиву гумгаштагии фарҳангӣ ба вуҷуд меояд ва ин вазъ заминаро барои ба зуҳурпайвастани насли нави дорои фарҳанги нави аз ҳар ҷиҳат ғайриахлоқӣ фароҳам мекунад.
Вақте насли нав ҳувият ва худшиносиашро аз даст медиҳад ва бидуни ҳеҷ гуна муқовимат дар хидмати ормонҳои фарҳанги нав қарор мегирад, он ҳама қаҳрамонҳову намодҳои асотирӣ аз сафҳаи расонаҳо ва пардаи намоиши филмҳо ба зиндагии воқеӣ, бо ворид шудан ба шууру тафаккури насли нав, кӯч мебанданд. Дар арсаи зиндагии иҷтимоӣ фарҳанги сунъие бо арзишу ахлоқҳои сунъӣ ҷойнишини фарҳангу одобу русуму арзишҳои асили миллӣ мегардад.

Расонаҳо барои даромад

Расонаҳо – телевизион, радио, рӯзнома ва Интернет – дар ҷаҳони имрӯз ба фарҳанг ҳамчун ба дастгоҳи даромадовар ва ё зиёндеҳ менигаранд. Фарҳанг дар зеҳну андешаи соҳибони расонаҳои қудратманд дигар он коркардҳои ахлоқиро ҳам надорад ва камоли матлубашон ин аст, ки тамоми инсоният бояд - ба ҷои он - фарҳанги сохтаашонро бипазирад.Ин гуна равиш умуман дар ҷаҳони Ғарб, ки хостгоҳи расонаҳои навин аст, имрӯзҳо комилан ҳоким шудааст ва акнун расонаҳо ҷомеаҳоеро нишон гирифтаанд, ки имкони харобу вайрон кардани фарҳанги онҳо осонтар аст. Аввалин коре, ки онҳо мекунанд, ин аст, ки салиқаҳову алоқаҳои рӯзмарраи мардумро шакл медиҳанд, яъне мардумро мафтуни чизҳое месозанд, ки дар ҷомеаи онҳо камтар вуҷуд дошта ва ё умуман вуҷуд надошта бошанд. Ин расонаҳо дар ҳақиқат сарбозони пиёдаи худро аз байни ҳаминмардуме, ки мехоҳанд онро мавриди ҳуҷум қарор диҳанд, интихоб мекунанд. Онҳо аввал чашмҳоро хира месозанд ва сипас роҳи тасхири ақлу хиради одамонро нишона мегиранд.Расонаҳо дар ибтидо молу колоро чунон шефтавор таблиғ мекунанд, то дар одамон тасаввуре ба вуҷуд оваранд, ки бидуни доштани ин колоҳо зиндагӣ воқеан барояшон муяссару мумкин намегардад. Бояд гуфт, ки гоҳе чунин ҳам ҳаст. Сипас, ин маводу маҳсулот ҳам аз роҳи расонаҳои тасвирӣ ва ҳам аз тариқи расонаҳои коғазӣ – бо олитарин равишҳои таблиғотӣ – вориди хонаҳо мешавад.
Чӣ гуна таблиғ кардан ва кадом тасвиру вожаро баргузидан имрӯзҳо худ ба як навъ фарҳанге табдил гаштааст. Вақте ки бо таблиғҳои фиребо молу маҳсулотро вориди зиндагии мардум мекунанд, ҳамроҳ бо ин молу маҳсулот фарҳанги хостгоҳашонро ба ҷомеаҳову сарзаминҳо мебаранд ва бо ин роҳ фарҳангҳои миллату халқҳои гуногунро тасхир менамоянд.
Бо ин васф расонаҳо метавонанд дар амал ҳимояткунандаи манфиатҳо ва фарҳангҳои қудратмандони иқтисодӣ бошанд. Вақте ки «сарбозони расонаҳо» бидуни ҳеҷ хунрезӣ вориди кишваре мешаванд, табиист, ки ба осонӣ метавонанд фарҳанги он кишварро ҳам бидуни хунрезӣ тасхир кунанд. Дар ҳақиқат расонаҳо бо намодсозӣ ва тимсолофаринӣ ҳадафи аслии худро пинҳон медоранд. Вале корҳоеро, ки дар хароб кардани намодҳо ва асотирҳои милливу маҳаллӣ Рэмбоҳову Гарри Поттерҳо анҷом медиҳанд, дигар намешавад бо Рустамҳову Суҳробҳо ва Зевсу Прометейҳо ислоҳ кард.

Ба идомаи мақола ва мақолоти дигари ин маҷмуъа аз ин ҷо ошно шавед.  (ПДФ)

барчасп: